logo

сиёсат

НАСИМИ ДӮСТӢ ВАЗИД...

Гирдобҳои таърих дар охири асри ХХ маро аз Ватан дур кард. Барои хушбахтии фарзандону наберагонам роҳ гирифтам сӯи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Аммо, ҳамин ҳоло ҳис мекунам, ки лаҳзае аз ёру дӯстон, хешу ақрабо, ҳамсояву ҳамдамони дерин ҷудо набудаам.

Дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд» ва дигар матбуоти тоҷикӣ обунааму дар хона низ аз аҳли оилаам қотеона хоҳиш мекунам, ки аз хондани китобҳои тоҷикӣ ва тамошои шабакаҳои Тоҷикистон фориғ набошанд. Худам ҳам ба матбуоти тоҷикии Ӯзбекистон мақолаҳо навишта, дӯстии ду халқро тараннум кардаам.
Дурӣ аз Ватан ба ман бисёр чизҳои ошкору ниҳонро омӯзонд. Ранҷҳое, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ кашидем, ба гуфтан осон аст. Зеро шунидан кай бувад монанди дидан…
Чашми мо акнун дунёи рӯшанро бо ранги дигар мебинад. Ҳастишиносии мо рушд кардааст. Аз ин ба баъд намегузорем, ки бесарусомониҳои солҳои 90 - ум дар кишвари азизамон такрор ёбанд.
Ман ин ҷоям, дуртар аз Ватан, аммо рӯҳи тоҷикии хонаводаамро тағйир нахоҳам дод, зеро мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Яъне, то зиндагист, моро аз хоки хунинофрехтаи хеш ҷудоӣ нест.
Роҳбарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро сано мегӯям. Ибтикору иқдоми башардӯстонаи онҳоро истиқбол мекунам. Чунки онҳо ормону орзуҳои мо барин мӯйсафедони ғарибро ҷомаи амал пӯшонданд. Ба дидори ёру дӯстон ва фарзандонашон расонданд. Бо дили пур мегӯям, ки онҳо савоби халқҳои Худоро ба даст оварданд. Шебу фарози бисёреро дида, ба хулосае омадам, ки ишқи Ватан аз эҳсосоти наҷибтарини ин дунё будааст. Инро аз пиндору гуфтору кирдори авестоии тоҷикони вилояти Сирдарё ҳис мекунам. Онҳо ҳама ошиқона ба Тоҷикистон меҳр меварзанд, аз пешрафташ меболанду ба мушкилоташ дил мекоҳонанд.
Дар сарҳадҳои ду кишвар чи қадар одамон азизони ҳамдигарро оғӯш карда, зор - зор гиристанд. Пиронсолон каф ба дуо кушоданд, мо ҳам то зиндаем, бо қалам, бо сухан ваҳдату ягонагии миллати тоҷикро васф мекунем. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҳар чароғ гирди худро рӯшан кунад, сартосари кӯча мунаввар мешавад».
Муҳаммадшарифи САЛИМ,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.04.2018    №: 69    Мутолиа карданд: 1007

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед