logo

Хабарҳо

E-VISA низоми мусоиди воридшавӣ ва будубоши сайёҳон дар Тоҷикистон

Мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ вобаста ба воридшавӣ ва будубоши  сайёҳони хориҷӣ  дар кишвар ислоҳоти муҳим роҳандозӣ гашт.
Низоми раводиди электронии E-Visa, ки аз 1 июни соли 2016 ҷорӣ гашта буд, метавон тавассути портали нави Кумитаи рушди сайёҳӣ – traveltajikistan.tj вориди он шуд.
Низоми раводиди электронии  E-Visa ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ҷаҳонгардон, иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, онро бе ҳозиршавӣ ба муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа ба даст оранд.
Муҳлати эътибори раводиди электронӣ 90 рӯз буда, дорандаи он метавонад пас аз ворид шудан, 45 рӯз, бидуни  бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, дар ҷумҳурӣ будубош намояд.
Дар баробари ин, бо зиёда аз 80 давлати дунё низоми содаи раводид ҷорӣ гардида,  тавре мутахассисони соҳа иброз медоранд, шумораи  давлатҳо боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Ин дар ҳолест, ки феълан низоми бераводид бо 11 давлати дунё амал мекунад.
Хоҳишмандон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ ва бо пардохт тариқи онлайн аз корти кредитӣ тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи байналмилалӣ ба даст меоранд.
Бояд қайд кард, ки низоми мазкур пешқадамтарин буда, Тоҷикистон аввалин кишвар дар минтақа мебошад, ки онро роҳандозӣ намудааст.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми электронии раводиди Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ба панҷгонаи беҳтарин ворид шудааст.
Ш. ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 225

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Помпео мавзӯъҳои асосии музокироти Путин ва Трампро ном гирифт

Дар ҳамоиши НАТО маблағгузории неруҳои амнияти Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунанд

Аҳолии Замин дар як сол 83 миллион нафар афзуд

Қазоқистон истихроҷи нафтро зиёд мекунад

10.07.2018


Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат

Баррасии пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аввалин эстакада ба истифода дода мешавад

Пирӯзии навбатии Дилшод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед