logo

иқтисод

ТОҶИКОБОД. ЗАМИНРО БОСАМАР ИСТИФОДА БАРЕМ!

Кормандони идораи замини ноҳияи Тоҷикобод дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи замин корҳои муайянеро ба сомон мерасонанд.
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, дар бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротии ноҳия ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Иқлими ноҳия барои парвариши меваҳои гуногун, хусусан  нок, себ, зардолу ва гелос хеле мувофиқ аст.  Имрӯзҳо аҳли заҳмати ноҳия майдони боғотро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида зиёд намуда истодаанд. Тавре сармутахассиси идораи замини ноҳия Муқимҷон Шарифов зимни суҳбат иттилоъ дод, кишоварзони ноҳия бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳо баҳри бунёди боғҳои нав дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида нақша доранд, ки ин баҳор дар майдони 18 гектар боғи нав бунёд намоянд.
Ҳоло майдони боғ дар ноҳия 473 гектарро ташкил медиҳад. Санҷиш нишон дод, ки дар ноҳия 18,21 гектар боғ мутобиқ ба иқлим дар заминҳои лалмӣ - талу теппаҳо бунёд гардидааст. Кормандони идораи замини ноҳия, корхонаи «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва хоҷагиҳои деҳқонӣ соли гузашта дар 5 гектар замини лалмӣ боғ бунёд намуданд ва айни ҳол сабзиши ниҳолҳои шинондашуда хуб мебошад. Дар деҳаи Капалии Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об тирамоҳи соли гузашта дар майдони 1,3 гектар қитъаи боғи намунавии интенсивии нок  бунёд гардид.
 Дар самти риояи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар давоми соли сипаришуда  идораи замини ноҳия  62 ҳолати истифодаи ғайриқонунии заминро ошкор намуд. Барои пешгирӣ ва бартараф кардани қонуншиканиҳои вобаста ба замин тадбирҳои қотеона амалӣ мешаванд.
Санҷиш оид ба истифодаи заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон низ камбудиҳои зиёдро ошкор сохт. Аз ин рӯ, ҳар як роҳбари хоҷагӣ барои бартарафсозии камбудиҳо  дастур гирифта, шартномаҳои бас-ташуда барои истифодаи қитъаҳои замини ёрирасони шахсии шаҳрвандон бекор карда шуданд. Зеро истифодаи замин бояд бемуҳлат ва таҳти назорати ҷамоатҳои деҳот ба роҳ монда шавад. Соли гузашта, ҳамчунин, 30 гектар замини бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дохил  карда шуд, ки аз ин ҳисоб ҳар сол ба кумитаи андози ноҳия 15 ҳазор сомонӣ маблағ ворид хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин иқдомҳо истифодаи босамари ҳар ваҷаб замин арзёбӣ мегардад.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 352
06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед