logo

фарҳанг

АФКОРИ ИҶТИМОИРО БИДУНИ ПУБЛИТСИСТИКА НАМЕТАВОН СОЛИМ КАРД

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ корҳои бунёдкориву созандагӣ ранги дигар гирифт, балки ин тадбир ба маслаки асосии давлату Ҳукумат табдил ёфт. Ин раванд аз дарёфти сулҳ, ваҳдати миллӣ, бунёди роҳҳо, кандани нақбҳо шурӯъ гардида, бо сохтмони бинои муассисаҳои мактабӣ, маишӣ, фарҳангӣ, истиқоматӣ, иншооти бузург ва ғайра идома меёбад. Албатта, ин ва амсоли ин рӯйдодҳо диққати рӯзноманигорону публитсистони зиёдеро ҷалб намуда, ки ҳосили он дар шакли асарҳои гуногун: лавҳаву очерк, эссеву қисса дар матбуоти даврӣ ва китобҳои алоҳида интишор гардидаву хоҳад гардид.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ яке аз самтҳои раванди бунёдкорӣ, ки тӯли ду даҳолаи аввали истиқлолият дар диёрамон ба вуқӯъ омад, бунёди роҳҳо ва кандани нақбҳо буд. Ин мавзӯъ дар шакли асарҳои алоҳида ва очерку мақолаҳои проблемавӣ дар матбуоти даврӣ ба табъ расид. Дар ин бобат ба ҳайси намуна, аз қиссаи ҳуҷҷатии адиб ва публитсисти маъруф Бахтиёр Муртазоев «Нақби Истиқлол» ва Шералӣ Мӯсо «Мардистон» метавон ёдрас шуд. Асари Б. Муртазоев «Нақби Истиқлол» дар публитсистикаи замони истиқлол аз нахустин асари калонҳаҷмест, ки дар мавзӯи бунёди иншооти азими аср - сохтмони нақби Анзоб эҷод гардидааст. Доир ба ин асар дар матбуоти даврӣ тақризҳои зиёд интишор шуд ва аксари муаллифон онро аз беҳтарин асари публитсистӣ маҳсуб донистанд.
«Мардистон» -и Ш. Мӯсо як навъ идомаи ин силсила буда, низ мавзӯи сохтмон, аниқтараш нақбканиро дар бар мегирад. Муаллиф бо ҷушӯ хурӯши эҳсоси ватандӯстӣ аз раванди ободкориҳои кишвар дар самти сохтмони роҳҳо ва нақбҳо нақл намуда, заҳмату талошҳои сохтмончиёни нақбҳои Шаҳристону Чормағзакро муфассал ба риштаи тасвир мекашад, меҳнату заҳмат, талошу набард, мушкилоту муваффақият ва маишату фароғати сохтмончиёни ин нақбҳоро бо истифода аз аносири воқеиву бадеӣ нишон медиҳад.
Ҳамин гуна асарҳои публитсистӣ доир ба раванди бунёди Неругоҳи барқи обии Роғун низ эҷод шуда истодааст.
Ағлаби лавҳаву очеркгунаҳо намои портретӣ дошта, дар онҳо лаҳзаҳои ҷудогонаи зиндагии фарзандони фарзонаи диёр, маҳорати кордониву масъулияти вазифашиносии эшон, кӯшишу талошҳо баҳри ободии диёр ва амсоли ин инъикосу тасвир гардидааст. Муаллифони матолиб қаҳрамонони нигоштаҳояшонро хуб медонанд, замоне бо онҳо ҳамнишин будаанд, кору пайкорашонро мушоҳида кардаанд, аз суҳбаташон баҳра гирифтаанд, аз феълу атворашон огаҳӣ доранд, ба маҳорату ҳунари роҳбарӣ, кордонӣ ва масъулиятшиносиашон қоиланд. Баъзан ба гуфтаҳои дигарон низ такя мекунанд, муносибати ҳамкорон, ҳамкасбон ва дӯстонро далел меоранд ва ба ин минвол чеҳраи воқеии онҳоро нишон медиҳанд. Ба ин мазмун метавон гуфт, ки матбуоти даврии мо дар болобурди қадри инсони кор иқдоми некеро думболагирӣ менамояд, ки шоистаи пайравӣ аст. Бахусус, интишори очерку ёддошт ва эссеву хотира дар бораи зиндагинома ва корномаҳои гузаштагон аҳамияти дуҷониба дорад. Чунин мавод, аз як тараф, зикри хайр аст, ки рӯҳи гузаштагонро шод мегардонад, аз сӯйи дигар, дар тарбияи инсонгароӣ, меҳнатдӯстӣ, вазифашиносӣ ва худшиносиву худогоҳии имрӯзиён, хоса насли ҷавон таъсири мусбат мерасонад.
Мушкилоти маъмулгаштае, ки имрӯз дар нашрияҳои даврӣ мушоҳида мешавад, риояи таъйинот ва хусусияти жанрҳои публитсистӣ аст. Дар лавҳаҳо ҷойи тасвири лаҳзаҳои ҷолиби воқеаро нақли тавсифии муаллифон гирифтааст. Очерк бештар хусусияти фотографӣ касб намуда, ҷиҳатҳои равонии қаҳрамон пӯшида ва кашфношуда боқӣ мемонад. Муаллиф ҳавсала ё имкони ворид шудан ба олами ботинии қаҳрамонро надорад ва бо тавсифи хронологӣ ва зикри далелҳои тарҷумаиҳолӣ қаноатманд мегардад. Танҳо дар такя ба маълумоти тарҷумаиҳолӣ ва суҳбатҳои байниҳамӣ очерк навиштан номумкин аст, солҳои сол бо қаҳрамон бояд буд, саҳнаҳои ҷолиби зиндагии ӯро бояд дарёфт, омӯхт ва маърифат намуд. Хусусияти лавҳаву очерк тақозо мекунад, ки нигоранда паҳлуҳои нав, ҷолиб ва ғайриинтизори қаҳрамонашро ёфта, дар такя ба мантиқ тасвир карда тавонад. Очеркнавис бояд аносиреро пайдо кунад, ки дар сохтани сужа, хати ҳаракат ва шаклгирии хислати қаҳрамонон мусоидат кунад.
Публитсистика танҳо бо лавҳаву очерк ва эссеву ёддошт маҳдуд намешавад, он дар шакли мақола, тақриз, табсира, нигориш, мактуб низ намо меёбад. Мутаассифона, дар чунин маводи нашрияҳои даврӣ на ҳамеша фикру назарҳо мушаххас аст. Чун ин омил заиф аст, таъсири он ба ҳисс ва фаъолмандии хонанда камтар мешавад.
Масъалаи дигаре, ки дар матбуоти даврии имрӯзаи тоҷик мушоҳида мешавад, аз эътибори аҳли қалам дур мондани публитсистикаи ҳаҷвӣ аст. Ин самти публитсистика дар ҳолати нигаронӣ қарор дорад. Дар нашрияҳои даврӣ аҳёнан чунин мавод ба назар расад ҳам, дар онҳо танқидҳои мушаххас, ошкоро ва бериё кам аст. Ҷойи ҳаҷву танқидро лутфу зарофат гирифтааст. Набудани пуб-литсистикаи ҳаҷвӣ маъноеро надорад, ки дар ҷомеаи мо амалҳои номатлуб рух намедиҳанд, дар иҷрои вазифа, касбу кор ҳама масъулиятшиносанд, фиребу найранг ва тамаъҷӯйи вуҷуд надорад. Не, чунин амалҳо дар ҳар гуна ҷомеа рух медиҳанд, зеро табиати инсонӣ чунин аст, ки яке вайрон мекунад, дигаре дар фикри ислоҳ ва тарбияи ӯ мешавад. Тавассути ВАО зуд - зуд аз амалҳои номатлуби тамаъкорон, порагиру порадеҳон, қаллобону нашъаҷаллобон воқиф мегардем, аммо дар гирифтани пеши роҳи онҳо ҳама бетарафем. Яке аз василаи тарбия ва ислоҳ ҳаҷв аст, аз ин аслиҳа бояд истифода кард.
Аз мутолиот бармеояд, ки публитсис-тони мо ҳанӯз тамоми мавзӯоти муҳиму мубрами ҷомеаи имрӯзро фаро нагирифтаанд. Табиист, ки ҷомеа ҳамеша дар инкишоф буда, пайваста масъалаҳои гуногунро ба миён мегузорад, ки ба таҳқиқу баррасӣ ниёз пайдо мекунанд.
Мурод МУРОДӢ,  профессори ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2018    №: 50    Мутолиа карданд: 148

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед