logo

порлумон

ЯК СОЗИШНОМАИ МУҲИМ Ё ТАСВИБИ ҲУҶҶАТЕ, КИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИРО ТАКОН МЕБАХШАД

Давлатҳои аъзои Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тасмим гирифтаанд, ки бо таъсиси институт ва ё ниҳоди вижае ҳамкориҳои худро таҳким бахшанд.
Дар порлумони мамлакат бо мақсади тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи давлатҳои аъзо, баланд бардоштани неруи зеҳнии кормандони вазорату идораҳо ва дарёфти роҳҳои ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ба тасвиб расид.
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди  иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи созишнома иброз дошт, ки Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ 6 ноябри соли 2014 дар конфронси 13 – уми вазирони давлатҳои аъзои Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис дода шудааст. Дар барнома ҷумҳуриҳои исломии Афғонистону Покистон, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Хазинаи байналмилалии асъор  ва Барномаи рушди СММ шомиланд. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки  дар доираи ин барнома амалӣ шуда истодааст, аз тарафи ташкилотҳои мазкур ва давлатҳои  аъзо маблағгузорӣ мешавад. Сармоягузориҳо асосан ба самтҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, сиёсати савдо ва мусоидат ба савдо равона  шудааст.
Дар доираи ин барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз даҳ лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ шуда, 11 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зикр кард, ки вазифаҳои асосии институти мазкур аз баланд бардоштани савияи касбии мутахассисони давлатҳои аъзо дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахшҳои номбаршуда, дастрасӣ ба донишҳои замонавии инноватсионӣ, анҷом додани тадқиқотҳои муосир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, тақвияти иқтидори ҳамкориҳои минтақавӣ ва дастрасӣ ба таҷрибаи пешқадам дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад.
Идораи институт аз тарафи Шӯрои идоракунӣ, ки аз ҳисоби намояндагони давлатҳои аъзо дар асоси принсипи баробарӣ таъсис дода шудааст, амалӣ мешавад. Қароргоҳи он дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеъ аст.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2018    №: 41    Мутолиа карданд: 4641
08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед