logo

фарҳанг

КУЛЛИЁТИ АЙНӢ ДАР 27 ҶИЛД НАШР ХОҲАД ШУД

Олимони кишвар нақша доранд  ба шарафи 140 – солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Сад-риддин Айнӣ, куллиёти нави ӯро дар 27 ҷилд аз  нав ба чоп омода созанд. Ба ин хотир олимон феҳристи пурраи асарҳои чопшуда ва ҳам нашрнагардидаи Айниро тартиб дода, дар ин самт аллакай корҳоро оғоз намудаанд.
Қаблан «Куллиёти Садриддин Айнӣ» дар  15 ҷилд  чоп шуда буд. Аммо баъдтар Камол Айнӣ, фарзанди устод, баъзе китобҳои ӯро чоп намуд, ки онҳо ба куллиёт ворид нагардида буданд. Ба ҷуз ин, баъзе аз қисмҳои осори устод аз сабаби он, ки ба сиёсати давр мувофиқат намекарданд, дар замони шӯравӣ чоп намудани онро салоҳ надонистанд ва аз куллиёт ихтисор намуданд.
- Ба ин мақсад соли 2017 ҳайати тадорукот ташкил намуда, осори устод Садриддин Айниро дигарбора омӯхта, онро бо мавзӯъҳои алоҳида ҷудо намудем. Аз рӯи табақабандии мавзӯъҳо танҳо осоре, ки худи устод чоп намудаанд, ба 26 ҷилд расид. Баъзе шеър, қитъа ва қисмҳои осори Айнӣ, ки бо сабабҳои гуногун қаблан чоп нашуда буд, акнун барқарор мешаванд, ки дар маҷмӯъ куллиёт аз 27 ҷилд иборат мешавад, - мегӯяд Сахидод Раҳматуллозода, директори Инстиути  забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси  хаттии  ба номи Рӯдакии Академияи  илмҳо.
Ба иттилои ӯ ҷилди якуми куллиёт, ки назми Садриддин Айниро дар бар мегирад, ҷамъоварӣ ва аллакай барои чоп омода шудааст. Он наздики 1000 саҳифаро дар бар мегирад. Ҳоло кор дар атрофи ҷилдҳои дигари  куллиёт идома дорад.
Нусхаи электронии осори дигари устод омода ва муҳақиқони ҳар ҷилд муайян шудаанд. Онҳо олимони варзидаву шинохтаи соҳа Аламхон Кӯчаров, Абдулҳай Маҳмадаминов, Шоҳзамон Раҳмонов, Абдухолиқ Набавӣ ва кормандони институт мебошанд.
Ҷилди дуюм асарҳои таълимӣ, ҷилди се «Ҷалодони Бухоро» ва «Одина» - ро дар бар мегирад, ки дар назар аст то рӯзи ҷашн  дастраси хонандагон гардад. Тибқи нақша то охири сол бояд, ки 7 ҷилди дигари куллиёт такмил ёфта, бо тавзеҳоташон ба чоп омода шаванд.
- Осори Садриддин Айнӣ осори ҷовидонист. Ҳар боре, ки хонанда онро мутолиа намояд, аз он барои худ чизи нав пайдо карда метавонад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки онро дигарбора рӯи чоп орем, - мегӯяд Сахидод Раҳматуллозода.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 460

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед