logo

сиёсат

САҲФАИ НАВРО БОЗ МЕКУНЕМ

«Мо дар татбиқи сиёсати хориҷӣ минбаъд мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайнро бо тамоми давлатҳо, пеш аз ҳама, бо кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин, идораҳои байналхалқӣ, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобем». Ин сатрҳо дар барномаи пешазинтихоботии Шавкат Мирзиёев таъкид гардида, тавассути расонаҳои хабарии Ӯзбекистон нашр шуданд. Баъди расонаӣ гардидани таъкиди мазкур, бовар кардан мушкил буд, ки онҳо ба  зудӣ дар самти муҳими давлатдорӣ амалӣ мешаванд ва дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меоянд.
Воқеан, аз нахустин рӯзҳои давраи ислоҳот, ба сармояи муҳимтарини замонати сулҳу субот ва мусолиҳа – мардуми сермиллати он такя зада шуд. Дар ин раванд на фақат тағйироти сохторӣ рӯйи кор омад, балки дар шууру тинати одамон таҳаввулоте ба вуқӯъ пайваст, ки аз вазидани насими тозаву бархӯрди самимӣ ба қазия мужда мерасонд.
Ҳеҷ имкон надошт, ки ин насим ҷону рӯҳи тоҷикони муқими ҷумҳуриро нанавозад. Ҳоло ному забон ва фарҳангу адабиёт ва дигар арзишҳои миллату қавмҳои мамлакат на фақат дар доираҳои расмӣ  ба забон гирифта мешаванд, балки дар фазои расонаҳои хабарӣ дар бобати онҳо маводи зиёд интишор мегарданд. Дар шабакаҳои телевизиониву радиоии давлативу хусусӣ ҳаҷму вақти чунин барномаҳо афзуда, ҳатто ба ин забонҳо бидуни тарҷума пахш мегарданд.
Яке аз ҳафт забоне, ки бо онҳо табъу нашр ва таълим ба роҳ гузошта шудаанд, тоҷикӣ мебошад. Дар ҳоле ки дар донишгоҳҳои давлатии Самарқанд ва Тирмиз гурӯҳҳои тоҷикӣ амал мекунанд, аз соли хониши ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Фарғона гурӯҳи тоҷикӣ таъсис гардид, ки дар он 15 нафар аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ меомӯзад. Бо назардошти он ки дар соли хониши ҷорӣ дар вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё чанд синфи тоҷикӣ дубора фаъол шуд, теъдоди умумии мактабҳое, ки таълимашон пурра ба забони тоҷикӣ аст ё синфҳои тоҷикӣ доранд, аз 250 - то зиёд гардид.
Ҳамзамон, кори марказҳои фарҳангӣ низ ҷоннок мегардад, зеро Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии Девони вазирон, ки дар заминаи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва Маркази фарҳангии байналмилалӣ тоза таъсис ёфт, аз марказҳои миллӣ - маданӣ тақозо менамояд, ки дар иҷрои рисолату вазифаи худ фаъол ва дар пайи пиёда намудани ҳадафу арзишҳои миллиашон собитқадам бошанд. Вобаста ба ин иқдом марказҳои миллӣ - фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ, вилоятҳои Бухоро, Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё, Ҷиззах, Намангон, Фарғона ва шаҳрҳои Тошканду Чирчиқ ташаббускоранд. Дар ин раванд, дар пойтахт ва вилоятҳо аллакай чанд маҳфил ва нишасту ҳамоишҳои адабиву фарҳангӣ рӯйи кор омаданд, ки минбаъд теъдод ва муҳтавои онҳо зиёд ва таъсирбахш хоҳанд шуд.
Ҷашни 140 - умин солгарди устод Айнӣ аз муҳимтарин рӯйдоди фарҳангии баҳори соли ҷорӣ хоҳад гардид. Ба ин муносибат, дар Хона-музейи устод дар шаҳри Самарқанд тараддуди таъмир оғоз ёфтааст. Ҳамчунин, бозсозии Хона-музейи устод дар зодгоҳаш – Соктареи Ғиждувон низ рӯйи кор хоҳад омад.
Муҷассамаҳои паҳлуи ҳам, ки бовиқор дар маркази шаҳри Самарқанд ҳамеша чун симоҳои бунёдгузори дӯстии ду адабиёту фарҳанг қад афрохта буданд, баъд аз чанд соли нопадидӣ аз нав гузошта мешаванд. Тибқи нақша пайкараҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар пайвандгоҳи кӯчаи ба номи Ҷомӣ ва боғи ба номи Навоӣ ҷой мегиранд ва рамзист, ки як гӯшаи хиёбон ба маҳали ҷойгузини нимтанаи устод Рӯдакӣ мечаспад.
Дар ибтидои садаи ҷорӣ аз ҷумлаи ҷавонони Ӯзбекистон беш аз яку ним ҳазор нафар дар риштаҳои гуногуни мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил менамуданд. Миёни макотиби олӣ дар бобати табдили донишҷӯён қарордод вуҷуд дошт.
Баргузории Рӯзҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, ки дар тӯли бештар аз бист сол бори аввал ба вуқӯъ пайвастанд, дар партави вазъияте, ки солҳои зиёд ҳукмронӣ мекард, бидуни муболиға чун падидаҳои таърихӣ ба назар мерасанд.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
муовини сармуҳаррири
«Овози тоҷик», муовини раиси Маркази миллӣ - фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 49    Мутолиа карданд: 296

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед