logo

иқтисод

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА КАРТОШКАПАРВАРӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар баробари  масъалаҳои дигар ба тавсеаи майдони кишти картошка  ва баланд бардоштани ҳосилнокии он  ба масъулон супоришҳои мушаххас  доданд. Дар доираи ин дастури Сарвари давлат роҳбарияти ноҳия иқдом пеш гирифтааст, ки тавассути барқарорсозии шабакаю хатҳои обёрӣ ва дар заминаи он ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав майдони кишти картошкаро аз 2343 гектари соли сипаришуда имсол ба 3000 гектар расонад.

Рафъи мушкили обёрии заминҳои ташналаб барои вусъат бахшидани  кишти картошка аз масъалаҳои ҳалталаб ба шумор меравад ва айни ҳол  яке аз самтҳои муҳими  фаъолияти  мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия, бавижа масъулони бахшҳои идораи замин ва кишоварзӣ,  қарор дорад.   Баҳри  шодоб сохтани заминҳои доманфароху ҳосилхези диёр, ба монанди водиҳои  Қум, Мук,  Қунтой, Чоргул, Сартоло,  Сугат ва Лахш, ки  бо сабаби фарсудагии шабакаҳои обёрию иншооти дигар  давоми солҳои охир самаранок истифода  намегарданд, тадбирҳои махсус роҳандозӣ  шудаанд.
Файзулло Баротзода, раиси ноҳия, зимни суҳбат гуфт, ки ҷиҳати ҳар чи зудтар ба анҷом расондани таъмири шабакаю  хатҳои об ва дар сатҳи баланд гузарондани кишти мавсими баҳорӣ имрӯзҳо аз ҳисоби кормандони кумитаи идораи замин, бахшҳои кишоварзию беҳдошти замин ва обёрӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил ёфта, барои  кор дар саҳро сафарбар гардидаанд.
 Мақсуд Асоев, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, изҳор дошт, ки  тайи солҳои охир як қисми иншооти обёрӣ,  хусусан дар минтақаҳои картошкапарварӣ, фарсуда ва қисми дигар бо сабаби фаромадани тармаю сел аз қуму шағал пур шуданд. Ин ҳолат боиси норасоии оби полизӣ дар ноҳия гардида буд. Тайи як сол барои бартарафсозии ин мушкилӣ  корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд. Қариб 10 километри канали шабакаи обёрии «Пиёзӣ», ки баҳори соли гузашта бо сабаби фаромадани тарма хароб гардида буд, бо сарварии  бевоситаи роҳбари ноҳия  аз қуму шағал тоза ва қисматҳои дигари фарсудаи  иншооти обёрӣ навсозӣ, инчунин, шабакаҳои  обёрии  «Ҷонқирғиз» ба масофаи 13 километр ва «Гулама»  10 километр  таъмир ва тоза  карда шуданд.  Агар кори барқарорсозии он  сари вақт сурат намегирифт, ҳазорҳо гектар замини картошка беоб мемонд. Имсол  барои аз сангу шағал тоза намудан ва васеътар сохтани канали  бузургтарини минтақа - «Ғулама», ки 36 километр дарозӣ дорад, корҳо оғоз гардидаанд.  Ба воситаи ин шабака қариб 3 ҳазор гектар замини кишт бо оби полизӣ таъмин мегардад.  
Ба иттилои Олим Муродов, раиси кумитаи идораи замини ноҳия, соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои  сармоягузорони ватанӣ 50 гектар замини бекорхобида дар минтақаи Сартолои ноҳия  обёрӣ  шуда, дар 12 гектари он картошка кишт гардид. Имсол низ  барои обёрии заминҳои нав бо ҷалби сармоя- гузорон  чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд. Барои ҷалби сармоягузорон дар ҷодаи барқарор намудани қисматҳои фарсудаи шабакаю  хатҳои обёрӣ ва ба ин васила ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида аз ҷониби раиси ноҳия  масъулони бахшҳои иқтисод вазифадор  гардиданд. Тавассути  шодоб намудани майдонҳои доманфарохи ташналаб, пеш аз ҳама, мо мехоҳем  барои парвариши картошкаи навъи маҳаллӣ заминҳои нав кушоем ва бо  ин роҳ истеҳсоли онро  дар ноҳия афзоиш диҳем.
Навсозии шабакаҳои обёрӣ   дар самти  рушди соҳаи кишоварзии ноҳия иқдомест, ки  мушкилоти чандинсолаи деҳқонони водиро  аз ҷиҳати норасоии оби полизӣ рафъ месозад. Заминҳои доманфарохи дашту домани диёр, ки бо иллати харобии иншооти обрасон солҳои тӯлонӣ бекор хобидаанд, шодоб мегарданд. Дар ин ҷода соҳибкорони муваффақи кишвар ва ташкилотҳои маҳаллиро зарур аст, ки аз иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти ноҳия ҷонибдорӣ намуда, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои  бекорхобидаи водии Лахш  шабакаҳои  нави обёрӣ бунёд намоянд. Ин иқдом ба манфиати худи соҳибкорон  ва ҳам мардум хоҳад буд. Ҷойи таассуф аст, ки дар атрофи   дарёҳои хурӯшон  ҳазорҳо гектар замини ҳосилхез аз беобӣ то ҳанӯз бекор мехобанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 595
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед