logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" - ОИНАИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Гуфтан душвор аст, ки матбуоти тоҷик аз кадом нашрия шурӯъ мешавад. То нашри «Бухорои Шариф» мо дар Осиёи Миёна матбуоти гуногуне доштем, ки дар онҳо ба ин ё он шева матни тоҷикӣ истифода мешуд, аммо нашрияи мусалсали тоҷикӣ «Бухорои Шариф» буд. Барои ҳамин ҳам таърихи матбуотамонро аз он шурӯъ кардем. Дар Бухорои Шарқӣ қабл аз «Иди тоҷик»  ба номи «По басмачу», «Овози Шарқ», «Красный Каратыгин» рӯзномаҳо мавҷуд буданд, аммо мо «Бедории тоҷик» - ро сарахбори матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаем. Дар Туркистони шӯравӣ Саидризо Ализода ва Ҳоҷӣ Муин, дар Бухоро Абдулқодир Муҳиддинов, дар Ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон профессор Аббос Алиев ва устод Абулқосим Лоҳутӣ роҳбарони аввалини матбуот буданд. Дар «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ», «Ҷумҳурият» шахсиятҳои бузурге ба ҳайси муҳаррир меҳнат карданд. Танҳо шарҳи ҳоли онҳо як китоб мешавад. Биноан, дар Рӯзи матбуот мо чанд нафари онҳоро бо истифода аз фурсат ном мебарем.
Аввалини онҳо, албатта, Қосим Дайламӣ аст. Ӯ аз аввали соли 1931, аз нахустин шумораи рӯзнома, ки ҳамчун нашрияи Ҳизби коммунистӣ баромад, муҳаррири он буд. Дар он замон «Тоҷикистони сурх» чунин як шиор дошт, ки мо миқдори хонандагони худро ба 10 000 кас мерасонем. Рӯзнома барои татбиқи се вазифаи ягона: тараққиёти саноат; инкишофи соҳаи кишоварзӣ ва ривоҷи маорифу фарҳанг мубориза мебурд. Қосим Дайламӣ ба ҳайси муҳаррир як шахсияти бисёр ҷиддӣ ва фаъоли Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Мушкилии он замон дар ин ҳам зоҳир мешавад, ки ду гурӯҳи калони роҳбарони кишвар барои миллатчигии тоҷикӣ маҳкум шуданд.
Адиби ҳаҷвнависи машҳури тоҷик Самад Ғанӣ муҳаррири «Тоҷикистони сурх» дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Он ки дар рӯзнома фелйетонҳои сиёсӣ, памфлет, пародия, латифаҳои сиёсӣ хеле зиёд шуданд ва маводи хусусияти адабӣ – публитсистидошта бештар буданд ва шахсиятҳои муҳими адабию илмии Тоҷикистон сухангӯёни асосии рӯзнома гаштанд, ба ҳадде ба ин омил вобаста буд. Албатта, матолиби расмии Бюрои ахборотии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи зиёдтарро дар рӯзнома мегирифт, аммо ҷустуҷӯ ва истифодаи ҳар кунҷи холии саҳифа ба мақсади матлаби зебо эҷодкории муҳаррирро нишон медод. Ҳатто ба номи «Оинаи ТоҷикТА» нашр шудани иловаи ҳаҷвии «Тоҷикистони сурх» ва дар он интишор ёфтани каррикатура,  шарж  ва назми ҳаҷвӣ нишони ин гуфтаҳост.
Шоир Аминҷон Шукӯҳӣ дар охири солҳои 50 – уми асри гузашта ба роҳбарии «Тоҷикистони сурх» омад. Ин замони бунёдкориҳои нав дар қаламрави Тоҷикистон буд, замони инкишофи робитаҳои ҳамкории журналистони тоҷик бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя. Саҳифаҳои муштараки «Тоҷикистони советӣ» ва рӯзномаҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҳамин замон ба ҳукми анъана медарояд. Забони рӯзнома ҳам хеле суфта мешавад.
Аз охири солҳои 60 - ум то охири солҳои 80 - ум публитсисти машҳури тоҷик Шодӣ Саидов муҳаррири «Тоҷикистони советӣ» буд. Дар ин давра жанрҳои очерк, фелйетон, лавҳа ва гузориш хеле инкишоф ёфтанд. Лавҳаву очеркҳо дар бораи қаҳрамонони меҳнат, махсусан роҳбарони истеҳсолот зиёдтар шуданд.
Ғоиб Қаландаров дар «Ҷумҳурият» камтар муҳаррирӣ намуд, вале чун инсони кордону сиё-сатмадор эътибори иҷтимоӣ - сиёсии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» - ро баланд бардошт. Маҳз дар ҳамин замон рӯзнома ҳамчун нашрияи тоҷикии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мавқеи аввалдараҷа пайдо кард.
Аз муҳаррироне, ки дар замони истиқлолият сари кор омаданд яке шоир ва нависанда Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аст. Ин инсони ҳалим, адиби хушсалиқа дар замони ниҳоят душвор тавонист қувваҳои эҷодиро мустаҳкам кунад ва рӯҳи рӯзномаро ба манфиати миллат мувофиқ намояд.
Чунин номҳо дар таърихи «Ҷумҳурият» бисёранд, ҳамаи инҳо ва ҳам аксарияти онҳое, ки номбар нашудаанд, сазовори онанд, ки ба некӣ ёд шаванд, зеро на фақат ин рӯзнома, балки пешрафти ҷомеаи тоҷик ба онҳо вобаста аст.
Иброҳим УСМОНОВ,
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 163

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед