logo

иҷтимоиёт

ФЕСТИВАЛИ ОБ ДАР ШУҒНОН

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Об Умед” дар доираи барномаи “Эҳёи анъанаҳои аҷдодии идоракунии захираҳои об дар манотиқи кӯҳистон” дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 Ҷамоати деҳоти Поршнев   бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатии ноҳия, ҷамоати деҳот,  раисон, омӯзгорону толибилмон ва васоити ахбори омма бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об фестивал доир гардид.
Муовини раиси ноҳия Гулғунча Саидарабова зимни суханронӣ зикр кард, ки имсол аз 22 март Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, расман оғоз гардид. Боиси ифтихори мост, ки роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари масъалаҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба проблемаҳои ҷаҳонӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ва ба мо - тоҷикистониён зарур аст, ки пеш аз ҳама, баҳри иҷрои иқдомҳои башардӯстонаи Роҳбари давлатамон бештар кӯшиш намоем.
Зикр карда шуд, ки айниҳол таъмини сокинон ва кишоварзон бо об дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Дар фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Об Умед” бошад, диққати асосӣ ба таъмин кардани тақсимоти одилонаи об миёни обистифодабарандагон  дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоат равона гардидааст. Ба ғайр аз ин, ба ҷалби бештари сокинон, аз ҷумла занон, ҷавонон ва толибилмони макотиб, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи захираҳои об, тоза нигоҳ доштани гирду атрофи сарчашмаҳои об диққати лозимӣ равона гардида, дар ин самт пайваста аксияҳо ва дигар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир мегарданд.
Хоҷамир ҚУРБОНБЕКОВ,
ноҳияи Шуғнон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.2018    №: 62-63    Мутолиа карданд: 229

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед