logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. МУРОҶИАТҲО ХУСУСИЯТИ ҶАМЪИЯТӢ КАСБ МЕКУНАНД

Марҳила ба марҳила ҳаллу фасл шудани муаммоҳои мавҷудаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро нисбат ба солҳои пеш коҳиш додааст.

- Муроҷиати феълии шаҳрвандон аз лиҳози мазмуну мундариҷа нисбат ба солҳои қаблӣ фарқ мекунад, - иброз медорад Комилҷон Салимзода, раиси ноҳия, - теъдоди муроҷиаткунандагон рӯз ба рӯз коҳиш ёфта, муроҷиати сокинон аз аҳамияти шахсӣ дида, бештар аҳамияти ҷамъиятӣ гирифтааст. Агар солҳои қаблӣ асоси муроҷиати мардум танҳо ба дастрасӣ ба ёрии молиявӣ маҳдуд буд, ҳоло чунин нест. Феълан қисмати зиёди муроҷиат ва пешниҳоди сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фарогири масъалаҳои ободонӣ, созандагӣ, ислоҳи камбудӣ ва беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, нуқтаву марказҳои хизматрасонист, ки далели пешрафти иқтисодиёти ноҳия, болоравии  сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Бино ба иттилои Ҳомид Исмоилов, мудири шуъбаи назорат ва муроҷиати шаҳрвандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, теъдоди умумии муроҷиати хаттии шаҳрвандон дар се моҳи аввали соли равон 820 ададро ташкил дода, асосан ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, баҳси замин, барасмиятдарорӣ ва соҳибмулки манзилҳо, бинову иншооти дахлдор ва ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони иншоот мебошад. Қабули шаҳрвандон рӯзҳои чоршанбе ва шанбеи ҳар ҳафта ҷараён гирифта, шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногун бевосита ба раиси ноҳия муроҷиат мекунанд.
Ҳоло зиёда аз 30 дарсади хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо баланд бардоштани ҳосилнокии зироату мева даромади хуби молиявию иқтисодӣ гирифта, кори хоҷагиро бидуни қарз аз бонкҳо ба роҳ мондаанд, ки ин омил дигар шаҳрвандонро низ водор месозад, то ба замин рӯ оваранд. Таъсири мусбати ҳамин раванд аст, ки шумораи муҳоҷирони кории ноҳия дар қиёс ба солҳои қаблӣ кам шудааст. Агар пештар дар маркази ноҳия ду - се бозори меҳнатӣ мавҷуд буду садҳо нафар интизори корфармо мешуданд, имрӯз чунин нест. Бо бунёди коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, ташкили хоҷагиҳои дехқонӣ қувваи корӣ соҳиби шуғли доимиву мавсимӣ гашта, зиндагии шоиста ба сар мебаранд.
Ҷовиди АШТӢ «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 272

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед