logo

сиёсат

ШИНОХТИ ДИГАР БОЯД

Ҳамасола пас аз ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вакилони мардум, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва, махсусан, ВАО ба ташвиқу тарғиби он мепардозанд, ки иқдоми зарурист.


Гиромидошти субот ё андешаронии фаромарзӣ
Дар матлаи Паёми Пешвои муаззами тоҷикон ба таври мушаххас  ва ҳамчун роҳбари қавии сиёсӣ ва Сарвари як кишвари рӯ ба тараққии босубот бо ҷиддият ба ноамниҳо дар гӯшаҳои дунё ишорат карда, оқибатҳои фоҷиабори онро ҳушдор доданд. Ин танҳо огоҳӣ ва ё ҳушдор набуда, балки давоми мантиқии тасмимҳои Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти фаромарзии сайёраи мо, ба мисли мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ буда, аз мавқеи як мардум  ва давлати соҳибасолату соҳибсухан ва соҳибмавқеъ сухан гуфтани мо ва Президенти мо аст. Яъне, ин чунин маъно дорад. Мо бо сиёсати камназиру омӯзандаи Пешвоямон дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ шудем. Акнун метавонем маслиҳатгари соҳибтаҷрибаи кишварҳои бӯҳронӣ бошем.

Афзудани маош ва таъсири он ба ҳаёти мардум
Аксари кормандони соҳаи буҷетӣ аз ҳамасола афзудани ҳаҷми маош ва ироаи он дар Паём  шодмонӣ мекунанд. Эълони ба андозаҳои гуногун афзун гардидани маош ин танҳо як эълон ва ё зиёд кардани музди меҳнат набуда, қадам ба қадам, собит ва устуворона рушд кардани тамоми сохторҳои иқтисодиву истеҳсолӣ ва ба низоми муайян даровардани тартиботи маблағгузориву хазинадорӣ аст, ки чунин шароитро фароҳам кардааст. Агар ин тасмими Президенти мардумии мо ҳамасола аз ғамхориҳояшон нисбат ба мардум дарак диҳад, аз тарафи дигар, моро огоҳ мекунанд, ки то кадом ҳад мо рушд кардан дорем, ба кадом самт раҳсипорем ва қадами минбаъдаи мо кадом хоҳад буд. Ва мо, кормандони соҳаи буҷетиро зарур аст, ки дар самтҳои дар Паём ишоранамудаи Пешвои миллат пешгом бошем.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Дар ин самт чӣ гуна бардошт ва ё шинохте бояд дошта бошем? Сараввал бояд дарк кард, ки солҳои 2017, яъне Соли ҷавонон ва 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ давоми мантиқии якдигаранд. Бояд бардошти мо ин омодасозии мардум ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо, яъне дарки муроди Пешвои миллат- рушди сайёҳии дохилӣ бояд бошад. 
Дар ин росто ҳар як сокини соҳибақли кишварро мебояд, ки андешаи соҳибкориро дар мағзи худ парвариш бидиҳад ва моро зарур аст, ки  на танҳо дар чорчӯби намоишҳои ҳунарҳои аҷдодии фаъолу фаромӯшшуда маҳдуд гардем, балки аз мавқеи эҷодкориву созандагӣ баромад намоем, намунаҳои тоза ба тозаи ҳунарҳоро эҷод намоем ва дороиҳои фарҳангии бамеросдоштаро сайқалу ҷилои тоза бидиҳем.

Маорифпарвар
Дар ин замина, агар боз ҳам ба ҳамон таърихи начандон дури 70 соли зери зимоми шӯравӣ назар андозем, боз хоҳем дид, ки маорифи Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ зери сарварии Президенти маорифпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд маротиб аз он 70 сол бештару босуръаттар рушд намудааст. Имрӯз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаи маорифи Тоҷикистонро дар арсаи минтақа бориз шинохтаанд, маблағгузорӣ ба ин соҳа сол ба сол афзоиш ёфта, сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимии муосир суръату самти тозаро дорост. Чун соҳаи маориф бо дастгирӣ ва роҳбаладии бевоситаи ин абармард сурат гирифта истодааст, Эмомалӣ Раҳмонро метавон асосгузори ҷараёни маорифпарварии Тоҷикистони навин эътироф кард.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шинохтҳои зиёд дар худ дорад ва чун ин мардум маорифпарвару закӣ аст, бовар дорем, ки баҳри рушди Ватан ва ободии он аз ин ва дигар шинохту бардоштҳое, ки мо ин ҷо дарҷ накардаем, фаровон истифода хоҳанд бурд.

Абубакри ФАЙЗАЛИЗОДА,
директори МТМУ № 6, шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 475
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед