logo

иқтисод

АНДОЗ МАҚСАД АЗ ТАҒЙИРОТ - РОҲАНДОЗИИ ИМТИЁЗУ САБУКИҲО

Барои сода ва шаффоф гардондани ҳисоботи андозӣ, инчунин, бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор чанде пеш ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Каъбатулло Меликов, сардори раёсати баҳисобгирии даромадҳо ва коркарди эъломияҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи пешниҳоди ҳисоботи омории электронии андоз аз ҷониби андозсупорандагонро баъди муқаррар шудани имтиёзу сабукиҳо ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин шарҳ дод:

- Пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ дар доираи талаботи моддаи 51 - и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб мавриди амал қарор дорад. То 1 феврали соли 2018 шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки эъломияҳои худро дар шакли электронӣ ба мақомоти андоз пешниҳод менамоянд 61580 нафар, аз ҷумла 30359 шахси ҳуқуқӣ ва 31221 соҳибкори инфиродиро ташкил медиҳад.
Барои андозсупорандагоне, ки ба шабакаи интернет дастрасӣ надоранд, ё дорои малакаи кофии корӣ барои ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо нестанд, дар 24 мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо утоқҳои алоҳида (терминалҳо) кушода шуданд, ки бо дастгоҳҳои компютерӣ муҷаҳҳаз ва ба шабакаи интернет пайвас-танд. Ҳамзамон, ҷиҳати қулай намудани тартиби истифодабарии хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон барномаи «Муаллифкунонии мобилӣ» мавриди истифода қарор дорад, ки тавассути он минбаъд субъектҳои хоҷагидор ба воситаи телефонҳои мобилии худ рамзҳои махсусро дар шакли sms-паёмакҳо қабул намуда, метавонанд тавассути «Утоқи шахсии андозсупоранда» ҳисоботи худ-ро дар шакли электронӣ пешниҳод созанд.
Сомонаи Кумитаи андоз ба андозсупорандагон имконият фароҳам овардааст, ки онҳо қисми зиёди уҳдадориҳои андозии худро ба тариқи онлайн анҷом диҳанд. Минбаъд андозсупоранда имконият дорад, ки тавассути сомонаи Кумитаи андоз маълумотро оид ба надоштани қарзи андозҳо ва оид ба дар қайди мақомоти андоз дар низоми содакардашудаи андозбандӣ фаъолият доштан тариқи электронӣ дастрас намояд.
Мувофиқи тағйиру иловаҳои воридшуда минбаъд қувваи бозгашт доштан ё надоштан ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд, инчунин, ихтилофот байни муқаррароти Кодекси андоз муқаррароти мушаххас пешбинӣ шуданд. Яъне дар сурати вуҷуд доштани духӯрагӣ ё баҳс байни муқаррароти Кодекси андоз ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ суд ба фоидаи андозсупоранда қарор қабул менамояд.
Мувофиқи иловаҳо ба моддаи 29 - и Кодекси андоз даврияти гузарондани санҷиш нисбатан дароз карда шуд. Бо ворид шудани тағйироти нав минбаъд ҳангоми қатъкунии фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ зарурати санҷиш аз байн меравад. Санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозсупорандагоне, ки даромади умумиашон дар соли тақвимӣ аз 15 миллион сомонӣ кам мебошад, на зиёда аз як маротиба дар ду сол гузаронда мешаванд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам сохтани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ, аз ҷумла сода ва шаффоф гардондани андозсупорӣ ва осон намудани бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, рейтинги байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир пайваста беҳтар гашта истодааст.
Шаҳбоз АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2018    №: 72    Мутолиа карданд: 89

26.04.2018


САНЪАТ. Намоиши асарҳои Маҳмадӣ Шарифов

Ҷаҳон дар як сатр

Нахустконфронси зиддитеррористии кишварҳои узви СММ дар Ню-Йорк

85 кишвари донор барои Сурия $4,4 миллиард ҷамъ овард

Чин ба Русия истифодаи асъорҳои миллиро дар муомилот пешниҳод намуд

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли маводи мухаддир дар соли 2017

Гӯшаи кишоварз

25.04.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳои мақомоти гумрук

Дар Тоҷикистон калонтарин аквапарки Осиёи Марказӣ бунёд мегардад

24 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Шойгу ба тақвияти мубориза бо терроризм дар СҲШ даъват кард

Содироти сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 16 маротиба афзуд

Трамп ба қарибӣ артиши амрикоиро аз Сурия бароварданист

Баландтарин арзиши газ дар Арманистон ба қайд гирифта шуд

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед