logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ТАБЛИҒГАР ВА ҲОМИИ ОЗОДИҲОИ БОНУВОН

Замони зиндагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба даврае рост меояд, ки дар мамлакат дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба амал омаданд. Яке аз ҳодисаҳои муҳим ба вуқӯъ омадани инқилоби Октябр буд, ки дар ҳаёти мардум тағйироти куллӣ ба бор оварда, ба Бобоҷон Ғафурову ҳамзамонони ӯ бетаъсир намонд.
Ин сиёсатмадори барҷаста ва олими шинохта нахуст фаъолияташро аз кори матбуот оғоз кард. Солҳои 20 - 30 – юми асри гузашта мақолаву фелетонҳояш мунтазам дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Пролетари Хуҷанд» ва «Қизил Тожикистон» ба табъ расиданд. Мавзӯи меҳварии матолибаш дар нашрияҳо аз масъалаҳое чун маҳви бесаводӣ, озодии занон ва баробарҳуқуқии онҳо бо мардон иборат буданд. Зеро бо вуҷуди он ки дар Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон баробарҳуқуқии зану мард дарҷ шуда буд, ҳанӯз ҳам поймол шудани ҳуқуқи занҳо аз ҷониби баъзе амалдорону рӯҳониёни давр ба назар мерасид. Бобоҷон Ғафуров ин рафтори онҳоро маҳкум намуда, ба сифати “аввалин сарбози инқилоби маданӣ” ба мубориза бархост. Аз ҷумла, масъалаи озодии занон дар мақолаҳои «10 сол ва зани озодшуда», «Ҷашни ботантана», «Озодии занон ва дин» ба таври нишонрас таҳлилу баррасӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки ин масъала аз назари таърихшиносону пажӯҳишгарон дур намонд. Бо таваҷҷуҳ ба ин хидмати мондагори Бобоҷон Ғафуров профессор Иброҳим Усмонов дар рисолаи «Журналистикаи Бобоҷон Ғафуров» менависад: «Масъалаи озодии занон аз масъалаҳои умда ба ҳисоб мерафт. Бобоҷон Ғафуров ин масъаларо ба шакли умумӣ ва баланд таблиғ мекард. Зеро озодиҳои демократии шӯравии солҳои сиюм васеътар аз демократияи онвақтаи Ғарб буд: баробарии зану мард, нажод, мубориза ба муқобили мустамликадорӣ, ҳифзи ҳуқуқи коргарон - чунин ақида ва мубориза барои он дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ зуҳуроти нав буданд».
Бобоҷон Ғафуров дар арафаи 10 - солагии ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон мақолаи «Ҷашни ботантана» (маҷаллаи «Бо роҳи Ленинӣ», соли 1939, №10) - ро навишта, дар он нақши инқилоби Октябрро дар пешрафти хоҷагии халқ ва маданияти Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мекунад. Ҳамчунин, сухан дар бораи 10 соли озодии занон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа меравад. Ба гуфтаи муаллиф, пеш аз инқилоб занону духтарони тоҷик ҳаёти пуразоб ва пурмашаққатро аз сар гузаронда, дар зери фишору зулм қарор доштанд. Пасон муаллиф дирӯзро бо имрӯз муқоиса менамояд: “Ҳоло занони Тоҷикистон ҳаёти хушбахтона, осудаҳолона ва маданӣ сохта истодаанд. Занони Тоҷикистон ҳоло тракторсавор, самолётрон ва дар фабрикаю заводҳо фармонфармои мошинаҳои мураккаб гаштанд”. Муаллиф дар ин матлаб таъкид мекунад, ки занонро аз зери фаранҷӣ озод карда, онҳоро ба корҳои ҷамъиятию давлатӣ ва истеҳсолот ҷалб намудан ба манфиати давлат аст.
Мақолаи дигари маҷалла (1940, №2) «Ба муқобили боқимондаҳои феодалӣ-боӣ дар муносибат ба занон» мебошад, ки дар он сухан оид ба  рӯзгори пурмашаққати пешазинқилобии занону духтарон меравад. Чуноне Бобоҷон Ғафуров менигорад, занону духтарон дар ин давра ҳаёти талхи ғуломонаро ба сар мебурданд ва ҳатто харидуфурӯши онҳо роиҷ буд. Аммо инқилоб ба ин бесарусомониҳо хотима бахшида, «якумин бор дар таърихи башарият баробарҳуқуқии занон эълон карда шуд». Ба ибораи дигар ба рӯйи занон дари бахту иқбол боз шуд ва онҳо акнун имкон пайдо намуданд, то дар корҳои давлатдорӣ, ҷамъиятӣ ва мадании кишвар фаъолона ширкат варзанд.
Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муборизи роҳи озодии занон хостори ба корҳои ҷамъиятӣ пайвастани онҳо буд ва ин масъаларо дар сатҳи баланд таблиғ мекард. Дар нигоштаҳояш пешравиҳои бонувони тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо ифтихор номбар карда, онҳоро бовар мекунонд, ки ҳаёти босаодаташон ҳанӯз дар пеш аст.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.04.2018    №: 68    Мутолиа карданд: 439

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед