logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Данғара барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ курсҳои кӯтоҳмуддати гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, шерозадӯзӣ, бофандагӣ, адрасбофӣ ва қолинбофӣ ташкил шудааст.
Тавре Салим Нуралиев, сардори шуъба, иттилоъ дод, дар ду моҳи соли 2018 ба ин курсҳо 102 нафар зан ҷалб гардид, ки бештари онҳо занони хонашин мебошанд. Теъдоди занони ҳунаромӯз дар ду моҳи соли ҷорӣ нисбат ба як соли гузашта зиёд буда, баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддат ба онҳо диплом дода мешавад. Ҳунармандони мардумие, ки ба касбомӯзон нозукиҳои шуғли интихобкардаашонро меомӯзонанд, аслан дар хона ба ҳамин корҳо машғул буданд.
 - То ба кор омаданам ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ман дар хона ба дӯхтани либосҳои миллӣ ва гулдӯзи машғул будаму аз ҳисоби ҳамин зиндагиамро пеш мебурдам, - мегӯяд Фотима Абдулхайрова.
Латофат Давлатова аз зумраи занонест, ки то таҳсил дар курси қолинбофӣ дар хона ба дӯзандагӣ ва шерозадӯзӣ машғул буд. Ӯ зимни суҳбат гуфт, ки мехоҳад ҳунари қолинбофиро омӯхта, дар баробари ҳунарҳои доштааш, нозукиҳои ин касбро  низ аз худ кунад.
Қобили зикр аст, ки соли сипаригардида дар ноҳия 11 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корфармоён гузаронда шудааст. Дар ин давра зиёда аз 1100 нафаре, ки ҳамчун корҷӯ худро дар шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ сабт намуда буданд, 837 нафар дар асоси роҳхат бо кор  таъмин карда шуд. Аз ин шумора 49 нафар зан мебошад. Дар ду моҳи соли 2018 низ бештар аз 100 нафар бо кор таъмин гардид, ки 36 нафараш зан мебошад.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,
Коромӯз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 366

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед