logo

иқтисод

ДАНҒАРА. ҚАДАМҲОИ БОЭЪТИМОДИ РУШДИ САНОАТӢ

Дар ноҳия имрӯзҳо яке аз бахшҳои муҳими иқтисод - саноат рӯ ба пешрафт дорад. Давоми 3 соли охир 10 корхонаи  истеҳсолӣ ба фаъолият пардохт. Аз рӯи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маҳсулоти саноатии ноҳия дар ин давра ба 1 миллиарду 43 миллион сомонӣ расида, назар ба истеҳсолоти кишоварзӣ, ки соли гузашта 780 миллион сомониро ташкил дод, 1,5 баробар афзуд.

Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳия қадами устуворе дар роҳи аз кишвари аграрию саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Ҳоло шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ба 36 адад расидааст. Калонтарин корхонаи саноатии Данғара, ки дар минтақа беназир аст, маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Син Силу Текстил» аз чор самти истеҳсолӣ - ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва рангубор иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани корхона зиёда аз 6 ҳазор сокини мамлакат соҳиби ҷои кори доимӣ мегардад. Моҳи сентябри соли 2016 марҳилаи аввали ин маҷмааи нассоҷӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Дар навбати аввал соли 2017 зиёда аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин ва 26 ҳазор тонна нахи пахта коркард гардид.
Ба роҳ мондани фаъолияти муназзами чунин корхонаҳо ба кам шудани маҳсулоти воридотӣ, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар замина мегузорад. Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Тоҷи Осиё», «Сулаймон», «Ю Сервис», «Меҳровари Худобахш», «Грин – Голд», «Каёнӯш» метавонад барои зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ заминаи боэътимод гузорад. Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 28 субъекти истеҳсолӣ ба қайд  гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии сармояи онҳо  зиёда аз як миллиард сомонӣ аст, ки нисбат ба дигар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар нишондиҳандаи баландтарин ба ҳисоб меравад. Дар минтақа 8 субъект бо сармоягузории дохилӣ ва 20 субъект бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият дорад.
- Сохтмони корхонаҳои коркарди нафт, конструксияҳои маҳаллӣ ва намак бо ҷалби сармоягузории хориҷию дохилӣ идома дорад, - гуфт, зимни суҳбат раиси ноҳия Маҳмадулло Сайдализода.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади азхудкунии заминҳои нав, таъмини корхонаҳои саноатии ватанӣ бо ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави кор ва дар ин замина афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолию иқтисодӣ беш аз 575 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2018    №: 61    Мутолиа карданд: 508
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед