logo

ҳуқуқ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ. БАРДОШТ АЗ ЯК СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

Имрӯз мардум ба суд ҳамчун мақоми ҳимояткунандаи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон муроҷиат мекунанд. Ҷавобан ба ин боварӣ судҳои иқтисодӣ бояд ҳангоми баррасии парвандаҳо ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус диҳанд ва тибқи қонунҳои амалкунанда барои пешгирии онҳо ҳама вақт саъю талош варзанд.

Таҳлили фаъолияти яксолаи судҳои иқтисодии мамлакат нишон дод, ки дар баробари пешравиҳо ҳанӯз ҳам баъзе камбудиҳо мавҷуданд, ки барои бартараф намудани онҳо иқдомҳои тоза рӯи даст гирифта шуданд. Аз ҷумла, вобаста ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017 ҷиҳати такмили меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, айни замон мавриди амал қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, лоиҳаи дигар вобаста ба такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекси мазкур омода шудааст.
Масъалаи дигари муҳим ин аст, ки мутобиқи қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ бояд баррасии парвандаҳои иқтисодӣ дар толори маҷлиси судӣ баргузор гардад. Вале то аввали соли 2017 дар судҳои иқтисодӣ ташкили толорҳои судӣ ҳалли худро наёфта, маҷлисҳои судӣ дар утоқҳои корӣ баргузор мегардиданд, ки таъмини ошкоро будани ҷараёни муҳокимаи судӣ ва шаффофияти амалигардонии адолати судиро зери суол мебурданд. Айни ҳол, ин мушкилӣ то андозае ҳалли худро ёфт. Мо имкон пайдо намудем, ки дар ҳамкорӣ бо шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки дар бинои Суди Олии иқтисодӣ маскан гирифтаанд, аз ҳисоби ҳуҷраҳои кории ба онҳо вобастабуда ду утоқи кориро аз таъмир бароварда, толори маҷлиси судӣ ташкил намоем. Бо мақсади таъмини шаффоф будани фаъолият дар толори маҷлиси судӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуд. Ғайр аз ин, дар Суди Олии иқтисодӣ як толори маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст ва 15 ҳуҷраи корӣ таъмир ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Чунин толорҳои судӣ дар судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон низ ташкил карда шуданд.
Дар фаъолияти амалӣ низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Сабабҳои бекоршавии қарорҳои судиро таҳлил карда, дар Суди Олии иқтисодӣ  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият ва донишу малакаи корӣ 3 нафар судяи зиёда аз се санади судиашон бекоршуда ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, бобати таҳия ва қабули санадҳои қонуниву асосноки судӣ, ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тартиби баҳои ҳуқуқӣ додан ба далелҳои парванда ва дигар самтҳои пешбурди адолати судӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Фаъолияти судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои сари вақт баррасӣ кардани парвандаҳо таҳлил гардида, барои бартараф намудан ва минбаъд роҳ надодан ба камбудиҳо, ба онҳо ёрии амалӣ расонда шуд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ ин сари вақт баррасӣ ва ҳаллу фасл намудани арзу шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Аз шумораи умумии арзу шикоятҳои воридшуда 20 адад оид ба ҳаракатҳои судяҳо, 1 адад оид ба сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, 59 адад ҷиҳати норозӣ будан бо санадҳои судӣ, 21 адад оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ ва 129 арзу шикояти дигар гуногунмазмун буда, ба самтҳои мухталифи фаъолияти судӣ дахл доранд. Арзу шикоятҳо аз ҷониби судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба муаллифонашон ҷавобҳои мушаххас ирсол карда мешаванд.
Соли 2017 ба судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 3166 ариза ва дигар маводҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ворид гардида, 2081 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Шумораи умумии парвандаҳои моҳиятан баррасишуда нисбат ба соли 2016 ҷамъ 238 адад зиёд шудаанд.
Соли сипаришуда судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба ташкил ва гузарондани мурофиаҳои сайёри судӣ аҳамияти хосса дода, бо истифодаи минбари мурофиаҳои судӣ барои ташвиқу тарғиботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда, 180 маротиба мурофиаҳои сайёри судӣ гузарондаанд. Бо мақсади ҷалби диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароите, ки ба содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат кардаанд, аз рӯи  парвандаҳои иқтисодӣ 68 таъйиноти хусусӣ бароварда шудааст.
Ҷамъбаст ва таҳлили фаъолияти судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли сипаришуда нишон медиҳад, ки дар фаъолияти онҳо, дар баробари дастовардҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Чунончи баъзе судяҳо сари вақт ва дар муҳлатҳои муқарраршуда парвандаҳои судиро баррасӣ намекунанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки муҳлати баррасии 19 парванда риоя нашудааст. Бидуни сабабҳои узрнок онҳо ба кашолкорӣ роҳ додаанд. Ҳастанд ҳолатҳое, ки ба шахсони иштироккунандаи парванда қарорҳои судӣ дар муҳлати муқарраршуда супурда нашудаанд. Таҷрибаи ягонаи ҳалли баҳсҳо, бахусус марбут ба баҳсҳои замин, муносибатҳои қарзӣ, андоз ва дигарҳо омӯзишу таҳлил ва ҷамъбастро тақозо менамояд.
Судҳои иқтисодӣ вазифаю супоришҳое, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ҳамаҷониба татбиқ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо тамоми тадбирҳоро меандешанд. Баҳри амалӣ кардани  адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, таъмини мустақилияти судяҳо фаъолияти худро тақвият мебахшанд.
Мавлуда ҚАЛАНДАРЗОДА,
раиси Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 518
12.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 39 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ВИДЕОКОНФРОНСИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ + ЯПОНИЯ”

ВОХӮРИИ МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА БО МУҲАММАД ЗОҲИР АҒБАР

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФОСИЛАВИИ «ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ»

ЛИГАИ АВРУПО. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМНИҲОӢ МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед