logo

фарҳанг

"ХОМАИ СОЗАНДА"

Дар вилояти Суғд низ чун дар дигар манотиқи мамлакат ба шарофати даврони соҳибистиқлолӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фазо ва муҳити тоза ва шаффофи эҷодӣ ба вуҷуд омада, рӯзномаву маҷалла, оҷонсиҳои давлативу хусусӣ, ширкатҳои гуногуни телевизиониву радиоӣ  таъсис меёбанд ва фазои иттилоотиро пурра месозанд.

Бино ба маълумоти охири расмӣ дар қаламрави вилояти Суғд 44 ҳафтанома, аз ин 23 адад хусусӣ, 1 маҷаллаи давлатӣ, 1 радиои давлатӣ, 15 радиои хусусӣ, 1 телевизиони давлатӣ ва15 телевизиони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, сарфи назар аз навъи моликият дар инъикоси рӯйдоду ҳаводиси ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, ташаккули афкори умум саҳм мегузоранд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ бахшида ба натоиҷи хоҷагии халқи вилоят дар соли 2017 аз дастовардҳои назарраси саноат, сохтмон, бахши кишоварзӣ, рушди иҷтимоиву фарҳангӣ, варзиш ҳарф зада, дар ин ҷода нақши басо муҳими кормандони васоити ахбори умумро таъкид кард.
- Татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти босамари шумо - кормандони рӯзномаву маҷалла, телевизиону радио вобаста буда, талошҳои шабонарӯзии ҳар хабарнигор ҷиҳати инъикоси чорабиниҳо аз мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дур нест ва хизмати васоити ахбори умум қадрдонӣ мешавад,- иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Баҳри дилгарму ҳавасмандгардонии кормандони васоити ахбори вилоят аз ҷониби бахши суғдии Раёсати иттифоқи журналистони вилоят ҳамасола озмун барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ доир мешавад. Ҳамзамон, соли чаҳорум аст, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмун таҳти унвони «Хомаи созанда» баргузор шуда, аз миқдори умумии зиёда аз 80 нафар муддаиён аз ҳамаи рӯзнома, маҷалла, телевизиону радио, оҷонсиҳо 38 нафар ғолиб дониста шуда, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ин ҳам аз ғамхориҳои Ҳукумат ва давлат арзёбӣ мешавад. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд боз  иқдоми нав зоҳир кард. Ҷиҳати шарҳу эзоҳи мазмуну мундариҷаи ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвар ба хориҷиёну ҳамватанон чун макони воқеии сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ миёни журналистони вилоятӣ озумуни нав эълон дошта шуд, ки бешубҳа, ин иқдом нисбат ба қаламкашони вилоят боз як дастгирии ҷиддист. 
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 167

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед