logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- мораторий ба санҷишҳо – муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси Қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- молу маҳсулот – натиҷаи ниҳоии фаъолияти субъектҳои соҳибкорие, ки талаботи истеҳсолӣ - истеъмолӣ ё шахсиро таъмин мекунанд;
- субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ – шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад;
- санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ – намуди фаъолияти мақомоти давлатии санҷишӣ оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ – мақоми давлатӣ оид ба сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки барои мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳо масъул мебошад;
- давраи мораторий ба санҷишҳо – муҳлате, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, манъ карда шудаанд;
- мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш – мақомоти давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколати гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мақоми машваратӣ ва доимоамалкунандаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» фаъолият менамояд.
Моддаи 4. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:
- гузаронидани мониторинги татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- пешбурди феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ.
Моддаи 5. Мутобиқати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки ҳисоботи оморӣ оид ба истеҳсолотро месупоранд, ба шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамояд.
2. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ рӯйхати пешниҳодшударо баррасӣ намуда, барои ворид намудани шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ қарор қабул мекунад.
3. Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на дертар аз 3 рӯзи қабули қарор ба феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда мешавад.
4. Шакли феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва тартиби пешбурди онро шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ менамояд.
Моддаи 6. Истисно аз татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ
1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур, дар ҳолатҳои зерин таъйин ва бо огоҳонидани шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешавад:
- санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз;
- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ  аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад;
- агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад;
- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳангоми қатъ кардани фаъолияти онҳо;
- тибқи талаботи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Санҷишҳое, ки тибқи қисми 1 моддаи мазкур гузаронида мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайд карда мешаванд.
Моддаи 7. Боздоштани амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур, вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ боздошта мешавад:
- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ».
2. Баъди анҷоми мораторий ба санҷишҳо фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо тибқи моддаи 6 Қонуни мазкур мавриди санҷиш қарор дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторий ба санҷишҳо манъ аст.
Моддаи 8. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста ба татбиқи мораторий ба санҷишҳо аз ҷониби шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 21 феврали соли 2018, № 1505

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 феврали соли 2018, № 994

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2018, № 507


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2018    №: 42-43    Мутолиа карданд: 813

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед