logo

иқтисод

АКНУН НАВБАТИ АМАЛ РАСИД

21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ бо иттифоқи орои роҳбарони кишварҳои узви созмон барои роҳандозии  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” қатънома қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7 - уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Мутобиқи қатъномаи мазкур Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22  марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Қабул гардидани ташаббуси Сарвари Тоҷикистон эътирофи миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи башарист. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню - Йорк дар ҳошияи маросими оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар чорабинии муштараки Тоҷикистон ва кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зимни суханронӣ қотеона таъкид карданд: « Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст. Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳимияти чунин стратегияро таъкид менамояд».
Таъминоти об танҳо проблемаи минтақавӣ набуда, балки мушкилии умдаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Бар асари гармшавии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ норасоии об торафт шадидтар шуда, то соли 2030 боиси он мегардад, ки зиёда аз 40% - и сокинони сайёра аз оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат бо дарки ин мушкилии сокинони сайёра борҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб намудаанд.
“Ҳадафҳои бар асоси ин ташаббусҳо гузошташуда, хеле наҷибона, инсондӯстона ва оқилонаву саривақтӣ буда, онҳо ба бартараф намудани мухолифатҳои байни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои об, фароҳам овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии боз ҳам шадидтар шудани танқисӣ аз захираҳои об равона шудаанд. Чорабиниҳои номбурда имкон медиҳанд, ки сиёсатмадорон, иқтисодчиён, олимону коршиносони соҳа, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тариқи мубоҳисаҳои созанда ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои соҳа муваффақ шаванд”, - изҳор доштанд Пешвои миллат.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори тамоми қатъномаҳои дар даҳсолаҳои охир қабулнамудаи СММ оид ба об мебошанд. «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013» ва ахиран Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” аз ҷумлаи ташаббусҳои башардӯстонаи Сарвари давлатанд.
Аҳлиддин АСОМИДДИНЗОДА,
мутахассиси пешбари Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 298
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед