logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар таъриху фарҳанги мо,  тоҷикон, зан-модар ҷойгоҳи хоссе дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, бахусус маорифу тандурустӣ, илму сиёсат занон нақши созгоре дошта, дар пешрафти ҷумҳурӣ саҳми арзандае мегузоранд. Дар ин раванд кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг, аз оғоз хеле фаъол буданд. Яке аз аввалин муаллимаи тоҷик Баҳринисо Тоҳирова мебошад.

Ӯ соли 1924 ба сифати омӯзгор ба Дорулмуаллимини тоҷик, ки дар шаҳри Тошканд қарор дошт, ба кор омад. Дар он солҳо шумораи занон-омӯзгорон аз ҳисоби тоҷикон қариб вуҷуд надоштанд ва Дорулмуаллимин нахустин донишкадае буд, ки  аз ҳисоби тоҷикон  кадрҳои омӯзгорӣ тайёр мекард. Баҳринисои ҷавон тамоми неруи худро баҳри ҷалби ҷавонону духтарон ба таҳсил ва тайёр намудани омӯзгорони касбӣ аз ҳисоби тоҷикон, равона намуд. Дар ин самт пайваста дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Правда Востока” мақолаҳо  нашр намуда, дар маҷлису ҷамъомадҳо суханрониҳо мекард.
Чунончи,  рӯзномаи  “Овози тоҷик” соли 1928 хабар дода буд, ки  “дар шаҳри Тошканд мактаби занона ва курсҳои маҳви бесаводӣ кушода шуд. Ба он тоҷикзан  Баҳринисо ном муаллима роҳбарӣ мекунад. Ба туфайли меҳнати пурмаҳсули ӯ шумораи хонандагон – занону духтарон рӯз ба рӯз афзуда истодаанд”.
Соли 1933 ӯро ба Сталинобод (Душанбе) даъват мекунанд.  Дар вазифаҳои  корманди қатории нозироти маориф, ҷонишини нозири маориф, директори омӯзишгоҳи занонаи шаҳри Сталинобод, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Сталинобод фаъолият менамояд..
Саҳми Баҳринисо Тоҳирова дар ташкилу мустаҳкам кардани низоми маориф, таъсиси омӯзишгоҳҳо,  даъвати омӯзгорон аз дигар ҷумҳуриҳо, таълифи нахустин китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ, инчунин, дар тараққиву ободонии шаҳри Душанбе калон аст.
Ҳаёт, фаъолият ва роҳи дар зиндагӣ тайкардаи Баҳринисо Тоҳирова  ин хизмат ба халқ, ба Ватан - Тоҷикистони азизаш буд. Хизматҳои Баҳринисо Тоҳирова дар саҳифаи таърихи миллат чун нишонаи садоқат ва ҷасорат боқӣ хоҳад монд.
Бахтовар ТЕМИРЗОДА,
 корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 49    Мутолиа карданд: 519

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед