logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Кроссворд
1. Нашриёти китобҳои кӯдакона дар Русия.
2. Рӯзнома дар Тоҷикистон.
3. Нашриёт дар Қирғизистон.
4. Истеҳсолкунандаи мошинаи чопкунӣ.
5. Рӯзнома дар Белоруссия.
6. Нашриёти китобҳои ҳуқукӣ дар Ӯзбекистон.
7. Рӯзномаи машҳури СССР.

Ҷавоби муамморо  расм гирифта,
ба мо ирсол намоед! 93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru  (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


МОДАР
Соли 1942. Зимистони қаҳратун. Ҳама гурусна, хӯрока намерасад. Дар ҳамин вақт деҳаро бомбаборон карданд. Хонаи ҳамсоя валангор шуда, модари хонадон ба ҳалокат расид. Хушбахтона, кӯдаконаш зинда монданд, яке 10 - сола, дигаре 5 - моҳа. Бибиам бар замми 3 фарзанди хурдсол он ду кӯдакро ҳам ба хона овард. Як кулчақандро шаш тақсим мекард...
Соли 1945 вақте шавҳараш аз ҷанг баргашт, занашро нашинохт. Ӯ чунон лоғар ва гӯё пир шуда буд, ки ҳамагӣ 35 килограмм вазн дошт. Он замон модари 5 фарзанд будан осон набуд.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


10 ТАҲҚИҚОТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ ШАРҚ
КЕТГУТ
Кетгут риштаест, ки дар тиб барои дӯхтани чокҳо пас аз ҷарроҳӣ истифода мешавад. Барои часпидани захм табибон аз риштаҳои гуногун истифода менамоянд ва дар бисёр ҳолат баъди сиҳат шудани захм онҳоро аз бадани кас берун меоранд.
Аммо навъи дигари риштае низ мавҷуд аст, ки он  дар бунияи инсон худ ба худ нест мешавад. Тавре олимон собит намуданд, онро бори аввал мутафаккири бузурги тоҷик Закариёи Розӣ кашф намудааст.
Ӯ рӯдаи тоза ва хушккардашудаи гӯсфандро ба таври махсус тобида, ҷойи ҷарроҳӣ шударо медӯзад. Дар натиҷа, ин ришта дар организми инсон махлут мегардад. Ин таҷриба бо баъзе дигаргуниҳо дар тибби имрӯза низ истифода мешавад. Ҳоло шакли сунъии маводи органикии пешрафта таҳия шудааст, ки истифодаи он натиҷаи хубтар медиҳад. Бояд иқрор шуд, ки ба ин Закариёи Розӣ ҳанӯз дар асри X асос гузошта буд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


МОҲНОМАЕ, КИ ҚАҲРАМОНАШ ЯК ШАХС БУД
Баъзе моҳномаҳое ҳам ҳастанд, ки чопашон бо таваллуди ин ё он кас оғоз ва бо маргаш хотима меёбанд. Аз ҷумла, моҳномаи «Life» («Зиндагӣ») соли 1936 бо нашри акси кӯдаки навзод Ҷорҷ Стори ва сарлавҳаи «Life Begins!» («Зиндагӣ оғоз ёфт!») шумораи нахустинашро чоп кард ва дар шумораҳои минбаъда очеркҳо аз ҳаёту фаъолияти Ҷорҷ: тифлӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, миёнасолӣ ва муваффақиятҳои ӯ нашр шудаанд.
Моҳи марти  соли 2000 - ум моҳнома хабар дод, ки фаъолияташро қатъ мекунад. Моҳи июни ҳамон сол Ҷорҷ ҳам аз сактаи дил дунёро падруд гуфт ва сарлавҳаи шумораи охирини моҳнома чунин буд: " А Life Ends» («Зиндагӣ ба охир расид»).

«НАМАК ВА ҚАЛАНФУР» - И ОБНОГУЗАР
Дар шаҳри Париж ҳафтаномаи «Намак ва қаламфур» нашр мешавад, ки ҳамагӣ ду саҳифа дорад. Он дар коғази обногузар интишор ёфта, махсус барои онҳоест, ки дар сари дастархон ё рӯи миз нишаста газета хонданро дӯст медоранд. «Намак ва қаламфур» хабару мақолаҳои муҳимтарин ва ҳаҷвияҳои тозаву беҳтаринро фаро мегирад.

КОҒАЗ НАРАСИДУ…
17 майи соли 1921 аз сабаби нарасидани коғаз ҷаридаи «Известия» дар катон, матое ки аз гиёҳҳо (мисли зағирпоя) бофта шудааст, интишор ёфт. Дар он чунин навишта сабт буд: «Газетаро эҳтиёт кунед, ки шуморааш хело кам аст. Онро хонда ба каси дигар диҳед!»

ҶАРИДАЕ, КИ БАРОИ ЯК АСР ОБУНА МЕШАВАНД
Ҷаридаи ҳаҷвии Фаронса – «La Bougie du Sapeur» («Шамъи сапёр») дар ҳар чор сол як маротиба, яъне 29 феврал нашр мешавад. То имрӯз ҳамагӣ 9 шумораи он ба дасти хонанда расидааст. Ҷавоби кроссвордҳои мушкиле, ки дар он интишор меёбад, баъди чор сол маълум мегардад. Аҷибтар он аст, ки ба «Шамъи сапёр» шуморо ба муддати як аср бо нархи 100 евро обуна мекунанд.

НАХУСТИН ЭЪЛОН ДАР КУҶО ЧОП ШУДА БУД?
Нахустин эълон асри ХVII дар Англия чоп шудааст. Дар он шахси номаълуме гум шудани сагашро эълон дод. Чопи онро шахсан шоҳ Карли II хоста буд.

ПЁТРИ 1 – МУҲАРРИР ВА МУСАҲҲЕҲ
Ҷаридаи аввалини русӣ «Ведомости» ном дошта, соли 1702 чоп шуда буд. Метавон гуфт, ки он ягон қолаб ва низом надошт, хаташ душворхон ва нофаҳмо низ буд. Муҳаррирӣ ва мусаҳҳеҳии «Ведомости» - ро шахсан Пётри 1 ба зимма дошт.

НАШРИЯИ «ҲАРСОАТА»
Дар ИМА ҳар соате як маротиба ҷарида интишор меёбад, ки «Хабарҳои аз ҳама охирин» ном дорад. Нахустин хонандагони он мусофирони фурудгоҳи «Пан – Америкэн» мебошанд, ки шабҳо ҳар соате як бор тавассути хатсайри Вашингтон – Ню - Йорк» парвоз мекунанд.

ОБУ ҲАВО ДАР ҚОЛАБИ ШЕЪР
Рӯзноманигор Билл Койленд дар нашрияи шаҳри Сарасотаи иёлати Флорида маълумотномаи обу ҳаворо тариқи шеър ба хонандагон пешниҳод карда буд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


БОЗ БОРОН
• Мувофиқи китоби «Рекордҳои Гиннес» дар ҷазираи Кауаи (иёлати Гавайи ИМА) 350 рӯз дар як сол борон меборад, танҳо 15 рӯз бебориш мебошаду халос.
• 27 ноябри соли 1970 дар Гваделупе аз ҳама борони сахт борид. Суръати он 3,8 сантиметр дар як дақиқаро ташкил медод.
• Дар шаҳри Параи Бразилия соатро бо борон муқоиса мекунанд, чунки борон ҳар рӯз дар як вақту соат меборад.
• Дар Таиланд рӯзона борон намеборад, он фақат шаб меборад.
• Тиру камонро фақат дар вақти борон дидан мумкин аст.
• Тибқи маълумоти солноманависон соли 1209 дар ғарби Европа бориши борон дую ним моҳ: аз 20 май то 9 август давом кард.
• Аз ҳама жолаи калонтарин бо вазни як килограмм соли 1986 дар шаҳри Гопалганҷи Бангладеш борид, ки бар асари он 92 нафар ҳалок гардид.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


РӮЗНОМА ДАР АНТАРКТИДА
Газета номи як тангаи хурди итолиявӣ мебошад, ки дар асри XVI бар ивази он варақаи хурде бо хабарҳои тозанашр харидорӣ  мешуд. Ин варақаҳо аз соли 1556 дар Венетсия нашр мешуданд.
Соли 1905 рӯзномаи «Северний Край» дар Ярославск бо сабаби мақолаҳои оппозитсионӣ нашр намуданаш баста шуд, вале ин рӯзнома фаъолияти хешро баъд аз иваз намудани ном мунтазам давом медод. Аҷибаш ин аст, ки тӯли 4 сол рӯзнома номи худро 42 маротиба иваз намуд.
Бояд гуфт, ки рӯзномаҳо дар ҳама кунҷу канори олам нашр мешаванд. Ҳатто дар Антарктида рӯзномаи «Антарктик Сан», ки онро истгоҳи «Мак Мердо» - и Амрико нашр мекунад, чоп мешавад.
Соли 1930 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ордени Ленин таъсис ёфт, ки № 1- и онро ба рӯзномаи «Комсомольская правда» супурданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


КИТОБИ "РЕКОРДҲОИ ГИННЕС"
Дар таҳияи матолиб барои «Шоми шанбе» - и рӯзномаи «Ҷумҳурият»  мо зуд – зуд ба  китоби «Рекордҳои Гиннес» муроҷиат мекунем. Ин амал тасодуфӣ нест.
Соҳиби ширкати «Guinness» Хий Бивер, ки ба истеҳсоли пиво машғул буд,  барои шикорчиҳо зиёфат ташкил менамояд. Дар вақти зиёфат баҳс аз боби парандаи зудпарвоз меравад. Ҳама далели худро оварда, аз андешаи худ дифоъ мекунанд.
Ин вақт ба сари Бивер фикри таҳияи силсилаи «Аз ҳама, аз ҳама…» меояд. Ин воқеа соли 1954 рух дода буд. Баъди як сол, 27 августи соли 1955 китобе иборат аз 198 саҳифа чоп  мешавад. Ҳамон сол ин китоб аз ҳама зиёд ба фурӯш меравад ва ба Бивер даромади калон меорад. Соли оянда китоби «Аз ҳама, аз ҳама…» бо далелҳои нав бори дигар нашр мешавад. Ҳамин тавр, он ҳар сол бо далелҳои нав пурра гардидан мегирад.  Ҳоло он бо номи китоби "Рекордҳои Гиннес" машҳур аст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


МАҶАЛЛАИ «FRANCE FOOTBALL» 
Маҷаллаи ҳафтавори «France Football» - и Фаронса аз соли 1946 нашр мегардад ва навидҳои футболи кулли дунёро ба табъ мерасонад. Он яке аз нашрияҳои маъруфи варзишии Аврупо буда, асосан гузоришҳои тасвирӣ ва маълумотҳои дақиқи статистикии бозиҳои Ҷоми Аврупо, инчунин, дидорҳои лигаҳои аврупоиро ба таври васеъ инъикос менамояд.
Маҷаллаи «France Football» аввал бо номи «Football» солҳои 1927 – 1944 нашр  мегардид ва муваққатан нашрияи нимрасмии Федератсияи футболи Фаронса ба ҳисоб мерафт. Шумораи аввалини он 8 январи соли 1946 чоп гардид. Чопи рекордии он ба таърихи 14 июли соли 1998 рост меояд. Пас аз ду рӯзи ғолибияти мунтахаби Фаронса дар финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол адади фурӯхташудаи ин маҷалла он замон 520 ҳазорро ташкил дод.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ДАР БОРАИ РӮЗНОМА
Барои навиштан дар рӯзнома ягон тахассус даркор нест, вале барои хондани он бояд ҳама зуҳурот, ҷаҳон ва одамонро ба таври мукаммал донист.
Хуго Штейнхаус

Ҳеҷ гоҳ дар рӯзнома он чизе, ки одитарин шаҳрванд намефаҳмад, чоп накунед.
Ҷозеф Пулитсер

Одамоне ҳастанд, ки ҳатто ба пешгӯйии пажӯҳишгоҳи обуҳавошиносӣ  бовар надоранд, то онро дар рӯзнома нахонанд.
Карел Чапек
 
Ба ман бигӯй, ки кадом рӯзномаҳоро мехонӣ, кадом барномаҳоро тамошо мекунӣ, кадом сиёсатмадорро интихоб мекунӣ ва ман ба ту мегӯям, ки кистӣ.
Сергей Лозунко

Ҳамеша ҳастанд одамоне, ки дар даст доштани рӯзномаро дӯст медоранд. Онҳо одамонеанд, ки андеша ронданро нисбат ба хондани рақамҳои хушку холӣ заруртар мешуморанд.
Руперт Мердок

Дар бораи озодии матбуот он нафароне фарёд дар медиҳанд, ки мехоҳанд аз он суиистифода кунанд.
Иоҳан Гёте

Рӯзнома аввалин сиёҳнависи таърих аст.
Филип Грем

Ҳалолкорӣ барои рӯзнома чун поккорӣ барои зан муҳим аст.
Ҷозеф Пулитсер
Гирдоваранда Лола РИЗОӢ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
57 000 доллар дар як нишаст
Саховати ҳотамонаро баъди ғалаба дар мусобиқаи «Бритиш Опен» голфбоз Ник Фалдо нишон дод. Вай ҳамаи бозингарони 508 клуби голфи Шотландияро бо нӯшокии скотчи шотландӣ зиёфат кард. Ба ин худнамоии олиҳимматона 57 000 доллар сарф шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


15 корномаи ҶБВ
Гвардияи ҷавон чӣ ташкилоте буд?
Гвардияи ҷавон ташкилоти пинҳонкорони зиддифашистӣ буд, ки дар ҳудуди вилояти имрӯзаи Луганск дар солҳои 1942 – 1943 амалиёти ҳарбию диверсионӣ мебурд. Зиёда аз 100 нафар аъзо дошт. Узви хурдтаринаш 14 – сола буд.
Ин ташкилот баъди зери тасарруфи фашистон мондани вилояти Луганск дар ҳайати ҳарбиёни дар муҳосира монда ва ҷавонони маҳаллӣ таъсис ёфт. Фаъолтарини онҳо Олег Кошевой, Уляна Громова, Любов Шевтсова, Василий Левашов ва Сергей Тюленин ба ҳисоб мерафтанд.
«Гвардияи ҷавон» варақаҳо мебаровард ва бар зидди фашистон диверсияҳо ташкил мекард. Боре онҳо тавонистанд, ки устохонаи таъмири танкҳоро пурра аз кор бароранд. Анборҳоро месӯзонданд ва қатораҳои одамкашонро аз кор мебароварданд, то ки фашистон мардуми шаҳрро ба Германия набаранд. Пинҳонкорон мехостанд, ки шӯриши мусаллаҳона анҷом диҳанд, аммо хиёнаткоре сирри онҳоро фош намуд. Фашистон зиёда аз 70 нафарро ба ҳабс гирифта, баъди ваҳшиёна азоб доданҳо ҳамаро ба қатл расонданд. Корномаи онҳоро нависанда Александр Фадеев ҷовидон гардонд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


МАТБУОТ ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
• Дар Рими қадим аввалин рӯзнома дар шакли лавҳаҳои гилин пайдо шуд. Он дар бораи қонунҳои нав ва тағйиру иловаҳое, ки аз тарафи Сенат ба онҳо ворид карда шудаанд, маълумот медод.
• Аввалин варақаҳои чопӣ дар асри IX пайдо шуданд. Хитоиҳо ҷараёни шавқовар, вале мураккаби нусхабардории иттилоотро ихтироъ намуданд. Матни интихобкардаро дар тахтаи андозааш даркорӣ бурида, ба он ранги сиёҳ молида, баъд дар коғаз нашр мекарданд.
• Табъу нашри умумӣ аз соли 1455 ҷараён гирифт. Маҳз ҳамин сол Иоҳан Гуттенберг китоби «Инҷил» - ро нашр намуд.
• Маҷаллаи «Royal Report» гаронтарин ба ҳисоб меравад, ки муқоваи онро ҳарфҳои тиллоӣ оро дода, бо суфтаалмос хотамкорӣ карда шудааст. Бо 229 000 доллар маҷалла барои хонандагони худ обунаи яксола, инчунин, ҳуқуқи истироҳат дар истироҳатгоҳҳои ҷаҳонӣ чор маротиба дар як солро пешниҳод менамояд.
Таҳияи Гулистон  МАВЛОНАЗАРОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 358

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед