logo

Хабарҳо

НУРОБОД. Қадрдонии собиқадорони матбуот

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва 70 - солагии нашрияи ноҳиявии «Нури Нуробод» дар ноҳияи Нуробод ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дӯстзода Ҳасан, раиси ноҳия дар чорабинӣ кормандони васоити ахбори омма, қаламкашон ва ҳозиринро бо ин рӯз табрик намуда, аз ҷумла гуфт, ки матбуот дар ҳама давр пешбарандаи фарҳангу маънавиёти ҷомеа буд ва хоҳад монд.
Мавҷуд Саттор, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳия аз таърихи матбуоти тоҷик, ки зиёда аз як асрро дар бар мегирад ёдовар шуда ва нақши онро дар рушду пешбурди маънавиёти ҷомеа созанда арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, тазаккур дода шуд, ки нашрияи «Нури Нуробод» дар давоми фаъолияти 70 - солаи худ барои ба камол расондани як зумра қаламкашон нақши муассир гузоштааст.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзномаи маҳаллӣ  кормандону собиқадорони матбуот барои саҳми босазо дар рушди маънавиёти ҷомеа ва инъикоси ҳаёти шаҳрвандон бо медали «100 - солагии матбуоти тоҷик», ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр  гардиданд.
Аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар фаъолияти эҷодӣ ва инкишофи васоити ахбори омма, тарғиби ормонҳои миллӣ рӯзномаи «Нури Нуробод» бо диплом мукофотонида шуд. 
Ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик Қудратулло Эшонов, сардори идораи почтаи ноҳия, Одина Сулаймонов, собиқ ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Комсомолобод», Абдуҳалим Ҳусайнӣ, адиб Хайрулло Неъматов, Тоҷиддин Давлатбеков собиқ ҳуруфчинҳои рӯзнома ва Басона Саъдиева, эҷодкори ҷавон бо ифтихорномаҳо сафароз гардиданд.  
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 330

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед