logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад


КАЛОН Ё ХУРД?
Рақамҳои аз 1 то 5 – ро дар катакчаҳои холӣ тавре ҷой диҳед, ки дар ҳар қатор ва сутун дубора такрор нашаванд ва ба амалҳои хурду калон мувофиқ бошанд.
Масъули рубрика Зулола Бобораҷабова
Матни ҷавоби муамморо  расм гирифта, ба мо ирсол намоед! 93-547-00-05 Вайбер, Bzm_701@mail.ru  (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!  Телефон: 238 - 53 - 40


НОБИНО ВА БАҲОР
Аврупо. Дар яке аз серодамтарин кӯчаҳо марди нобиное машғули талбандагӣ ва миёни дастони ларзонаш ба ин мазмун навиштаҷоте дошт: «Илтимос кумак намоед!». Одамони раҳгузар камтаваҷҷуҳ буданд, магар ки дар кулоҳи назди он оҷиз ҳамагӣ чанд танга менамуду халос. Дар ҳамин вақт аз миёни анбуҳи одамон нафаре ба мард наздик шуду навиштаҷотро аз дастонаш гирифт. Баъди лаҳзае зеҳн мондан, чанд калимаи дигар болои он навишт ва пеш аз он ки як миқдор пули майда ба кулоҳ андозад, навиштаҷотро ба соҳибаш бозгардонду роҳашро идома дод.
Фардо марди нобино ҳис кард, ки ҳамон роҳгузар ба ӯ наздик мешавад. Бо чашми дил ӯро шинохт ва пурсид:
- Эй марди Худо, дирӯз шумо чӣ ҳарфе болои ин навиштаҷот зам кардед, ки таваҷҷуҳи мардум бар ман афзуд ва қутти лоямутам зиёд шуд?
- Ман ягон сухани ноҷое нанавиштам, - посух гуфт роҳгузар, ки лаҳнаш хеле дилнишин буд. Вале талбанда бо ин қаноат накард ва хоҳиш намуд, ки он мард навиштаашро ба овози шунаво хонад.
Роҳгузар дили нобино намонад гуфта хонд:
- «Медонам, ки ҳоло баҳор аст, вале ман онро намебинам».
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


МОДАР Ё ҚИССАИ ЯК ФИДОӢ
7 декабри соли 1988 дар шаҳри Спитаки Арманистон зилзилаи мудҳиш ба амал омад, ки дар пайи он зиёда аз 25 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод. Шаҳр харобазорро мемонд.
Лаҳзае, ки ба хотири қурбониён дақиқаи хомӯшӣ эълон шуд, садои гиряи тифле ҳозиринро ба ҳайрат овард. Мардуми ҳайратзада ҳама ба тарафи садо шитофтанд. Садо аз таги девор буд. Вақте девори вазнини бетониро бардоштанд, манзараи аҷиберо диданд.
Зане бо як даст девори чаппашударо дошта истода, барои наҷоти тифлаш чуқурӣ кандааст. Манзараи дигари ҳузнангез ин буд, ки модар пистон дар даҳони ҷигарбандаш ҷон додааст. Вақте ки қаҳрамонзанро ҳамроҳи тифли фориғ аз ҷонбозиҳои модар берун оварданд, хуни нӯги ангуштонашро шахшуда ёфтанд. Маълум буд, ки модар барои фарзандаш замини сахти хонаро бо панҷаҳояш кандааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЯК ПАНД
Оё медонед, ки мо барои анҷоми амалҳои беақлона аксар вақт аз ақл истифода мекунем.


БАҲС
Аврупоиҳо андеша доранд, ки гурхар (зебра) сафед асту рахҳои сиёҳ дорад. Африқоиҳо мегӯянд, ки не, гурхар сиёҳ асту рахи сафед дорад.
Андешаи кадомаш дуруст аст? Ба кӣ бовар намоем?
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


ҲАВЗИ МУАЛЛАҚ
Ин ҳавз, ки комилан шаффоф аст, дар Лондон ҳамчун пул байни ду ошёнаи баланд сохта шудааст. Он дар баландии 33 метр ҷойгир буда, 375 метри мукааб об мебарад.
Барои сохтани чунин ҳавзи ғайриодӣ шишаи ғафсиаш 20 сантиметраро истифода бурдаанд, ки арзиши он 1,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Худи иморат ба аквариум монандӣ дорад, на ба ҳавзи шиноварӣ. Одамоне, ки дар он оббозӣ мекунанд, имкон доранд ҳамзамон аз тамошои манзараҳои мафтункунандаи Лондон ҳаловат баранд.
Таҳияи Гулистони Қадамсаид


ЭМГУЗАРОНӢ
Эмгузоронӣ дар тибб амале маҳсуб меёбад, ки ба воситаи он ягон навъи бемориро  пешгирӣ менамоянд. Бисёриҳо андеша доранд, ки онро бори аввал табиби англис Ҷенер Эдвард гузарондааст.
Аммо дар асл чунин нест. Коршиносон собит намуданд, ки ин технология ба Аврупо соли 1724 аз Шарқ гузаштааст. Дар Шарқ кӯдаконро барои пешгирӣ аз бемории нағзак (оспа) эмгузаронӣ менамуданд. Аврупоиҳо баъд аз 50 сол ин амалро кашф намуданд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


3. КАРЛИ БУЗУРГ
Шоҳи франкҳо, ланго-бардҳо ва императори Ғарб буд. Карл ҳангоми зинда буданаш мақоми бузургро касб намуд. Маҳз тавассути номи ӯ сулолаи Пипинидҳо минбаъд номи сулолаи Каролингҳоро гирифт, ки чанд садсола ҳукмронии Аврупоро бар дӯш дошт.
Карл вақти ҳокимиятро ба даст гирифтанаш ҳамагӣ 21-сола буд.
Таҳияи Умар АЛӢ


1000000 ДОЛЛАР НАРХИ АТР
Дар ҷаҳон ашёи гаронарзиш ба монанди телефон, автомобил, пойафзол хеле зиёд шуда истодаанд. Новобаста аз арзиши гаронашон онҳо дар ҳаёти ҳамарӯза васеъ истифода бурда мешаванд.
Инак, аз чанд намунаи онҳо бароятон маълумот медиҳем.
Меҳмонхона
«Royal Penthose Suite  President Wilsom» номи меҳмонхонае дар Женева мебошад, ки будубош дар он барои як шабонарӯз 65 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Атр
Ин атр «DKNY Delicious» ном дорад. Арзиши ин атр 1 миллион долларро  ташкил медиҳад. Он бо 2909 санги қиматбаҳо,  аз ҷумла бо 2700 санги нуқрагин оро дода шудааст. Вазнаш 2,28 килограмм  мебошад.
Мусаввара
«Симои олиҳа» (“Головы музы”) мебошад, ки  арзиши он 47,9 миллион доллар аст. Соли 2009  арзиши мусаввара ҳамагӣ 20 доллар  буд, баъдан нархашро тағйир доданд.
Таҳияи Кароматулло РАҲМАТОВ


БАЪДИ 73 СОЛ
Виктор Талалихин (1918-1941), муовини қумондони эскадриляи 177-уми полки қиркунандаи  авиатсионии мудофиаи зиддиҳавоӣ. 
Виктор Талалихин ҳанӯз дар ҷабҳаи Иттиҳоди Шӯравию Финландия ҷангида буд. Бо самолёти дуқанота 4 бомбаандози душманро оташ зада буд. Минбаъд дар омӯзишгоҳи ҳарбии ҳавоӣ хизматро идома дод.
Моҳи августи соли 1941 яке аз аввалинҳо шуда дар ҷанги шабона таран кард, яъне бо самолёташ бомбаандози фашистиро зада ғалтонд. Сахт ҷароҳат бардошта бошад ҳам, тавонист бо парашут худро ба замин партофта ба саф баргардад.
Баъдтар Талалихин боз 5 самолёти немисҳоро зада афтонд. Моҳи октябри соли 1941 дар фазои Подолск қиркунандаи ӯро низ оташ заданд. Баъди гузашти 73 сол, соли 2014 пайшиносон самолёти Талалихинро аз ботлоқзор ёфтанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


СТАЛИН ВА ХОБИ МАРШАЛ
Муҳорибаҳои назди Маскав, тирамоҳи соли 1941, дар ҳаёти ҷангии Жуков аз сангинтарин рӯзҳо ёд мешаванд. Баъди ҷанг худи маршал дар суҳбат бо генерал Эйзенҳауэр инро тасдиқ карда мегӯяд, ки воқеан аз ҳама бори вазнинро дар ҳамон лаҳзаҳо бар дӯш доштааст. 
Аз 16 октябр то 6 декабри соли 1941 Жуков ҳамагӣ ду соат дар як шабонарӯз мехобидааст. Ва барои он ки неруи худро барқарор кунад, як лаҳзаи кӯтоҳ ба варзиш машғул шуда, зуд-зуд қаҳваи талх менӯшидааст.
Вақте шиддати муҳориба дар назди Маскав паст мешавад, Жуков якбора чунон ба хоби гарон меравад, ки ҳатто бедор карданаш ғайриимкон мегардад.
Аз ташвиши зиёд худи Сталин ду бор занг мезанад. Ҳар ду дафъа ҳам ба доҳӣ посух медиҳанд, ки Жуков хоб аст ва ҷуръати хезондани ӯро надоранд.
- Маршалро бедор накунед, то худаш аз хоб нахезад,- бо тамкин мегӯяд Сталин.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА,
донишҷӯи соли аввали Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон


ШАРШАРАИ «ГУЛУИ ШАЙТОН»
Силсилашаршараҳои Игуасу дар дарёи Игуасу ҷойгиранд ва сарҳади байни давлатҳои Бразилия ва Аргентинаро убур мекунанд. Дарёи Игуасу ба 2,7 километр паҳн шуда, 275 шаршара ба вуҷуд овардааст. Шаршараи аз ҳама калон «Гулуи шайтон» ном дорад, ки дарозии он 700 ва паҳноиаш 150 метрро ташкил медиҳад. Аз тарафи Аргентина роҳ ба шаршара наздиктар бошад ҳам, лекин барои дидани зебоии он аз Бразилия омадан беҳтар аст. Шаршараҳо масоҳати ҳар ду давлатро дар бар мегиранд: 800 метри шаршара ба Бразилия ва 1900 метраш ба Аргентина тааллуқ дорад.
Ин мавзеъ яке аз минтақаҳои машҳур дар Америкаи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин ҷо сайёҳони зиёде барои тамошо меоянд. Туризм дар ин ҷо хуб ба роҳ монда шудааст. Сайёҳон метавонанд дар заврақ то доманаи шаршара шино  кунанд. Барои онҳо меҳмонхона, фурудгоҳ, пайроҳа барои сайру гашт сохта шудааст.
Таҳияи  Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


«SNICKERS» Ё ҲАМОН ЛАБХАНД
Шоколади «Snickers» имрӯз яке аз шириниҳои маҳбуби хурду калон ба ҳисоб меравад. Ин шириниро аввалин маротиба Френк Марс пешниҳод намуда буд.
Ӯ соли 1923 шоколадеро таҳия карда, номашро ба номи аспи дӯстдоштааш, ки «Snickers» ном дошт, мегузорад. Аввалин фабрикаи шоколадбарории «Snickers» соли 1930 дар шаҳри Чикагои Амрико ба кор шурӯъ мекунад. «Snickers» калимаи англисӣ буда, ба тоҷикӣ «лабханд» тарҷума мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки аввалин ширинии «Mars» - ро низ Френк ихтироъ намуда буд. Ӯ соли 2005 аз фурӯши ин навъи ширинӣ 2 миллиард доллар фоида дидааст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


РОБОТ КАДОМ КИШВАР ПЕШСАФ АСТ?
Кишварҳои пешрафтаи дунё дар соҳаҳои гуногун  аз роботҳо хеле васеъ истифода мебаранд. Коршиносон бар он назаранд, ки истифодаи робот дар коргоҳҳо одатан одамонро иваз менамоянд. Аз рӯи маълумот дар корбарии роботҳо мақоми аввалро Олмон ишғол мекунад. Кишварҳои Словакия, Испания ва Италия дар рӯйхати панҷгонаи истифодабарандагони робот қарор доранд. Фаронса аз ҷиҳати истифодаи роботҳо дар соҳаи мошинсозӣ дар Аврупо ҷойи дувумро ишғол менамояд. Танҳо давоми як соли охир шумораи роботҳои дар ин самт истифодашаванда наздик ба 22 дарсад афзудааст. Алҳол дар 10 ҳазор ҷойҳои кории ин кишвар, 940 робот фаъолият дорад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


200 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ЯК ФИЛМ
Филми ҳунарии «Бузургҷуссаи меҳрубон» таҳти унвони «Вақте ки дӯстат бузургҷусса аст, туро ҳодисаҳои бузург интизоранд» бо арзиши 46 миллион доллар садрнишини ҷадвали «Бокс офис» гардид.
Филми мазкурро коргардони номдор Стивен Спилберг аз рӯйи филмномаи Мелисса Мэтисон ва Роалд Дал ба навор гирифт. Нақшҳои асосиро дар ин филм ҳунарпешаҳои маъруфи Ҳолливуд: Марк Райлэнс, Руби Барнхилл, Пенелопа Уилтон, Ребекка Холл ва дигарон иҷро кардаанд. Достони филм аз инъикоси ҳодисаи як гурӯҳ қаҳрамонҳои афсонавию ғариб  шурӯъ шуда, то ба охир рағбатангез ҷараён мегирад.
Филми ҳунарии «Бузургҷуссаи меҳрубон» соли 2016 дар Амрико аз ҷониби ширкати синамосозии «Уолт дисней пикчерз» ва «Дреам Воркс» дар жанромезишҳои тахайюлӣ, оилавӣ, афсонавӣ ва саргузаштӣ бо харҷи 140 миллион доллар наворбардорӣ гардид. Ин маҳбубияти филм сабаб шуду он то имрӯз зиёда аз 200 миллион доллар фоидаи соф овард.
Таҳияи Кароматулло РАҲМАТОВ


ДАРАХТИ ХУНИН
Дарахти заранд, ки онро «дарахти хунин» ҳам меноманд, дар ҷануби Африқо мерӯяд. Он аз худ шарбати сурхи сиёҳтоб мебарорад. Дарахт аз 12 то 18 метр қад дошта, шохҳои чатрмонанди базеб ва гулҳои зард дорад.
Зоҳиран дарахт аз дигар дарахтон фарқе надорад, вале агар онро буред, ё шохашро шиканед ҳубобчаҳои хунин пайдо шуда, аз он моеи хунмонанд равон мешавад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ СОБУН
Собун аввалин бор тахминан соли 600 пеш аз милод дар минтақаи баҳри Миёназамин истеҳсол шудааст. Барои тавлиди он равғани зайтун ё ҳайвонро истифода мебурданд.
* * *
Бо гузашти вақт собун вайрон намешавад. Агар он хуб нигоҳ дошта шавад, сол ба сол сифаташ боз ҳам беҳтар мегардад. Яъне, хушбӯии он афзуда, кафки зиёд мекунад ва ҳангоми шустан пӯстро нарму мулоим мегардонад.
* * *
Гаронарзиштарин собуни ҷаҳон «Qatar Royal Soap»  (собуни шоҳии Қатар) мебошад.  Онро на дар Қатар, балки дар Лубнон истеҳсол менамоянд. «Qatar Royal Soap» аз зарраҳои хурди тилло, равғани зайтун ва асал таҳия шуда, бо алмоси суфта оро ёфтааст ва  нархи 100 грамми он 3800 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
* * *
Ҳамасола дар Русия зиёда аз 65 000 тонна собуни дастурӯшӯӣ ва тақрибан ҳамин қадар собуни ҷомашӯӣ истеҳсол мешавад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як кас 5 - тоӣ собуни дастурӯшӯӣ ва 2 - тоӣ собуни ҷомашӯӣ рост меояд.
* * *
Кэрол Вон нафақахӯр аз шаҳри Бирмингеми Англия, ҳамчун дорандаи бузургтарин коллексияи собун дар ҷаҳон ба «Китоби рекордҳои Гиннес» шомил гашт. Ӯ аз тамоми гӯшаи ҷаҳон зиёда аз 5000 намуд собунро ҷамъоварӣ кардааст.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2018    №: 69    Мутолиа карданд: 654

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед