logo

сиёсат

ҲУҶҶАТИ ҶАМЪБАСТИИ ПАНЕЛИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ОБ "ҲАР ЯК ҚАТРАИ ОБ ҚИМАТ АСТ: РӮЗНОМАИ АМАЛ БАРОИ ОБ"

14 марти соли 2018 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об» - ро нашр намуд, ки тавсияҳои ПСБМО ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин, Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст.

Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об соли 2016 бо ташаббуси Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ва президенти гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шуд. Ба он сарони 11 давлат ва ҳукуматҳо, аз ҷумла Маврикий, Мексика, Австралия, Бангладеш, Венгрия, Урдун, Нидерландия, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал ва Тоҷикистон, инчунин, мушовири махсус - доктор Ҳан Сеунг- Соо, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея шомил гардиданд.
Бо назардошти нақши фаъол ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди мушкилоти вобаста ба соҳаи об ба Рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ӯ даъват карда шуд, ки аъзои ин Панел гардад ва саҳми арзишманди худро дар масъалаҳои таъмини роҳбарии сиёсӣ барои пешбурди роҳи рушд ва идораи захираҳои обии ҷаҳонии ба ҳамкории муштарак асосёфта гузорад.
Ҳуҷҷати ҷамъбастии ПСБМО тавсияҳои асосӣ ва ташаббусҳои наверо, ки аъзои ПСБМО таҳия кардаанд, дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, ин тавсияҳо ба муносибати ҳамаҷониба ва маҷмӯӣ нисбат ба таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама (ҲРУ 6), инчунин, барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дигари рушди устуворе, ки бо захираҳои об алоқаманданд, мусоидат мекунанд.
Тавсияҳо, дар мадди аввал, ба роҳбарони сиёсӣ ва шахсоне, ки афкори ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд, инчунин, намояндагони  бахшҳои давлатию хусусӣ, ки метавонанд сиёсатро дар самти масъалаҳои об муайян намуда, ба он таъсир расонанд, равона гардидаанд.
Ҳуҷҷати ҷамъбастии ПСБМО аз се қисм иборат аст: 1) Асос барои амал; 2) рӯзномаи ҳамгироӣ барои амалҳо дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ; 3) суръат бахшидани тағйирот, ба роҳ мондани шарикӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ.
Тавсияҳои Панели сатҳи баланд муҳимияти масъалаҳои арзиши об ва фаҳмиши арзиши иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва табиии он, муносибати маҷмӯӣ ҷиҳати идораи захираҳои об, баланд бардоштани ҳаҷм ва самаранокии сармоягузорӣ ба инфрасохтори об, пешбурди инноватсияро махсус қайд намуда, густариши ҳамкории байналмилалӣ бо истифода аз ташаббусҳои Панел, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро ба сифати майдони муколама оид ба масъалаҳои таҳияи сиёсат, табодули таҷрибаи пешқадам ва таъсиси шарикии ҷаҳонӣ истифода менамояд. 
 Ташаббуси Тоҷикистон дар доираи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 яке аз ташаббусҳои муҳим мебошад, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул гардид ва барои татбиқи тавсияҳо ва ташаббусҳои дигари Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об заминаи саривақтӣ мегардад.
Тавсияҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои соҳаи об, инчунин, ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро даъват мекунанд, ки дар таҳияи тадбирҳо оид ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва тақвияти корҳо дар ин самт, ки аллакай дар як зумра кишварҳо оғоз ёфтаанд, муттаҳид шаванд. Ҳукуматҳо дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, аз ҷумла ҷанбаҳои ҳамкории фаросарҳадӣ нақши муҳим мебозанд. Ҳамчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ нақши муҳим доранд.
Ҳуҷҷати мазкур ҳуқуқи инсонро барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт махсус таъкид карда, зикр менамояд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 барои сафарбар намудани захираҳои молиявӣ ва дигарҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои вобаста ба об, таъсиси майдони ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо бо мақсади мусоидат ҷиҳати  расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ оид ба  захираҳои об мувофиқашуда имкон медиҳад.
Аъзои Панел ва кишварҳои иштирокдор уҳдадории худро оид ба фаъолият дар соҳаи об эълон мекунанд ва роҳбарон, инчунин, сиёсатмадорон, роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро барои роҳҳои ҷустуҷӯ ва ҳалли муштарак даъват мекунанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2018    №: 56    Мутолиа карданд: 495
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед