logo

фарҳанг

ТАЪРИХИ ЗАМОН ДАР ЗАМОНҲО

Матбуоти собиқ вилояти Кӯлоб, ки ҷузъи ҷудонашавандаи матбуоти тоҷик аст, ҳамеша ба халқу Ватан хизмати шоиста кардааст. Солҳои 1928 - 1932 дар шаҳри Кӯлоб рӯзномаи «Маҳви бесаводӣ» чоп мешуд. Моҳи марти соли 1933 дар собиқ вилояти Кӯлоб рӯзномаҳои «Ҳақиқати Кӯлоб» ва соли 1944 «Кулябская правда» арзи вуҷуд карданд, ки ба ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (Москва), Даштиҷум, Шамсиддини Шоҳин (Шӯрообод), Ховалинг, ноҳияи Темурмалик (Совет), Балҷувон, Сари Хосор  ва Данғара хизмат мерасонданд. Рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» мероси ҳамон «Ҳақиқати Кӯлоб» аст.
Хонандагони рӯзномаҳои минтақаи Кӯлоб солҳои шастум - ҳафтодум ва ҳаштодуми асри XX бо номи журналистони болаёқат Абдулло Муродов, Нураҳмад Одинаев, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Мисралӣ Сониев, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Акбар Муслимов, Абдулфайз Атоев, Аслон Исломов, Карим Давлат, Мираҳмад Амиршоев, Нозирҷон Ёдгорӣ,  Ғанӣ Давлатов, Саид  Раҳмонов ва ғайра ифтихор доштанд, ки баъзе онҳо ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд.
Баъди 19 соли барҳам хӯрдани вилоят моҳи январи соли 1974 вилояти Кӯлоб аз нав барқарор гардид. Кумитаи телевизион ва радиои вилоятӣ 2 ноябри соли 1974 таъсис дода шуда,  он 4 апрели соли 1975  ба кор шурӯъ кард. Аз 1 январи соли 1976 шумораи аввалини рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ» (муҳаррираш Қ. Холов), «Кулябская правда» (муҳаррираш Г. Гановичев) ба дасти хонандагони сершумор расид. Шодию хурсандии мардум, аз ҷумла журналистон ҳадду канор надошт. Қувваҳои  эҷодии  ҳар  ду рӯзномаи вилоятӣ  аз  ҳисоби  мутахассисони  соҳаи  журналистика мустаҳакам мегардиданд. Абдулло Муродов, Раҳмат Ташрифзода, Мирзо Қосимов, Зуҳур Гадоев, Саидаброр Умаров, Мирзо Сироҷов, Раҷабалӣ Назаров, Мирзо Фирӯзов, Абдураҳмон Толибов, Ашӯр Иброҳимов, Моҳитобон Шарифова, Адолат Амирова, Файзулло Убайдуллоев, Масамӣ Абдураҳмонов аз ҷумлаи журналистоне буданд, ки ҳаётро бештар омӯхта, услубҳои нави навиштаҷотро мунтазам ҷустуҷӯ намуда, мақолаҳои публитсистӣ, очерку лавҳаҳо ва репортажҳои пурмазмуну таъсирбахш менавиштанд.
Аз рӯи талаби замон охири соли 1988 вилояти Кӯлобу Қӯрғонтеппа якҷо шуда, вилояти Хатлонро ташкил карданд. Фаъолияти рӯзномаҳои вилоятии «Роҳи ленинӣ», «Кулябская правда» қатъ гардид. Рӯзномаи шаҳрии  «Роҳи ленинӣ» таъсис ёфт.
Баъди муттаҳид карда шудани вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа аз моҳи феврали соли 1993 рӯзномаи «Хатлон» фаъолияташро дар шаҳри Кӯлоб қатъ намуд, рӯзномаи  «Кулябская правда» ба рӯзномаи минтақавӣ табдил ёфта, фаъолияташро дар шаҳри Кӯлоб давом дод. Ҳамзамон  рӯзномаи шаҳрӣ бо номи «Навиди Кӯлоб» ташкил карда шуд, ки ин давоми рӯзномаҳои «Ҳақиқати Кӯлоб», «Роҳи ленинӣ» ва «Хатлон» аз соли 1933 ба ҳисоб мерафт. 
Ба рӯзномаҳои бонуфузи мо «Кулябская правда» ва «Навиди Кӯлоб» журналистони минтақа  ҳамкориҳои зич доранд. Ҳар ду рӯзнома ҳам ҷаҳд доранд, ки ҳамқадами замон бошанд.
Ҳақназар  ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 526

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед