logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. САҲИФАИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБОТИ ДӮСТОНА

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон минбаъд имкон доранд, ки ҳангоми ворид гардидан ба қаламрави давлатҳои якдигар аз сабти ном дар маҳали иқомат то 30 рӯз озод бошанд. Дар ҳамин ҳол, муҳлати будубоши онҳо аз рӯзи убури сарҳади давлатӣ то 90 рӯзи тақвимӣ муайян шудааст. Заминаи меъёрии ҳуқуқии ин муқарраротро имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам намуд.
Ин ҳуҷҷати муҳим, дар баробари дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду кишвари ба ҳам дӯст, зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи 14 - 15 марти соли ҷорӣ ба тасвиб расид. Татбиқи ин санад дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, бахусус дар бахши танзими муҳоҷират, таъмини ҷойи кор, гардишгариву тиҷорати шаҳрвандони ҳар ду кишвар дорои аҳамияти вижа арзёбӣ мешавад.
Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ҷузъиёти ин созишнома дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» изҳор дошт, ки масоили меҳварии онро шароити будубош, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони тарафҳо ташкил медиҳад. Имзои созишномаи мавриди назар ва дигар санадҳои муҳими ҳамкорӣ, ки дар ҳузури сарони ду давлат, зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона сурат гирифтанд, муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Қазоқистонро вусъати нав мебахшанд.
Ба бовари Нурулло Маҳмадуллозода, дар ҳоле ки Тоҷикистон дорои захираи неруи кор ва талабот дар бозори меҳнати Қазоқистон ба коргарону мутахассисон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд аст, имкон дорад, бар пояи муқаррароти созишнома ҳамкориҳоро дар бахши муҳоҷират бо ин кишвари ба мо дӯст тавсеа бахшад.
- Қазоқистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки шаҳрвандони мо дар ин давлат аз шароити хуби кору вазъи ҳуқуқӣ бархӯрдоранд. Мутобиқи маълумоти рафтуомади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 - ум 12 ҳазору 336 нафар шаҳрванди кишварамон ба Ҷумҳурии  Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуданд, ки онҳо дар соҳаи сохтмон, кишоварзӣ ва тиҷорат шуғл меварзанд. Дар ҳамин ҳол, теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон низ ҳамасола тибқи квота дар Тоҷикистон ба кор ҷалб гардида, дар бахшҳои гуногун фаъолият менамоянд. Дар гузашта бинобар маҳдуд будани муҳлати будубош барои ҳар ду ҷониб мушкилоти гуногун ба миён меомад. Ҳамакнун муқаррароти созишнома барои расмикунонии  будубоши шаҳрвандони тарафҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Зеро қаблан муҳлати бақайдгузорӣ барои муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони кишвари мо дар Қазоқистон 5 рӯз ва муҳлати умумии будубош бошад, 1 моҳ  муқаррар гардида буд. Дар ин муҳлати кӯтоҳ аксари шаҳрвандон, бинобар надонистани қонунгузорӣ ё рост омадани сафарашон ба рӯзҳои истироҳатӣ ва дигар монеаҳои объективию субъективӣ имкони бақайдгузорӣ дар ҷои иқоматро надоштанд. Ҳамин омил боиси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва дар ниҳоят ихроҷи шаҳрвандон мегардид. Ҳоло мавриди амал қарор гирифтани санади мазкур мушкилоти зикршударо аз байн хоҳад бурд. Яъне минбаъд шаҳрвандони мо дар муҳлати 30 рӯзи муайяншуда аз бақайдгирӣ озод буда, дар сурати будубоши онҳо зиёда аз ин муҳлат дар маҳали иқоматашон ба қайд гирифта мешаванд, ки 90 рӯзро ташкил медиҳад. Дар сурати машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бошад, метавонанд дар ин давлат бо гирифтани иҷозати кор муҳлати будубошашонро то ба 1 сол тамдид намоянд, - гуфт Нурулло Маҳмадуллозода.
Ҳамчунин, тибқи созишнома  мақомоти ваколатдори тарафҳо ҳуқуқ пайдо менамоянд, ки мубодилаи иттилоотро доир ба масъалаҳои муҳоҷират, бахусус   оид ба теъдоди шаҳрвандоне, ки муваққатан дар ҳудуди давлатҳои якдигар будубош ва фаъолияти меҳнатӣ  доранд, ба роҳ монанд.  Мубодилаи иттилои мазкур ба фаъолияти самараноки мақомоти ваколатдор ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба нияти ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба имзо расид, ки ба ҳамкориҳо дар ин бахш боз ҳам такон мебахшад. Ба гуфтаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, ин санад аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ба мақомоти ваколатдори тарафҳо имкон медиҳад, ҷиҳати татбиқи таҷрибаи пешрафта дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, лоиҳаҳои муштараки соҳавӣ ва мубодилаи маълумот оид ба талаботи бозори меҳнати якдигар даст ёбанд.
Айни ҳол тоҷикони муқимиро дар Қазоқистон 8 диаспора - марказҳои фарҳангӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба ҳам муттаҳид месозад. Диаспораҳои тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон созмонҳои ҷамъиятӣ буда, дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ иштироки фаъол доранд. Фаъолияти диаспораҳо бо сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳамоҳанг шуда, ҳамзамон, дар таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор ва ҳали мушкилоти пешомада саҳми назаррас доранд.
- Таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти диаспораҳои тоҷикон дар Қазоқистон ва ҳамчунин, дигар давлатҳои хориҷӣ ба муаррифии забону фарҳанг ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ нигаронда шудааст. Мо ҳар сол дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳамаи диаспораҳо форуму конфронсҳо доир намуда, намояндагони онҳоро дар таҳияи механизми танзими муҳоҷират ҷалб менамоем. Кор тавре ба роҳ монда шудааст, ки ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ бо ватани аҷдодии худ ҳамеша дар робита бошанд, - изҳор дошт Нурулло Маҳмадуллозода.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.04.2018    №: 70    Мутолиа карданд: 404

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед