logo

фарҳанг

"БУХОРОИ ШАРИФ" МИНБАРИ АНДЕШАВУ АФКОРИ МИЛЛАТ

11 март  барои рӯзноманигорону кормандони васоити ахбори оммаи кишвари мо рӯзи муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро 106 сол муқаддам маҳз дар ҳамин рӯз нахустрӯзномаи тоҷикии Осиёи Миёна – «Бухорои Шариф» рӯи чоп омада, ба мактаби рӯзноманигории тоҷик заминаҳои устувори маънавию эҷодиро фароҳам намудааст.

Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи Рӯзи матбуот зимни мулоқот бо намояндагони васоити ахбори омма баён намуд. – Рӯзномаи  «Бухорои Шариф» дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ рӯи кор омада, барои миллати тоҷик чун рисолаи раҳнамункунанда ё амсоли бонги бедории мардум хизмат намудааст. Муаллифони сабзхомаи он дар баробари монеаҳои шадиди низоми давр тавонистанд сухан аз мактабу маориф, иқтисоду тиҷорат, сиёсату фарҳанг, ободию озодӣ, пешрафту тараққиёт ва муҳимтар аз ҳама аз иттиҳоди миллию манофеи мардуми тоҷик бигӯянд, ки дар ҳамон давру замон манфиатҳои миллии мо ва ҳақиқати таърихии ҳазорсола дар баробари афкори миллатгароёна ва туҳмату таҳқири дигар нашрияҳо қарор дошт,- таъкид намуд Шукурҷон Зуҳуров.
Бино ба назари Раиси Маҷлиси намояндагон дар он даврон афкоре ташаккул дода шуд, ки асолати миллӣ, фарҳангу тамаддун, таъриху адабиёт ва ҳатто хусусияту вижагиҳои миллии моро сарфи назар мекард. Вале ин раванд равшанфикрони моро хомӯш будан нагузошт ва барои таъсиси рӯзномаи «Бухорои Шариф», ки минбари андешаву афкори миллат бошад, иқдоми оҷилу сареъ намуда, дар нахустшумораи худ чунин нигошта буданд: «Ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад гӯё забон надорад».
Дар суҳбат бо рӯзноманигорон таъкид шуд, ки дар ягон вақту ҳолат кори рӯзнома ё худ нигориши афкори умум амали саҳлу содае набуд. Рӯзноманигорон низ шахсиятҳои шинохтаи даврони худ ва афроди аз лиҳози фикрию зеҳнӣ пешрафта мебошанд. Зеро рӯҳи ҷомеа ва афкори умум маҳсули тафаккур ва андешаву аъмоли рӯзноманигорон мебошад.
М. САФАРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 158

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед