logo

ҳуқуқ

ШАРАФМАНДӢ. НАХУСТМАРОСИМИ ГУСЕЛИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Рӯзи 2 апрел дар комиссариатҳои ҳарбии аксар шаҳру навоҳии мамлакат маросими гусели аввалин даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар фазои тантанавӣ доир шуд. Чунин як маросими тантанавӣ дар комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ баргузор гардида, дар ҳузури доираи васеи алоқамандон ва падару модарон 150 нафар ҷавони ватандӯсти шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.
Дар чорабинии тантанавӣ Муртазо Қурбонов, комиссари ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суханронӣ карда, иброз дошт, ки ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстӣ даъват мешаванд. Артиши миллии мо ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим мебозад.
Дар ин рӯз барои гусели наваскарон дар баробари падару модарони онҳо як гурӯҳ  интернатсионалистони ҷумҳурӣ низ ширкат карда, ба даъватшавандагон аз солҳои хизмати ҳарбии худ нақл карда, ҷавононро ба ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ даъват карданд. Аз ҷумла, Ибодулло Шарифов, муовини раиси интернатсионалистони ҷумҳурӣ, зимни баромад ба даъватшавандагон муроҷиат карда гуфт, ки шумо бояд аз хизматҳои падару бобоҳои худ ибрат гирифта, дар ҳифзи Ватани аҷдодии худ ҳамеша омода бошед.
И. Ҷӯрабекова, модари як даъватшаванда, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки имрӯз писари сеюмашро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гесел мекунад, ки ду писари калониаш низ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, аз ин мактаби ҷавонмардӣ бо сарбаландӣ гузаштаанд.
- Ҳангоми дар хизмат будани онҳо фармондеҳонашон борҳо занг зада, аз рафторашон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ ситоиш карданд, ки боиси рӯҳбаландии мо гардид. Дар байни дигар модарон сарам ба осмон расид, ки фарзандонам қарзи ватандории  худро иҷро намуданд, - изҳор дошт И.Ҷӯрабекова.
Дар маросими тантанавии гусели наваскарон ансамбли «Шараф» - и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи  консертиро манзур намуд, ки барои ҷавонони даъватӣ ва волидони онҳо хотирмон буд.  
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.04.2018    №: 67    Мутолиа карданд: 323

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед