Хабарҳо
Дар Дубай нишони давлатии автомобилҳо рақамӣ мешавад
Khaleej Times. Дар ин ҷо аз моҳи май лавҳаҳои фулузии бақайдгирии автомобилҳоро ба рақамӣ иваз мекунанд. Озмоиш то моҳи декабр идома меёбад.
Низоми нав сокинони Дубайро аз ташвиши ҳар сол ба идораи нақлиёт барои тамдиди бақайдгирии нақлиёташон омадан халос мекунад, зеро он ба таври автоматӣ дароз карда мешавад. Ғайр аз ин, рақами мошинро бидуни мушкилӣ метавон иваз кард. Барои ин аз замимаи вижа дар интернет ё худ таҳияю ирсоли дархости ивази рақам тавассути интернет кофист.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 331