logo

иқтисод

ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР АМАЛ

Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» - и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҷараёни талаботи имрӯзаи илму техника, шаҳрсозӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонро омӯхта, вобаста ба самтҳои афзалиятноки он номгӯи корҳои илмию тадқиқотиро таҳия ва амалӣ месозад.

- Пажӯҳишгоҳ дар соли 2017 як қатор тадқиқоти илмию амалиро дар шакли ҳисоботу тавсияҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ барои соҳаи сохтмон ба анҷом расонд ва онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд, - иброз намуд Улуғбек Умаров, сарвари пажӯҳишгоҳ.
Бино ба маълумоти ӯ мутахассисони пажӯҳишгоҳ дар соли сипаришуда дар таҳияи бештар аз 22 лоиҳаи замонавии ангоравию озмунӣ иштирок намуданд. Инчунин, 62 нафар мутахассиси соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар назди корхона дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дарс хонда, шаҳодатнома гирифтанд. Бо назардошти нақшаи корҳои илмӣ - тадқиқотии тасдиқгардида дар соли сипаришуда аз рӯи мавзӯи “Коркарди технологияи истифодабарии хокаи ангишти дар шабакаи гармидиҳии № 2 - и шаҳри Душанбе ихроҷшуда дар таркиби бетонҳо” иҷрои кори илмӣ оғоз гардида, пажӯҳишҳо идома доранд.
Шаш моҳ муқаддам озмоишгоҳи масолеҳ, мавод ва конструксияҳои сохтмонии Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ расман ба кор шурӯъ намуд. Ба хотири автоматикунонии раванди коргузорӣ дар озмоишгоҳ барномаи махсуси компютерӣ таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шудааст. Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонда шуда, айни замон дар иншооти сохташаванда сифати маводи сохтмониро таъмин менамояд.
Баҳри татбиқи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии  меҳнат дар соҳаи сохтмон пажӯҳишгоҳ барномаҳои махсусгардондашудаи компютериро таҳия ва  мавриди  истифода  қарор  додааст, ки барномаҳои  компютерии “Иттилооти шаҳрсозӣ” ва “Истилоҳоти  шаҳрсозӣ” аз ҷумлаи онҳост. Вобаста ба масъалаи “Дастрасии бино ва иншоот ба гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ” айни замон кормандони пажӯҳишгоҳ бо Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” ва дигар созмонҳо ҳамкорӣ менамоянд.
У. МУРОД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 552
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед