logo

маориф

ИСФАРА. САМАРИ ЯК ТАШАББУС

Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара  устодони варзида фаъолият менамоянд, ки ба табъу нашри дастуру рисола ва адабиёти илмиву тахассусӣ машғуланд. Дастурҳои методии омодашуда ба раванди донишандӯзии ҷавонон таъсири мусбат ва дар тайёр кардани мутахассисон ёрӣ расонда истодаанд.
Аз ҷумла, дотсент Муҳаммадхоҷа Яҳёев муаллиф ва мураттиби чанд китобу рисолаҳо, ба мисли «Алифбои мусиқӣ”, «Суруд ва мусиқӣ», «Дарси суруд», «Раҳнамои мусиқӣ», «Маориф офтобро монад», «Тарбия ҳам санъат аст», «Баҳори умр», «Шарҳи мухтасари ислоҳоти фарҳангшиносӣ», «Тарбия - тақдирсози инсон» ва «Тарбият – мероси халқ» мебошад.
М. Яҳёев масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавонро муҳим медонад ва ба он муносибати чиддӣ намуданро тақозо мекунад. Агар ба ду рисолаи охири М. Яҳёев «Тарбия – тақдирсози инсон» ва «Тарбият – мероси халқ» таваҷҷуҳ намоем ин масъала хеле равшан аён мегардад. Онҳо дастурҳои методие мебошанд, ки барои роҳбарони гурӯҳҳо, мураббиёни ҷавон пешбинӣ шудаанд.
Устоди дигари ин донишгоҳ  Муҷиба Ҷавҳарова рисолаи «Раҳнамои тарбият» - ро дар асоси ҳаждаҳ самти Консепсияи миллии тарбия ба нашр расонд, ки он пешгирии ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ таҳти таъсири сомонаҳои иҷтимоӣ, оқибати бади тамокукашӣ, нашъамандӣ ва дигар рафторҳоро талқин мекунад.
 “Маводи таълими фанни забони тоҷикӣ” ва “Дастури таълими фанни забони тоҷикӣ” (барои донишҷӯёни соли аввали коллеҷи тиббии Исфара), ки ба қалами Исмат Пӯлодов мутааллиқанд, дар такмили савод ва баланд бардоштани савияи забондонӣ, бартараф намудани ғалатҳои имлоиву услубӣ ва талаффуз дар нутқи хаттию шифоҳӣ, бартараф намудани нуқсонҳо дар қироати матн, ташаккули малакаи тарҷумонӣ ва тартиб додани истилоҳоти соҳавӣ, донистани услубшиносӣ ва усулҳои ҳуҷҷатнигорӣ, шиносоӣ бо намунаҳои беҳтарини асарҳои насриву назмии адабиёти тоҷик, тарзи истифода ва таҳияи луғатҳои ихтисосиву тафсирӣ ва ғанӣ гардондани захираи луғавӣ, ҳифзи ашъори адибони машҳури тоҷик мавқеи хосса доранд.
Боиси қаноатмандист, ки дар соҳаи илмҳои техникию муҳандисӣ китобҳои номзади илмҳои техникӣ, дотсент Муҳаммадҷон Абдуллоев «Маводи сохт- мон ва асосҳои технологияи истеҳсоли он» ва «Гидравлика» бо забони давлатӣ барои толибилмон, мутахассисони ҷавон, кормандони ҳирфавӣ  асарҳои пурарзишу саривақтианд.
Айни замон, бо истифодаи гаҷетҳову компютерҳо интишори дастурамал, барномаҳо ва китобҳои электронӣ рӯйи кор омаданд, ки дастрасӣ ба ахбори гуногунро осонтар ба сомон мерасонад. Дар асоси ин заминаи мусоид номзади илмҳои техникӣ Лафиз Бобоев «Курси лексияҳо аз забони барномасозии Q BASIC» нашр намуд, ки мувофиқи талаботи стандартҳои давлатӣ дар соҳаи маориф тартиб дода шудааст.
Номзади илмҳои физикаю математика Сайфуллоҳ Бобоев барои донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисӣ, технологияи иттилоотӣ, иқтисодиёти соҳавӣ ва омӯзгорони ҷавон ба яке аз қисмҳои математикаи олӣ - геометрия дастур-амали «Геометрияи аналатикӣ дар мисолу масъалаҳо» пешниҳод сохт, ки маълумоти зарурӣ аз қисми назариявии курс гирд оварда, ҳандасаи амалиро бо мисолу масъалаҳо шарҳ медиҳад.
Аз ин ҳама кӯшишҳо пайдост, ки илм дар байни ҷомеа рушд ёфта, талаботи донишҷӯи муосир нисбат ба омӯзиши фанҳо афзудааст.
И. НУЪМОНОВ,
устоди филиали Донишгоҳи
технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.03.2018    №: 59-60    Мутолиа карданд: 291

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед