logo

Хабарҳо

Томас Бах: "Олимпиадаи Пхёнчхан олимпиадаи имкониятҳои нав гардид"

25 феврал дар Пхёнчхан маросими пӯшидашавии Бозиҳои зимистонаи олимпии 2018 баргузор гашт.
Дар ин Олимпиада аз рӯи 15 низоми бозӣ 102 бастаи ҷоизаҳо тақдим гардид. Дар маҷмӯъ дар ба даст овардани онҳо аз 92 кишвар 2925 варзишгар зӯрозмоӣ намуд. Дар ҳисоби ҷамъи медалҳо дастаи Норвегия бо касби 39 медал (14 тилло, 14 нуқра ва 11 биринҷӣ) ба гирифтани мақоми аввал мушарраф гашт ва ин дар таърихи Бозиҳои олимпии зимистона натиҷаи рекордӣ маҳсуб мегардад. Дар ҷойи дувум Олмон ва сеюм Канада қарор гирифтанд.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах Бозиҳои зимистонаи олимпии Пхёнчханро ҷамъбаст намуда, иброз дошт: «Дар ин Олимпиада мо аз технологияҳои рақамӣ истифода бурдем, ки ба шарофати онҳо миллионҳо нафар дар тамоми рӯи дунё имкони тамошои ҳунарнамоии беҳтарин варзишгарони намудҳои зимистонаро мушарраф гаштанд. Метавон гуфт, ки Олимпиадаи Пхёнчхан, Олимпиадаи имкониятҳои нав гардид. Мо минбаъд ҳам  омодаем дар ин самт ба ташаббускорони нав дасти хешро дароз намоем».
Сипас, Томас Бах ба ҳама барои ширкаташон ва бавижа ба Президенти Ҷумҳурии Корея ҷиҳати бомуваффақият баргузор намудани Олимпиада ва ба тамоми мардуми ин кишвар изҳори сипос кард. Инчунин, ба варзишгарони Корея ва ҶДХК, ки зери як парчам дар маросими кушодашавии бозиҳо гузаштанд, муроҷиат намуд.
«Варзишгарони арҷманди Корея ва Ҷумҳурии Демократии Халқии Корея шумо  эътимоди устувори дар оянда барқарор намудани сулҳро намоиш додед ва он ҳамаи моро тасхир кард. Ин намунаи муассиру фавқулодаест, ки варзиш одамонро дар қарни мо ба ҳам наздик мекунад.
Дар фарҷом ба таври тантанавӣ парчами Бозиҳои олимпиро мири шаҳри Пхёнчхан ба мири шаҳри Пекин супурд, ки Олимпиадаи оянда соли 2022  дар он ҷо баргузор мегардад.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 362

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед