logo

иқтисод

СУҒД. ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ ҶУЗЪИ ТАРКИБИИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИСТ

Дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони вилоят баргузор шуд. То оғози мулоқот аҳли ҳамоиш бо номгӯйи зиёди маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои вилоят, ки дар саҳни миёнсаройи кох ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос шуданд.
Дар мулоқот зиёда аз 600 нафар соҳибкор аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, ки фаъолияти кории худро дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ ба роҳ монда, дар пешравии иқтисодиёт ва рушду ободии диёр саҳм мегузоранд, иштирок доштанд.
Бино ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти минтақавии вилоят ба 16,7 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиш ба 107,1 дарсад расонда шуд. Дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, ки дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 27,3 дарсадро ташкил медиҳад, нақши соҳибкорони вилоят басо назаррас аст. Маҳз бо талошу такопӯйи соҳибкорони маҳаллӣ соли гузашта дар қаламрави вилоят 84 корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси 1479 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки самти асосии фаъолияти онҳо тавлиди моли воридотивазкунанда мебошад.
Сарфи назар аз баъзе мушкиливу монеаҳо, соҳибкорони вилоят дар ворид кардани хатҳои истеҳсолӣ, технологияҳои нав ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавии ҷавобгӯй ба талаботи рӯз қадами ҷиддие ба пеш гузоштанд. Тибқи  маълумоти расмии мақомоти гумрукӣ, соли гузашта ба вилоят ба маблағи 65,7 миллион доллар таҷҳизоти гуногуни саноатӣ ворид гардид. Теъдоди коргоҳҳои тавлидотии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои инноватсионӣ рӯз то рӯз афзоиш меёбад.  Ба фаъолият оғоз бахшидани корхонаи «Суғд Пак» оид ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ аз ҷониби соҳибкор Миразиз Амаков, аввалин гармхонаи инноватсионӣ дар миқёси кишвар оид ба парвариши сабзавот бо истифода аз усули «гидропоника» дар заминаи ширкати «Элегант» бо сарварии соҳибкор Абдуаҳад Муъминов, корхонаи дорусозии ширкати «Фарм Суғд»  бо ибтикори соҳибкор Диловар Қувватзода дар шаҳри Бӯстон, истеҳсоли нави «Қолинҳои Қайроққум» дар шаҳри Гулистон, лӯлаҳои пластикӣ дар ҶДММ «Хуҷанд пласт», маҳсулоти мебелӣ дар ҶДММ «Арча»-и шаҳри Хуҷанд, нӯшокиҳои ташнагишикан дар ҶДММ «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан, коркард ва бандубасти меваи хушк дар «Баракат Исфара»-и шаҳри Исфара, ки дар заминаи навгонии технологии замони муосир бунёд ёфтаанд, ҳоло барои афзунгардонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротию воридотивазкунанда мусоидат мекунанд ва ба раванди диверсификатсияи тавлидоти саноатӣ заминаи боэътимод мегузоранд.
- Дастгирии соҳибкорӣ ва рушди он ҷузъи таркибии сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумат ва дар меҳвари таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода. - Ин амр, бешубҳа, дар мустаҳкам гаштани заминаи меъёриву ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши ҳиссаи соҳибкорӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд шудани нақши соҳибкорӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат мекунад.
Дар ҷараёни мулоқот соҳибкорон доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолият ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда, аз байн бардоштани монеаву муаммоҳо ва боз ҳам вусъат додани бахши соҳибкории вилоят фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои ҷолиб ироа доштанд.
Ҷовиди АШТӢ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 611
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед