logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 296; с. 2004, №7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, №10, мод. 797; с. 2012, №8, мод. 811; с. 2014, № 3, мод. 140; № 7, қ. 1, мод. 382; с. 2017, № 7 - 9, мод. 562) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонуни конститутсионӣ калимаҳои «ин Қонун», «ҳамин Қонун», «ин Қонунро», «Қонуни мазкур», «Қонуни мазкурро», «статуси», «Статуси», «Системаи», «системаи», «акт», «актҳое», «нозирони», «Нозирони», «нозирон», «нозири», «назорат», «назоратро» (ба истиснои қисми дувоздаҳуми моддаи 9, бандҳои 1) ва 7) қисми якуми моддаи 12 ва банди 1), қисми якуми моддаи 14, банди 1) моддаи 15, қисми чордаҳуми моддаи 39), «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадории», «ӯҳдадор» ва «мӯҳр» мувофиқан ба калимаҳои «Қонуни конститутсионии мазкур», «Қонуни конститутсионии мазкурро», «мақоми», «Мақоми»,  «Низоми», «низоми», «санад», «санадҳое», «мушоҳидони», «Мушоҳидони», «мушоҳидон», «мушоҳиди», «мушоҳида» ва «мушоҳидаро», «уҳдадоранд», «уҳдадории», «уҳдадор» ва «муҳр» иваз карда шаванд.
2. Қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шахсоне таъин ва интихоб мешаванд, ки ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур ҷавобгӯ бошанд.».
3. Дар моддаи 6:
- аз қисми якум калимаҳои «халқ ба» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи «маҳаллӣ» ба калимаҳои «маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 81:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳизбҳои сиёсие, ки номзадҳои худро ба вакилӣ пешбарӣ намудаанд ва номзадҳое, ки ба вакилӣ ба тарзи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд, бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот пешниҳод менамоянд. Мушоҳидони миллӣ дар рӯзи баргузории интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ рафти интихоботро мушоҳида менамоянд.»;  
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.»;
- ба сархати панҷуми қисми дуюм пас аз калимаи «мавҷудбуда,»   калимаҳои «аз ҷумла бюллетенҳои беэътибор,» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 82:
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ баъди аккредитатсияи онҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.»;
- дар қисми шашум калимаҳои «мустақилона ва» хориҷ ва калимаҳои «онҳо аз» ба калимаҳои «мушоҳидони байналмилалӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳое, ки ҷараёни интихоботро танзим менамоянд, дастрас кунанд;»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «робита дошта бошанд» ба калимаҳои «вохӯрии расмӣ намоянд» иваз карда шаванд;
- аз сархати сеюм калимаҳои «озодона» ва «ҳар» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати панҷуми қисми ҳаштум калимаи «фактҳое» ба калимаи «ҳолатҳое» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 9:
- дар қисми сеюм калимаҳои «комиссияи дахлдори интихобот» ба калимаҳои «Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«-давлатҳо, созмонҳо ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;»;
- дар сархати нуҳум калимаҳои «ва эҳсонкорӣ» ба калимаҳои «, ташкилотҳои эҳсонкорӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳаштум калимаҳои «комиссияи интихоботии дахлдор» ва «маълумот диҳанд» мувофиқан ба калимаҳои «Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «маълумот пешниҳод намоянд» иваз карда шаванд;
- ба қисми нуҳум пас аз калимаҳои «қатъ мегардад» калимаҳои «ва дар бораи маблағи харҷшуда ва боқимонда ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ хабар дода мешавад» илова карда шаванд.
7. Дар моддаи 10:
- сархатҳои қисми якум бо аломати дефис «-» ишора карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи «Конститутсия» ба калимаҳои  «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
8. Қисми чоруми моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонун танзим менамояд.».
9. Дар моддаи 12:
- дар банди 1) калимаи «саросари» ба калимаҳои «тамоми ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар банди 6) калимаҳои «номзадҳои вакилони халқ» ба калимаи «номзадҳо» иваз карда шаванд;
- ба банди 7) пеш аз калимаи «маблағро» калимаҳои «бо тартиби муқарраргардида» илова карда шаванд;
- дар банди 8) калимаи «шакли» ба калимаҳои «шакл ва матни» иваз карда шавад;
- банди 11) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11) тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатиро аз ҷониби номзад ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунад;»;
- дар банди 12) калимаи «намояндагони» ба калимаи «шахсони» иваз карда шавад;
- банди 16) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«16) интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориҷшуда таъин намуда, мегузаронад;»;
- дар банди 17) калимаҳои «амали» ва «муҳокима» мувофиқан ба калимаҳои «амалҳои (беамалии)» ва «баррасӣ» иваз карда шаванд;
- бандҳои 11), 12), 13), 14), 15), 16), 17), 18) ва 19) мувофиқан бандҳои 12), 13), 14), 15), 16), 17), 18), 19) ва 20) ҳисобида шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 13 калимаҳои «шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ (шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ)» ба калимаҳои «шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 14:
- дар матни модда калимаи «интихоботи» ба калимаҳои «интихобот оид ба интихоботи» иваз карда шавад;
- ба банди 4) пеш аз калимаи «маблағро» калимаҳои «бо тартиби муқарраргардида» илова карда шаванд;
- дар банди 9) калимаи «боэътимоди» ба калимаҳои «боэътимоду мушоҳидони миллии» иваз карда шавад;
- дар банди 10) калимаҳои «номзадҳои вакилони» ба калимаҳои «номзадҳо ба вакилии» иваз карда шаванд;
- аз банди 12) калимаҳои «, ба вакили интихобшудаи Маҷлиси намояндагон шаҳодатнома медиҳад» хориҷ карда шаванд.
12. Дар моддаи 15:
- банди 4) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4) дар иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иштирок мекунад;»;
- дар банди 5) калимаи «маҳаллӣ» ба калимаҳои «маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шавад;
- банди 6) хориҷ карда шуда, бандҳои 7), 8), 9) ва 10) мувофиқан бандҳои 6), 7), 8) ва 9) ҳисобида шаванд;
- аз банди 7) калимаҳои «, ба аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллӣ шаҳодатнома медиҳад» хориҷ карда шаванд.
13. Дар қисми якуми моддаи 16 пас аз калимаҳои «Комиссияи участкавии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон» ва «комиссияи участкавии интихобот» мувофиқан калимаҳои «бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «дар доираи шумораи муқарраршуда» илова карда шуда, калимаи «ҷонишини» ба калимаи «муовини» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 17:
- дар банди 2) калимаҳои «дида мебарояд» ба калимаҳои «баррасӣ менамояд» иваз карда шаванд;
- ба банди 3) пас аз калимаҳои «ҷои овоздиҳӣ» калимаҳои «бо хабарнома» илова карда шаванд;
- банди 6) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6) бюллетенҳои интихоботро дар асоси рӯйхати интихобкунандагони участкаи интихобот бо пешниҳоди шиноснома (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда медиҳад;»;
- бандҳои 6), 7) ва 8) мувофиқан бандҳои 7), 8) ва 9) ҳисобида шаванд.
15. Ба қисми чоруми моддаи 18 пас аз калимаҳои «шахсони боэътимоди номзадҳо» калимаҳои «, мушоҳидони миллӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма» илова карда шаванд.
16. Ҷумлаи дуюми қисми чоруми моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар ин сурат музди миёнаи меҳнат дар ҷои кори асосиаш нигоҳ дошта мешавад ё музди миёнаи меҳнати ӯ бо тартиби муқарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз ҳисоби маблағе, ки барои гузаронидани интихобот ҷудо карда мешавад, пардохт мегардад.».
17. Дар моддаи 21:
- аз қисми сеюм калимаи «мебошад» хориҷ ва пас аз калимаҳои «ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе» калимаҳои «ба ҳисоб мераванд» илова карда шаванд; 
- дар қисми панҷум калимаи «территориявии» ба калимаи «ҳудудии» иваз карда шавад;
- дар қисми ҳаштум калимаи «марзии» ба калимаи «ҳудудии» иваз карда шавад.
18. Дар қисми якуми моддаи 22 калимаҳои «ноҳия, шаҳр», «Сарҳади» ва «сарҳади» мувофиқан ба калимаҳои «шаҳр, ноҳия», «Ҳудуди» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд.
19. Ба қисмҳои якум ва ҳафтуми моддаи 23 пас аз калимаи «имзо» калимаҳои «ва муҳр» илова карда шаванд.
20. Ба қисми чоруми моддаи 25 пас аз калимаҳои «Комиссияи» ва «комиссияи» калимаи «участкавии» илова карда шавад.
21. Дар моддаи 26 калимаҳои «комиссияи ҳавзаи интихобот» ва «Комиссияи интихобот» мувофиқан ба калимаҳои «комиссияи ҳавзавии интихобот» ва «Комиссияи ҳавзавии интихобот» иваз карда шаванд. 
22. Дар моддаи 31:
- дар қисми якум калимаҳои «тамом мешавад» ба калимаҳои «ба охир мерасад» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои дуюм, сеюм ва панҷум калимаҳои «(конференцияи)» ва «(конференцияҳои)» мувофиқан ба калимаҳои «(конференсияи)» ва «(конференсияҳои)» иваз карда шаванд;
- ба қисми дувоздаҳум пас аз калимаи «метавонад» калимаҳои «дар давоми 10 рӯзи пас аз қабул гардидани қарор» илова карда шаванд;
- дар қисми чордаҳум калимаҳои «серия», «рақамҳои тартибӣ, фамилия, ном, насаб» мувофиқан ба калимаҳои «силсила», «рақами тартибӣ, насаб, ном ва номи падар» иваз карда шаванд.
23. Дар моддаи 321:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии дахлдори интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии мазкур, аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шуъбаҳои он ба миқдори 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад. Дар ин бора аз ҷониби бонки мазкур фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода мешавад.»;
- дар қисми сеюм калимаҳои «Конститутсия» ва «суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «суратҳисоби муваққатии махсуси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва шуъбаҳои он» иваз карда шаванд.
24. Дар моддаи 33:
- дар сархати якум калимаҳои «ҷавоб дода наметавонанд» ба калимаҳои «ҷавобгӯ нестанд» иваз карда шаванд;
- сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- шаҳрвандоне, ки забони давлатиро намедонанд;
- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 7 соли охир истиқомат доранд – барои номзад ба аъзои Маҷлиси миллӣ;
- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 5 соли охир истиқомат доранд – барои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон;»;
- аз сархати панҷум калимаҳои «ташкилотҳо ва» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаи «органҳои» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шавад.
25. Дар қисми чоруми моддаи 34 калимаи «компанияҳо» ба калимаи «, ширкатҳо» иваз карда шавад.
26. Дар моддаи 35:
- ба қисми якум бандҳои 4), 5,) 6) ва 7) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4) нусхаи шиносномаи (корти идентификатсионии) номзад;
5) нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олии номзадро тасдиқ мекунад;
6) маълумотнома аз ҷои истиқомат оид ба муҳлати истиқомати номзад дар ҳудуди ҷумҳурӣ;
7) хулосаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад;»;
- бандҳои 4), 5), 6), 7) ва 8) мувофиқан бандҳои 8), 9, 10, 11) ва 12) ҳисобида шаванд;
- дар қисми ёздаҳум калимаи «факти» ба калимаи «сабаби» иваз карда шавад.
27. Дар моддаи 36 калимаҳои «ҳар вақт пеш аз интихобот» ва рақами «7» мувофиқан ба калимаҳои «на камтар аз 10 рӯз то рӯзи интихобот» ва рақами «10» иваз карда шаванд. 
28. Дар моддаи 37:
- дар қисми якум калимаҳои «ҳуқуқи баробар» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шаванд;
- аз қисми сеюм пас аз калимаҳои «озод кардан» калимаҳои «мумкин нест» хориҷ карда шаванд.
- қисми панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Номзади ба қайд гирифташударо бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содир намудани ҷиноят.».
29. Дар моддаи 38:
- дар қисми сеюм калимаи «Аъзоёни» ба калимаи «Аъзои» иваз карда шуда, пас аз калимаи «хориҷӣ» калимаҳои «, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ» илова карда шаванд;
- ба сархати якуми қисми панҷум пас аз калимаи «ташвиқот» калимаи «баранд» илова карда шавад.
30. Дар моддаи 39:
- дар қисми якум калимаҳои «вақти гузаронидани интихобот» ба калимаҳои «давраи пеш аз интихобот»  иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои «Ташвиқот дар вақти гузаронидани интихобот» ба калимаҳои «Ташвиқоти пешазинтихоботӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми ҳафтум калимаи «аъзоёни» ба калимаи «аъзои» иваз карда шуда, пас аз калимаи «ҳарбӣ» калимаҳои «, мушоҳидони байналмилалӣ» илова карда шаванд;
- қисми ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ иштироки намояндагони давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд манъ аст.»;
- дар қисми нуҳум калимаҳои «бепул» ва «каналҳои» мувофиқан ба  калимаҳои «ройгон» ва «шабакаҳои» иваз карда шаванд;
- дар қисми даҳум калимаи «ҷамъиятии» ба калимаи «умум» иваз карда шавад;
- дар қисми сездаҳум калимаи «эфир» ба калимаҳои «эфири ройгон» иваз карда шавад;
- дар қисми понздаҳум калимаи «методҳои» ба калимаи «усулҳои» иваз карда шавад.
31. Дар моддаи 40:
- дар қисми якум калимаҳои «интихобот ба» ва «бе музд» мувофиқан ба калимаҳои «интихоботи вакилони» ва «ройгон» иваз карда шаванд;
- ба қисми дуюм пас аз калимаи «интихоботи» калимаи «аъзои» илова карда шавад.
32. Дар моддаи 41:
- дар қисми ҳаштум калимаҳои «комиссияи дахлдори» ба калимаҳои «комиссияҳои ҳавзавии» ва калимаҳои «комиссияи участкавии» ба калимаҳои «комиссияҳои участкавии» иваз карда шаванд;
- дар қисми даҳум калимаи «тайёр» ба калимаи «чоп» иваз карда шавад.
33. Дар моддаи 42:
- дар қисми якум рақамҳо ва калимаи «6 то 20» ба рақамҳо ва калимаи «6:00 то 20:00» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаи «худаш» ба калимаи «шахсан» иваз карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаи «аъзоёни» ба калимаи «аъзои» иваз карда шуда,  калимаҳои «сурғуч ё» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми ҳафтум пас аз калимаи «омма» калимаҳои «, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ» илова карда шаванд.
34. Ба моддаи 43 қисми ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҳамон номзад узви Маҷлиси миллӣ интихобшуда ҳисобида мешавад, агар ба тарафдории ӯ аз нисф зиёди вакилони интихобкунанда овоз дода бошанд.»;
35. Дар қисми якуми моддаи 44 калимаи «пешакӣ» ба калимаҳои «7 рӯз пеш аз рӯзи интихобот» иваз карда шавад.
36. Дар моддаи 45:
- ба номи модда пас аз калимаҳои «комиссияи участкавии интихобот» калимаҳои «ва комиссияи ҳавзавии интихобот» илова карда шаванд;
- ба қисми якум пас аз калимаҳои «оид ба интихоботи» калимаи «аъзои» илова карда шавад.
37. Дар моддаи 46:
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
 «Баъди гузаштани вақти овоздиҳӣ пеш аз кушодани қуттиҳои овоздиҳӣ аъзои комиссияи участкавии (ҳавзавии) интихобот дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод бюллетенҳои истифоданашударо шумурда, аз ҳисоб мебароранд. Аз ҳисоб баровардани бюллетенҳои истифоданашуда бо роҳи буридани тарафи рости қисми поёнии бюллетен сурат мегирад. Шумораи ин бюллетенҳо эълон мегардад ва ба протокол дар бораи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ дохил карда мешавад. Баъд раиси комиссияи участкавии интихобот дурустии муҳри қуттиҳои овоздиҳии сайёрро месанҷад ва ба аъзои комиссияи участкавии интихобот имкон медиҳад,  ки онҳо низ ба дуруст будани муҳр боварӣ ҳосил намоянд ва қуттии овоздиҳии сайёрро мекушояд.»;
- дар қисми чорум калимаи «аъзоёни» ба калимаи «аъзои» иваз карда шавад;
- аз қисми ҳафтум калимаҳои «монда шудааст» хориҷ карда шавад;
- дар қисми нуҳум пас аз калимаи «раис» калимаҳои «, муовини раис, котиб» илова карда шуда, калимаҳои «ва вақт имзо мегузоранд» ба калимаҳои «, вақт, имзо ва муҳр мегузоранд» иваз карда шаванд;
 - ба қисми ёздаҳум пас аз калимаи «имзо» калимаҳои «ва муҳр» илова карда шавад.
38. Аз қисми якуми моддаи 50 калимаи «интихоботии» хориҷ карда шавад.
39. Дар қисми якуми моддаи 53 калимаҳои «умумиҷумҳу-риявии интихобот» ба калимаи «умумиҷумҳуриявӣ» иваз карда шаванд.
40. Моддаи 55 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 55. Эълон кардани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон
Натиҷаи пешакии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад.
Натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз ду ҳафтаи баъди ба охир расидани интихобот бо рӯйхати аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар матбуот чоп карда мешавад.».
41. Қисми якуми моддаи 56 хориҷ карда шавад.  
42. Дар моддаи 57:
- дар номи модда калимаи «аъзоҳо» ба калимаи «аъзо»  иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаи «вакили» ба калимаи «вакилони» иваз карда шавад;
- дар қисми чорум пас аз калимаҳои «Агар» ва «ҷои» мувофиқан калимаҳои «ваколати» ва «аъзо ва» илова карда шуда, калимаҳои «ваколаташ қатъ» ба калимаи «қатъ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1508


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 феврали соли 2018, № 991 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018, № 504


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2018    №: 42-43    Мутолиа карданд: 342

22.10.2018


МАҲСУЛОТИ БЕҲТАРИН - муаррифии кишвар дар ҷаҳон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани тоҷикистониён кам шуд

Россия ва Ӯзбекистон ба маблағи $27 миллиард созишнома имзо карданд

Беш аз 2100 нафар қурбони заминларза дар Индонезия гашт

Конфронси Мюнхен оид ба амният бори нахуст дар Минск доир мегардад

Масири нави ҳавоӣ ҳафт шаҳри Туркияро бо Қирғизистон мепайвандад

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Тоҷикистон онро бо пирӯзӣ оғоз кард

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед