logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат, 19 марти соли 2018

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли зиёи кишвар!
Дар остонаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ нахуст кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ табрик мегӯям.
Дар Соли нави аҷдодӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон бахту нишот, сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва ба ҳар яки шумо - зиёиёни муҳтарам неруи тоза ва илҳоми эҷодӣ орзу менамоям.
 Дар ҷараёни омодагӣ ба ин ҷашни бостонӣ моро зарур аст, ки анъанаҳои деринаи миллиамонро густариш бахшем, мардумро ҳар чи бештар муттаҳид созем ва онҳоро ба ободу зебо гардондани диёрамон сафарбар намоем.
Бовар дорам, ки аҳли зиёи мамлакат, олимону донишмандони ҷомеашиноси мо, аз ҷумла муаррихону мардумшиносон минбаъд ба омӯзиш ва таҳқиқи асолати таърихии Ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аҳли эҷод беҳтарин асарҳои худро ба ин мавзӯъ мебахшанд ва нақши ҷаҳонии онро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити судманди тамаддунҳо боз ҳам равшану возеҳ месозанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон зиёиёни кишвар ба як неруи тавоно табдил ёфта, дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон иштироки фаъолона доранд. Онҳо бо дарки масъулияти баланди ватандӯстӣ барои ташаккули андеша ва тафаккури пешрафта, тарғиби дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва тавсеаву густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа саъю талош карда истодаанд.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки мо бояд ҳамкории эҷодиро пеш аз ҳама, дар миёни зиёиёну фарҳангиёни кишвар тақвият бахшем. Моро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ таҷрибаи талхи гузаштаи хешро аз мадди назар дур насозем ва неруи тавонои илмиву эҷодии аҳли зиёро ба таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона созем.
Вобаста ба ин, зиёиёни кишвар бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронда, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб намоянд.
Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад.
Дарвоқеъ, таърих оинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин оинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва, махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд.
Ҳар кадоми мо хуб медонем, ки халқи фарҳангиву тамаддунсози тоҷик дар тӯли таърихи худ воқеаҳои зиёдеро пушти сар кардааст, ки онҳо ҳамчун сабақи зиндагӣ имрӯз низ хизмат карда метавонанд. Нақши рӯйдодҳои гузашта дар ҳар як ёдгории таърихӣ, осори қадима, катибаву сангнигораҳо, деворнигораву пештоқҳои қалъаҳои бостонӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихиву фарҳангии миллатамон ҳифз шуда, то замони мо расидааст.
Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани онҳо саъю кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Ҳукумати мамлакат бо дарки аҳамияти ин масъала аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ба нигоҳдории мероси моддиву маънавии халқи тоҷик таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, бо вуҷуди имконоти маҳдуди молиявӣ ба барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ оғоз намуд. Тайи ду даҳсолаи охир як қатор иншооти таърихиву фарҳангӣ ва ёдгориҳои меъморӣ таъмиру тармим гардида, ба макони сайру саёҳати сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ табдил дода шуданд.
Дар баробари ин, Ҳукумат “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” - ро қабул намуд, ки дар асоси он барои таъмиру барқарорсозӣ, корҳои бостоншиносӣ ва тарғиби мероси моддиву маънавии халқамон маблағҳои муайян пешбинӣ гардидаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанг, ҳоло дар кишвар зиёда аз 2900 ёдгории таърихиву меъморӣ мавҷуд аст. Вале то ба имрӯз дар 695 ёдгории таърихиву меъморӣ корҳои илмиву бостоншиносӣ ва навсозиву барқарорсозӣ оғоз нагардида, онҳо дар ҳолати ниҳоят хароб қарор доранд. Ҳарчанд ки доир ба баъзеи ин ёдгориҳо дар сарчашмаҳои таърихӣ ишораҳо мавҷуданд, вале дар замони истиқлолият дар ин самт маълумоти иловагӣ кам ҷамъоварӣ шуда, дар баъзе аз ин мавзеъҳо корҳои ҷустуҷӯиву ҳафриётӣ ҳанӯз шурӯъ нашудаанд.
То имрӯз мо барои таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои зикршуда, аз ҷумла қалъаи Ҳисор даҳҳо миллион сомонӣ сарф кардем. Вале натиҷаи корҳо қаноатбахш нест. Масъулон ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намекунанд, чунки завқ надоранд. Дигарҳо дар ҷойи холӣ аз ҳеҷ чиз як чиз месозанд ва ба маърази тамошои мардуми худ ва сайёҳон мегузоранд, миллаташонро муаррифӣ мекунанд ва даромад мегиранд.
Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ се маротиба мақбараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар шаҳри Панҷакент, оромгоҳҳои Мир Сайид Алии Ҳамадониро дар шаҳри Кӯлоб се-чор маротиба, Туғрали Аҳрориро дар ноҳияи Айнӣ ва Камоли Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд таъмиру барқарор намудем. Инчунин, чанде аз мақбараҳои мутафаккирони пешин, аз ҷумла Ҳазрати Султон, Муҳаммад Шақиқи Балхӣ, Ҳазрати Бурхи Валӣ, Муҳаммади Башоро ва биноҳои  қадимаро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар обод кардем.
Аз Фонди Президенти мамлакат биноҳои асосӣ ва гирду атрофи қалъаҳои Ҳисор, Ҳулбук ва Ҳуҷанд барқарор гардида, ҷиҳати идома додани корҳои илмиву бостоншиносӣ, ба тартиб даровардани деворҳо ва сохтмони манораву кушкҳо маблағҳои иловагӣ равона шуда истодаанд. Барои барқарор кардан ва таъмиру таҷдиди қалъаҳои Муъминобод ва Балҷувони вилояти Хатлон, Муғтеппаи Истаравшан, Санҷаршоҳи Панҷакент ва Вомари Рӯшон дар доираи барнома маблағ ҷудо шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби мутахассисони соҳаи фарҳанг корҳои лоиҳакашии ёдгориҳои таърихӣ низ суст ба роҳ монда шуда, то ба ҳол лоиҳаи мақбараҳои олимону мутафаккирони ислому ирфон Хоҷа Аюби Ансорӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Мавлоно Фатҳуллоҳи Чустӣ ва Хоҷа Нақшрон омода нашудааст.
Лоиҳаи қалъаҳои Кӯлоб, Шаҳритус, Исфара, дайри буддоии Аҷинатеппаи Вахш ва сангнигораҳои ноҳияи Айнӣ то ҳол ба анҷом нарасидааст. Ғайр аз ин, ёдгориҳои Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш дар ҳолати ногувор қарор дошта, таъмирталаб мебошанд ва дар даврони истиқлолият кам таҳқиқ шудаанд. Ёдгории Тахти Сангин то ҳол роҳи дуруст надорад ва сайёҳон бо мушкилӣ ба ин мавзеъ мерасанд.
Бояд гуфт, ки корҳои муваққатан пӯшондан ва обод кардани шаҳраки Саразм низ ба таъхир афтода, омӯзишу таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ин мавзеъ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои  таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд,  ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.
Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон - “Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” - ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад.
Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид. 
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки корҳо дар самти ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани дигар ёдгориҳои таърихии кишвар назаррас нестанд. То ба ҳол ёдгориҳои Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Ҳулбук, қалъаҳои Ҳисор, Кӯлоб, Хоҷамашҳад дар ноҳияи Шаҳритус, Панҷакенти қадима, Бунҷекати ноҳияи Шаҳристон ва Ямчун воқеъ дар ноҳияи Ишкошим ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид нашудаанд.
Аз шумораи умумии ёдгориҳои таърихие, ки дар мамлакат вуҷуд доранд, мо то имрӯз номгӯйи ками онҳоро ба рӯйхати созмонҳои байналмилалӣ ворид кардаем. Бинобар ин, зарур аст, ки дар ин самт корҳои омӯзишӣ ва ташкилӣ вусъат бахшида шаванд.
Ман дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштам, ки ”дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло бардоранд”.
Вобаста ба ин, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Академияи илмҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншиносӣ мутахассис тайёр мекунанд, вазифадор карда мешаванд, ки корҳои бостоншиносиро дар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакат вусъат бахшанд ва ҷустуҷӯҳои илмиро дар ин мавзеъҳо мунтазам идома дода, ҷиҳати таъмиру тармим, зиёд кардани нигораҳо ва ба тартиб даровардани онҳо чораҷӯӣ кунанд ва ёдгориҳои таърихиро бо мақсади ворид намудан ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, мо бояд дар назди ёдгориҳои зикршуда инфрасохтори зарурӣ бунёд намоем ва мавзеъҳои таърихии Ҳулбук, Кӯлоб, Хуҷанд, Балҷувон, Муғ, Ямчун, Кангурттут, Хушдилон (Торбулоқ), Карон, Тахти Сангин, Хоҷамашҳад, Саразм, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим ва дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро пурра барқарор карда, онҳоро ба макони сайру саёҳат табдил диҳем.
Дар робита ба ин, бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.
Ҳозирини арҷманд!
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, ки ҳадафи асосии он муаррифии шоистаи миллати тоҷик мебошад, дар навбати аввал, ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва афзоиши дастранҷи шахсони эҷодкору соҳибистеъдоди кишварамон мусоидат хоҳад намуд. Ниёгони мо аз замонҳои хеле қадим ба ҳунармандӣ ва косибӣ рӯ оварда, дар тӯли асрҳои зиёд ҷиҳати эҷоди садҳо навъи ҳунар роҳ кушодаанд.
Намунаҳои ҳунари гузаштагони мо дар рӯйи санг, деворнигораҳо, тангаҳои тиллоӣ ва мисиву нуқрагӣ ва пӯсти ҳайвоноту дарахтон ҳифз шуда, аз насл ба насл то замони мо расидаанд. Вале бо мурури замон баъзеи онҳо аз байн рафта, қисми дигарашон дар маҳалҳои гуногуни диёрамон дар миёни аҳолӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст, ки ҳар кадоми он намунаи барҷастаи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Дар осори ҳунарии мардуми тоҷик аз қадим нақшу нигори нафис мавқеи асосӣ дошта, таассуроти ғании онҳо, ки асосашро табиати зебои Тоҷикистони биҳиштосо ва завқи баланди фарзандони ҳунармандаш ташкил медиҳад, дар чӯб, санг, гаҷ, деворнигора, матоъ ва монанди инҳо бо маҳорати хос ифода шудаанд.
Дар маҳсули дасти мисгарон, заргарон, кулолгарон, читгарон, бофандагон, чеварон, созтарошон ва дигар ҳунарҳои роиҷ намунаҳои  рангубор ва нақшу нигореро дидан мумкин аст, ки ҷанбаи қадимаи таърихиву фарҳангӣ дошта, дар айни замон бо осори маънавии шифоҳиву хаттии халқ пайванди мустаҳкам доранд.
Танҳо дар мисоли як ҳунари нодир – кундалкашӣ ё кундалсозӣ садҳо рангу нақшу нигор мушоҳида мегардад ва, хушбахтона, ин ҳунари нафису дилкаш дар кишвари мо хеле инкишоф ёфтааст. Лекин бояд гуфт, ки баъзе ҳунарҳо, аз қабили кулолгарӣ, заргарӣ, матоъбофӣ, читгарӣ, намадбофӣ, бӯрёбофӣ, алочабофӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастии гаҷкорӣ ё сафоливу шишагӣ ва аз сангҳои нимқимату ороишӣ кам рушд карда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба фаромӯшӣ рафтаанд.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки яке аз роҳҳои ба шуғл ҷалб кардани аҳолӣ мебошад, мо имсолро соли рушди ҳунармандӣ эълон кардем ва аллакай барои  фурӯши  маснуоти дар хона истеҳсолшаванда ва навъҳои зиёди ҳунарҳои мардумӣ имтиёзҳо муқаррар карда, онҳоро аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод намудем.
Гузашта аз ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш додем, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. 
Ҳунари навозандагӣ ва сарояндагӣ низ ҳамчун мероси маънавӣ як ҷузъи муҳими фарҳанг мебошад. Мақомхонӣ ва фалаксароӣ намунаи маҳсули эҷоди гузаштагони дури мо, аз ҷумла Борбади Марвазӣ буда, дар тӯли таърих таҳаввулу ташаккул ёфтааст ва дертар дар шакли дувоздаҳмақому шашмақом маъмул гардидааст.
Баробар бо ривоҷи мақомхонӣ тавассути ҳунармандон асбобҳои нодири мусиқӣ барои ин навъи санъат пайдо шуданд, ки асрҳост ба қалби одамон шодиву сурур ва рӯҳу илҳом мебахшанд. Ба ҳамин монанд дар сарзамини тоҷикон намунаҳои зиёди касбу ҳунарҳо пайдо шудаанд, ки қисме аз онҳо то замони мо расидаанд ва баъзеяшон бояд эҳё карда шаванд.
Созтарошиву наққошӣ, мисгариву заргарӣ, чевариву гулдӯзӣ, читгариву алочабофӣ, шоҳиву адрасбофӣ, гилему қолинбофӣ ва монанди инҳо аз ҳамин қабил ҳунарҳо мебошанд. Хушбахтона, ҳоло атласу адрасбофӣ торафт тараққӣ карда, чевариву чакандӯзӣ низ миёни мардум маҳбубият пайдо карда истодааст.
Ҳоло зарур аст, ки барои ҳунармандон шароит фароҳам оварем ва доираи истифодаву фурӯши маҳсулоту маснуоти онҳоро на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ тавсеа бахшем. Ин як роҳи беҳтарини эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ ва дар айни замон ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани миллат ва давлат мебошад.
Вале хотирнишон месозам, ки навъҳои зикршудаи ҳунар то ҳанӯз ба ҷаҳониён кам муаррифӣ шудаанд. Мувофиқи маълумоти Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз аз мероси ғайримоддии халқи тоҷик “Шашмақом”, “Оши палав” ва “Наврӯз” ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардида, “Фалак” ва “Чакан” пешниҳод шудаанд.
Мо на танҳо Наврӯз, балки ҷашнҳои Меҳргон ва Садаро эҳё кардем. Вале омӯзиши ин ҷашнҳои миллӣ васеъ ба роҳ монда нашуда, ҷанбаҳои мардумии онҳо пурра таҳқиқ ва муаррифӣ нагардидаанд ва ҷашнҳои Меҳргону Сада то ҳанӯз ба таври шоиста муаррифӣ нашудаанд.
Вақти он расидааст, ки муҳаққиқон доир ба ин се ҷашн ва дигар маросиму оинҳои миллиамон “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон” - ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои мардуми моро ба оламиён муаррифӣ намоянд.
Вобаста ба ин, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, корҳои хориҷӣ, Академияи илмҳо ва Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик вазифадоранд, ки ҷиҳати муаррифии ҳар чи бештари мероси ғайримоддии халқи тоҷик чораҷӯӣ карда, сарчашмаҳои таърихиеро, ки оид ба ҷашну маросим ва ҳунарҳои қадимаи мо маълумот медиҳанд, таҳияву чоп намоянд ва онҳоро ба хонандагони дохиливу хориҷӣ пешниҳод созанд.
Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда  мешаванд, ки якҷо бо вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, оид ба корҳои занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, иттифоқҳои эҷодӣ, инчунин, олимони мардумшиносу бостоншинос ба масъалаи эҳё кардану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Аз ҷумла, озмунҳои гуногун доир карда, дар маркази шаҳру ноҳияҳо мағозаву растаҳои махсуси фурӯши маснуоту ашёи истеҳсолкардаи ҳунармандонро барои аҳолӣ ва сайёҳон ташкил намоянд ва барои шахсони бешуғл курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ таъсис диҳанд.
Зиёиёни кишвар, аз ҷумла адибону рӯзноманигорон ва умуман, аҳли эҷодро лозим аст, ки дар ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва мероси моддиву ғайримоддии халқамон фаъолона иштирок намоянд.
Дӯстони азиз!
Солҳои охир мо ба рушди сайёҳӣ афзалият дода, барои бунёди инфрасохтори муосир тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем. Бунёди меҳмонхонаҳои ҳозиразамон дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои фароғату истироҳат боиси боло рафтани мавқеи кишварамон дар соҳаи сайёҳӣ гардида, шумораи сайёҳон ба мамлакат торафт меафзояд.
Дар ин кори хайр баробари сохторҳои давлатӣ бахши хусусӣ низ фаъол мебошад. Дар муддати кӯтоҳ ба фаъолият оғоз кардани осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои “Баҳористон”, “Сафеддара”, “Шоҳамбарӣ”, “Зумрад”, “Хоҷа Оби Гарм”, “Оби Гарм”, “Чаҳорчаман”, “Гармчашма”,” Сароб”, “Зайрон” ва дигар марказҳои муосири истироҳату табобат ба зиёд шудани шумораи меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон мусоидат менамояд.
Мо доираи минтақаҳои сайёҳии кишварамонро васеъ карда, баробари дараҳои Варзобу Ромит ва ноҳияи Балҷувон дар дигар мавзеъҳои Ватани маҳбубамон ҷойҳои сайру саёҳат бунёд мекунем ва онҳоро ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон ва сайёҳон табдил медиҳем.
Имрӯзҳо сайёҳони зиёд хоҳиши саёҳат тавассути хатсайри “Роҳи бузурги абрешим”-ро доранд. Дар ин ҷода масир ё хатсайри “Харгӯш” метавонад воситаи хуби ҷалби сайёҳон шавад, зеро аз қадим бо ин роҳ корвонҳо ба шаҳрҳои соҳили Амударё ворид шуда, Чинро бо Осиёву Аврупо мепайвастанд.
Дар масири ин роҳ то пойтахти мамлакат пайраҳаҳои махсус, қалъаҳои “Ямчун”, “Вранг”, “Зонг”, чашмаҳои “Авҷ”, “Ҷелондӣ”, “Фотимаи Заҳро”, “Гармчашма”, шаҳраки “Карон”, қалъаҳои   “Кӯлоб”-у “Ҳулбук”, чашмасору обшорони Сари Хосор, мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Шақиқи Балхӣ ва даҳҳо чашмаҳои шифобахшу обҳои мусаффо ҷойгиранд, ки сайёҳон ва шаҳрвандони мо имкон доранд ҳам саломатиашонро барқарор кунанд ва ҳам аз ин ёдгориҳо дидан намоянд. Яъне мо имконият дорем, ки бо истифода аз онҳо сайёҳии табобатиро хеле тараққӣ диҳем.
Бовар дорам, ки эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ба ободу зебо гардидани ин мавзеъҳои сайру саёҳат мусоидат мекунад ва барои ҷалби ҳар чи бештари сайёҳон ба кишварамон заминаи хуб фароҳам меорад.
Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва омодаву эҳё намудан, пешниҳод кардани беҳтарин таомҳои миллӣ дар мавзеъҳои сайёҳиву меҳмонхонаҳо, ки метавонад боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардад, инчунин, тавсеа бахшидани маърифати экологии мардум ниҳоят зарур мебошад.
Вобаста ба ин, олимони моро зарур аст, ки заминаҳои таърихии ташаккули арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар мисоли ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ, ки яке аз василаҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад, ҳаматарафа таҳқиқ намоянд.
Дар ин замина, ҷалби васеи аҳолӣ ба китобхонӣ ва оммавигардонии мутолиаи китоб, гузарондани озмунҳои шеърхониву байтбарак, инчунин, донистани забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Зеро сайёҳон бо мардум муошират менамоянд, аз таъриху фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқ пурсон мешаванд. Агар мо аз таъриху фарҳанги халқамон хуб огоҳӣ дошта бошем, забондон бошем, мероси халқамонро метавонем ҳар чи бештар муаррифӣ намоем.
Интишори “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” дар ду ҷилд вобаста ба омӯзиши урфу одат, анъана, расму оин, маросими хурсандиву азодорӣ ва касбу ҳунарҳои мардумӣ иқдоми хубест, ки бояд идома дода шавад.
Академияи илмҳо ва Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” бояд ҷилдҳои боқимондаи онро низ сари вақт ва бо сифати хуб аз нашр бароварда, дастраси хонандагони дохиливу хориҷӣ гардонанд.
Зиёиёни арҷманд!
Бояд тазаккур дод, ки забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат  нақши калидӣ дорад. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шоирона ва шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззоб осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Таърихи забони миллии мо шоҳиди он аст, ки маҳз забон бо иқтидор ва тавонмандиҳои худ миллати тоҷикро дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир сохтааст.
Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд.
Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз - забони давлатӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи зиёиёни мамлакат дар шароити кунунӣ маҳсуб меёбад.
Бояд ёдовар шуд, ки забони тоҷикӣ давраҳои мухталифи таърихиро паси сар карда, дар аҳди Сомониён забони расмии давлатӣ эълон гардида буд. Бо талошу заҳмати фарзандони маърифатпарвари халқ забони тоҷикӣ давра ба давра ташаккул ва таҳаввул ёфта, қаламрави истифодаи он аз Мовароуннаҳру Хуросон фаротар рафта, ба Қафқозу Осиёи Хурд, Ироқу нимҷазираи Ҳинд доман паҳн кард ва садсолаҳо нақши забони байналмилалиро иҷро намуд.
Саҳми тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросон дар зинда нигоҳ доштани забон беназир аст. Зеро макони пайдоиши ин забон маҳз Мовароуннаҳру Хуросон мебошад. Барои насли имрӯзаи мо омӯхтани таърихи забони тоҷикӣ муҳим буда, донистани равандҳои таҳаввул ва ташаккули рушди он шарти зарурӣ мебошад.
Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар замони ҷаҳонишавӣ истиқлоли фарҳангӣ ва забонии худро ҳифз кунем ва рукнҳои пойдории миллат ва кишварро тавассути забон таҳким бахшида, онҳоро ҳар чи бештар устувор гардонем.
Дар замоне, ки мо ба сӯйи истиқлолияти миллӣ ва фарҳангӣ роҳ кушодаем, лозим аст, ки забони худро ба дараҷаи як забони шево тақвият бахшем, то ба корвони фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамсафарӣ карда тавонем.
Дар робита ба ин масъала, бори дигар шумо - зиёиён ва олимони кишварро даъват мекунам, ки дар бобати дуруст истифода бурдани мафҳуми “забони тоҷикӣ” бетараф набошед ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоед.
Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеона маҳкум кунед.
Бори дигар хотирнишон месозам, ки зиёиён, аз ҷумла аҳли қалам дар назди забон, адабиёт ва завқи мардум масъулияти зиёд доранд.
Мо тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, забони давлатиамонро - “забони тоҷикӣ” ва номи давлатамонро “Тоҷикистон” эълон намудем.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз созад.
Мо бояд мафҳумҳои “миллати тоҷик”, “забони тоҷикӣ”, “таърихи тоҷикон”, “фарҳанги тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем.
Мо бояд ба омӯзиши забони адабӣ ё забони меъёрии тоҷикӣ пайваста саъю кӯшиш кунем ва барои тозагии баён, ифодаи содаву равон ва саҳеҳии фикру андеша талош намоем.
Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки назорати қатъии риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - ро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла забони китобҳои илмиву таълимӣ ва маводи иттилоотӣ таъмин намоянд.
Иҷрои талаботи қонуни зикршуда, дар навбати аввал, вазифаи зиёиён мебошад. 
Шумо тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳед, ки чанд рӯз пештар дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон мо тамоми масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ кардем ва ҳамаи монеаҳоеро, ки дар тӯли беш аз 26 сол садди роҳи муносибатҳои ҳасанаи халқҳоямон буданд, аз байн бардоштем. Аз ҷумла, эълон доштем, ки мо бояд барои истифодаи озодона ва рушди забонҳои модарии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва ӯзбекҳо дар Тоҷикистон, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва риояи расму оин ва маросиму суннатҳои миллӣ шароит фароҳам оварем.
Акнун вазифаи зиёиён аст, ки ин масъалаҳоро тавассути баргузор намудани ҳамоишу конфронс, суҳбату машваратҳои илмиву фарҳангӣ ва омӯзишу таҳқиқи якҷоя баррасӣ намоянд.
Басо рамзист, ки имсол мо 140 - солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айниро ҷашн мегирем. Саҳми устод Айнӣ дар пешрафти назму насри нави тоҷикӣ, илми адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ, ҳунаршиносӣ, рӯзноманигорӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, мақолаҳои публитсистӣ, фарҳангнигорӣ ва монанди инҳо хеле бузург мебошад.
Барҳақ, устод Айнӣ дар тафаккури адабиву фарҳангии халқи тоҷик инқилоб ба вуҷуд оварда, онро ба шоҳроҳи нав ворид кардааст. Махсусан, муборизаҳои ӯро дар мавриди тоза нигоҳ доштани забони адабӣ  ё меъёрии тоҷикӣ ва оммафаҳму равон сохтани он зикр кардан зарур аст.
Мехоҳам таъкид кунам, ки мо дар сиёсати забон, қабл аз ҳама, дар мавриди забони тоҷикии меъёрӣ аз мерос ва андешаҳои устод Садриддин Айнӣ истифода мекунем. Зеро, ба қавли устод Айнӣ,  “барои васеъ кардани забони илмӣ ва адабии тоҷик беҳтар аст, ки ба адабиёти классикӣ ва хазинаи забони зиндаи тоҷикӣ роҳ ёбем”.
Ҳоло бори дигар хотиррасон месозам, ки иҷрои ин вазифаҳо, яъне таъмин намудани пешрафт ва тавсеаи доираи истифодаи забон, тараққиёти минбаъдаи илм, маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳои зиндагии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба дӯши аҳли зиё ҳамчун неруи пешсафу пешбаранда вогузор мегардад.
Давлати мо наздик ба бисту ҳафт сол аст, ки дар роҳи истиқлолияти сиёсӣ ва низоми дунявӣ устуворона қадам ниҳода, ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шудааст.
Моро зарур аст, ки ин комёбиҳои миллати тоҷикро васеъ тарғиб намоем ва ҷиҳати ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият аҳлона саъю талош карда, Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Дар ин амри хайр ва корҳои созанда шумо - зиёиёни мамлакат бояд фаъол бошед ва аҳли ҷомеаро ҳидояту раҳнамоӣ намоед.
Имрӯз аксари иттифоқҳои эҷодӣ, аз ҷумла адибон, рассомон, меъморон, оҳангсозон, рӯзноманигорон, синамогарон, намояндагони соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, омӯзгорон, олимон, табибон ва аҳли фарҳанг дар таҳкими давлатдории миллӣ ва муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз фаъолона иштирок дошта, аз манфиатҳои давлату миллат пуштибонӣ менамоянд.
Мо ба неруи созандаи шумо - зиёиёни Ватан бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста ба ин неру такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард.
Дар ин кори пуршараф ва дар айни замон, заҳматталаб ба ҳамаи шумо - зиёиёни муҳтарам барору комёбӣ орзумандам.
Бо итминони комил ба имконияту иқтидори зеҳнӣ ва донишу хиради шумо изҳор медорам, ки зиёиён ҳамеша неруи пешбаранда ва раҳнамои имрӯзу фардои неки миллати тоҷик хоҳанд буд.
Бори дигар Наврӯзи байналмилалиро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва аҳли зиёи кишвар самимона табрик гуфта, ба шумо саломативу сарбаландӣ ва ба Ватани маҳбубамон Наврӯзи ҷовидона орзу менамоям.
Ҷашни Наврӯзи Аҷам ба хурду бузурги Тоҷикистон ва ҳамаи шумо - зиёиёни муҳтарам муборак бошад!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 834

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед