logo

иқтисод

ПАЖӮҲИШ. САМАРИ РАНҶ ГАНҶ АСТ

Пажӯҳишгарони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ соли гузашта дар самти низоми беҳтарини обёрии зироатҳои кишоварзӣ бо усули ҷӯякҳо ва технологияи обёрии қатрагии боғҳои ангур ҳамчун технологияи нави инноватсионӣ дар шароити Тоҷикистони марказӣ таҳқиқоти манфиатбахши амалӣ анҷом доданд. Яраш Пӯлодов, мудири шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва таҳқиқоти илмию маърифатии пажӯҳишгоҳи мазкур, доктори илми кишоварзӣ, дар ин бора чунин изҳори назар кард.

- Яке аз омилҳои асосии бештар гардондани ҳосилнокии зироатҳо дар асоси технологияи агротехникӣ ба роҳ мондани реҷаи мувофиқи обёрӣ мебошад.
Афсӯс, ки дар шароити истеҳсолот истифодабарони замин, деҳқонону хоҷагидорон ба ин масъала беаҳамиятӣ карда, то 40 – 50 дарсади ҳосилро талаф медиҳанд. Чанд сол аст, ки олимони пажӯҳишгоҳи мо якҷоя бо пажӯҳишгоҳҳои илмӣ – таҳқиқотии гидромелиоратсия ва зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ барои муайян намудани реҷаи мувофиқи сарфакорона истифода бурдани об ва ҳосили баланд ба даст овардан аз зироатҳои кишоварзӣ таҷриба мегузаронанд. Аз ҷумла, мо дар хоҷагии «Зироаткор» - и шаҳри Ҳисор дар майдони 7,5 гектар таҳқиқоти илмӣ гузарондем. Таҷрибаи дар замини ин хоҷагӣ гузаронда собит намуд, ки риоя намудани низоми мувофиқи обёрӣ обро хуб сарфа мекунанд. Агар дар обёрии пахтазор, зироатҳои ғалладонагӣ, ҷуворимакка ва амсоли онҳо меъёри мувофиқи обёриро ба роҳ монем, дар ин ҳолат об дар як гектар аз 20 то 25 дарсад сарфа мешавад. Ин таҷриба аввал тӯли 3 - 5 сол дар қитъаҳои хурд аз санҷиш мегузарад ва баъд амалӣ шуданашро дар қитъаҳои калонтар тавсия медиҳем. Дар натиҷаи риоя намудани реҷаи обёрӣ дар хоҷагӣ 24 дарсад об сарфа шуд. Самаранокии иқтисодӣ аз як гектар қариб 1100 сомониро ташкил дод.
Вобаста ба маданияти истифода бурдани замин  то 30 дарсад фоида ба даст меояд. Барои вилояти Суғд, водии Вахш ва минтақаи Кӯлоб бояд аз нав таҷрибаҳои илмӣ гузаронем. Натиҷаҳо дар ин минтақаҳо бо назардошти шароиту таркиби хок ва иқлим дигар мешаванд. Илм исбот кардааст, ки дар шароити Тоҷикистони марказӣ пахта бояд аз як гектар 100 – 120 сентнер ҳосил диҳад.
Усули дигар, ки дар Маркази илмӣ – таҳқиқотии «Ҳисор» - и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 1, 6 гектар истифода бурдем, татбиқи технологияи обёрии қатрагии боғҳои ангур ҳамчун технологияи нави инноватсионӣ дар шароити Тоҷикистони марказӣ буд. Масалан, агар меъёри обдиҳии зироат бо усули ҷӯякҳо 7 - 8 ҳазор метри мукааб дар як гектар бошад, ҳангоми бо усули қатрагӣ об додан сарфаи об то 50 дарсад мерасад. Ҳосилнокӣ 2 – 3 баробар меафзояд. Бо ин усули обдиҳӣ дар як гектар ба ҳисоби миёна 2 – 3 ҳазор метри мукааб об масраф мегардад. Ҳангоми обёрии қатрагӣ аз ҳар гектар боғи ангур даромади иловагӣ 3 ҳазору 115 сомониро ташкил дод. Деҳқонон метавонанд аз ин усул дар қитъаҳои хурд ва заминҳои наздиҳавлигӣ истифода бурда, ҳосили дилхоҳу фоидаи бештар бигиранд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 317
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед