logo

фарҳанг

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ШИНОХТИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Истиқлолияти давлатӣ дар канори дигар тадбирҳои наҷибу муҳим марҳилаи тозаеро дар шинохт ва тақдири хидматҳои бевоситаи олимону донишварон, соҳибназарону ҳунарварон оғоз бахшид. Натиҷаи таҳкими ҳамин рукни барҷастаи сиёсати давлатӣ аз сӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар амри тақдири бузургтарин чеҳраҳои адабиву илмӣ ва сиёсӣ – унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон таъсис шуда, дар қатори дигар абармардони миллат ба академик Бобоҷон Ғафуров низ ин мақоми баланд сазовор дониста  шуд.
Дар баробари ин ки Пешвои миллат хидматҳои бузурги аллома Бобоҷон Ғафуровро дар арсаи сиёсат, илм, фарҳангу маориф тақдир намуда,  унвони баланди Қаҳрамони Тоҷикистонро ба ин фарзанди фарзонаи миллат сазовор дониста, ҳамзамон дар кишвар як ноҳия, 1 донишгоҳ ва чандин муассисаҳои маърифатиро ба номи ӯ гузоштанд, худ дар сафи аввали муҳаққиқон ва мубаллиғони осори ин донишманди соҳибназар қарор гирифта, бо таълифи силсилаи мақолаҳои илмӣ ҷиҳати маърифати ҳар чи бештари мақоми маънавии алломаи бузург саҳмгузорӣ намуданд. Яке аз бузургтарин хидматҳои дар ин арса анҷомдодаи Пешвои миллат иқдом дар нашри китоби бузурги “Тоҷикон” мебошад, ки ҳам соли 1998 ва ҳам соли 2008 дар айёми таҷлили ҷашнҳои 90 ва 100 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт. Сарвари давлат ба ин асари ҷовидонаи Бобоҷон Ғафуров пешгуфторе таҳти унвони “Сарчашмаи худшиносии миллӣ” навишта, ба он баҳои сазовор доданд: “Қимати илмии «Тоҷикон», алҳақ, бениҳоят бузург аст. Бобоҷон Ғафуров бо ин иқдоми нек ва заҳмати пурбаҳояш на танҳо саҳифаҳои таърихи рангини миллати тоҷик ва мардуми ҳамзабони мо, балки таърих ва роҳи тайкардаи халқҳои ӯзбеку қирғиз ва қазоқу туркманро то андозае ба хонанда ошно сохт. Ин хидмати рустамонаи Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурқимати илмиаш чун беҳтарин омӯзгор ба мо ва насли оянда сабақ меомӯзад”.
Баъдтар, дар мавриди шахсият, хидматҳои бузурги сиёсиву давлатӣ, фаъолияти илмӣ  ва фазилатҳои барҷастаи Бобоҷон Ғафуров боз ду мақолаи Пешвои муаззами миллат таҳти унвонҳои “Фарзанди фарзонаи миллат”, “ Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ” ба қалам омаданд, ки ҳар ду мақола ба китоби “Чеҳраҳои мондагор” шомил гардидаанд.
Дар мақолаи “Фарзанди  фарзонаи миллат” хидматҳои Бобоҷон Ғафуров ҳамчун сарвари ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шарҳу тафсир шудаанд. Аз ҷумла, дар ин мақола қайд гардидаст, ки дар тамоми самту соҳаҳои фаъолият Бобоҷон Ғафуров ба арзишҳои умумибашарӣ арҷ мегузошт ва нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти миллатгароӣ, ақидаҳои шовинистӣ ва ҷудоиандозӣ оштинопазир буд. Дар канори тафсири корномаҳои сиёсиву хизматҳои ҷамъиятӣ Пешвои миллат дар ин мақола низ ба китоби “Тоҷикон” баҳои баланд дода, онро “қувваи заволнопазир дар болоравии худшиносию худогоҳии миллӣ” мешуморанд, ки  маҳз ҳамин шоҳкории илмӣ мӯҷиби сазовор гардидани Бобоҷон Ғафуров ба унвони олии Ватан – Қаҳрамони Тоҷикистон гардид. 
Дар мақолаи дувуми худ таҳти унвони «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» Пешвои миллат ёдовар мешаванд, ки ин марди тавоно «бо ҷасорати сиёсиву илмӣ дар паҳлуи Садриддин Айнӣ истода, барои ҳифзи номи неки миллати тоҷик, аз таҳрифи бадқасдона ҳимоя кардани таъриху фарҳанги пурғановати он қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватани азизаш сарбаландона адо намуд».
Нуктаи бисёр арзишманд ва аз назари илмӣ муҳкам дар ин мақола боз ин матлаб аст, ки Бобоҷон Ғафуров зимни тадқиқоташ мушаххас мегардонад, ки тоҷикон дар ҷараёни ташаккули таърихии худ баробари паси сар намудани роҳи пуршебу фароз бар асоси «Ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ арзишҳои пурқимату ҷовидонаи маънавию моддиро эҷод карданд ва дар ҳар давру замон рисолати тамаддунофарӣ ва фарҳангсозиро иҷро карда, онро то имрӯз идома медиҳанд».
Маҷмӯан, аз таҳлилҳои Пешвои миллат бармеояд, ки ба академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 400 рисолаву мақолаи илмӣ тааллуқ дорад.
Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» ташаббуси наҷиби Бобоҷон Ғафуровро дар мавриди таълифи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» хеле бамаврид шарҳу тавзеҳ  кардаанд: «Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров бо нашри ин асар ва асарҳои минбаъда ба оламиён исбот намудани ин нукта буд, ки тоҷикон қадимтарин сокинон ва соҳибони ҳақиқии ин марзу бум буданд ва ҳастанд. Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзӯи тақдири миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд. Ин асар шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллат равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносиву ифтихори миллиро такмил дод ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳ бахшид. Нашри ин асар дар ҳамон давра аз ҷасорату матонат ва ватанпарварии олим шаҳодат медод. «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони русӣ тарҷума ва дар муддати кӯтоҳ се маротиба дар Маскав нашр гардид. Ин асар аз тарафи шарқшиносони ҷаҳон баҳои баланд гирифта, барои тадқиқоти минбаъда ва ба вуҷуд омадани таърихи бисёрҷилдаи халқи тоҷик замина гузошт».
Воқеияти ин суханони бузурги Пешвои миллатро пеш аз ҳама корномаҳои ватандӯстонаи худи эшон собит месозанд. Зеро Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди бедордилу фидоии миллат дар идомаи ин ташаббусҳои ватандӯстона чаҳор ҷилд таърихномаи бузурги миллати тоҷикро таҳти унвони "Тоҷикон дар оинаи таърих» ба қалам дода, чандин асари бузург ва арзишманди таърихие, ки барои исботи ҳастии миллати тоҷик дар айёми навини ҷаҳонишавӣ ва марҳилаи дигари гуногунандешиҳо нақши бузург доранд, таълиф намуданд. «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Мавлоно ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Чеҳраҳои мондагор» ва амсоли онҳо аз ҷумлаи чунин таълифоти пурбаҳо маҳсуб мешаванд. Дар канори ин, тавассути раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат китоби шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», силсилаи мутуни адабиву таърихномаҳои куҳан «Тоҷнома», мероси адабии суханварони гузаштаи мо таҳти унвони «Ахтарони адаб» интишор ёфтанд, ки воқеан, идомаи корномаҳои ба таъбири худи Пешвои миллат «қаҳрамононаи Бобоҷон Ғафуров» - ро дар ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозтоб бахшидаанд.
Аюбҷон УСМОНОВ,
дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2018    №: 71    Мутолиа карданд: 343

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед