logo

маориф

ОЗМОИШГОҲҲОИ ТАЪЛИМӢ АЗ ОНҲО САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРЕМ!

Дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаи воситаҳои техникӣ ва технологияи муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро маҳз кори озмоишӣ, асосан, барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён пешбинӣ шуда, барои рушди малакаю маҳорати касбии мутахассиси оянда замина мегузорад. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло дар муассисаҳои олии касбӣ нарасидани озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар иртибот ба ин, Фахриддин Ҳайдаров, сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм, гуфт, ки бо мақсади муайян кардани кори озмоишгоҳҳо ва иҷрои машғулиятҳои таҷрибавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба таври доимӣ санҷиш гузаронда мешавад.
- Соли гузашта фаъолияти озмоишгоҳҳои 13 донишгоҳро мавриди санҷиш қарор додем. Маълум шуд, ки дар баъзе лабораторияҳои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи (славянӣ) Русияю Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав корҳои озмоишӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Аммо фаъолияти озмоишгоҳҳои фанҳои техникӣ, технологӣ ва табиатшиносӣ қонеъкунанда нестанд. Барои гузарондани корҳои озмоишӣ аз фанҳои тахассусӣ соатҳои муайян ҷудо карда шуда бошанд ҳам, бо сабаби нарасидани асбобу таҷҳизоти санҷишӣ ва маводи масрафшаванда (реактивҳо) корҳои озмоишӣ пурра ва босифат иҷро намешаванд.
Коршиносон иброз медоранд, ки воқеан ҳам, мустаҳкамии базаи моддию техникии озмоишгоҳҳо дар тайёр кардани мутахассисони навовару ихтироъкор нақши калидӣ дорад. Зеро 50-60 дарсади дасрҳои ихтисосҳои табиатшиносӣ дар озмоишгоҳҳо мегузаранд. Мутаассифона, қисми зиёди асбобҳои лабораторияҳои химия, физика ва биология аз замони шӯравӣ боқӣ мондаву корношоям низ гаштаанд. Дар асоси шартнома мешавад ин таҷҳизоту маҳсулотро аз давлатҳои дигар дастрас намуд, аммо нарх гарон аст. Масалан, соли 2006 бо мақсади аз хориҷи кишвар ворид сохтани чунин маводу таҷҳизот дар назди Академияи илмҳо Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, маводи кимиёӣ ва воситаҳои экспедитсионӣ таъсис ёфт, аммо то ҳол мушкилоти мавҷударо ҳал накардааст.
Ҳамчунин, барои бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта Фахриддин Ҳайдаров аз пардохти гумрукӣ озод намудани воридоти асбобу маводи озмоишӣ, инчуниин, таҳияи лоиҳаҳою ҷалби маблағҳои грантиро ҷиҳати гузарондани корҳои лабораторӣ зарур меҳисобад.
Дар ҳақиқат, мустаҳкамии базаи моддию техникии муассисаҳои олии касбӣ метавонад барои ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмию инноватсионӣ, ҳамзамон, ба истеҳсолот равона намудани натиҷаҳои онҳо мусоидат намояд. Дар замоне, ки мамлакат ба мутахассисони баландихтисоси илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ беш аз пеш ниёз дорад, лозим аст ба ин масъала аҳамияти ҳамаҷониба дод. Чуноне Сарвари давлат таъкид кардаанд: “Бидуни ташаккули зеҳнияти хонандагони соҳибистеъдод ва бе омӯзондани донишҳои муосир, таълими электронӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва ворид намудани технологияҳои нав мо наметавонем ба ҳадафҳои неку ояндасози худ ноил шавем ва рушди минбаъдаи сармояи инсониро дар мамлакат таъмин гардонем”.
Меҳрангез  ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 659
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед