logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ОБ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро собитқадамона пеш мебарад. Кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи барномаҳои глобалӣ ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ барои ҳалли масъалаҳои муҳими умумибашарӣ  саҳми назаррас мегузорад.
Ҳалли мушкилоти алоқаманд ба об ва дастрасии аҳолӣ ба он барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҳалли даҳҳо проблемаҳои умумиҷаҳон, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ, нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин, моҳи сентябри соли 2016 дар шаҳри Будапешт (Маҷористон) ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баргузор шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ташаббускори масъалаҳои марбут ба об дар ин ҳамоиш ширкат варзид ва баҳри ҳалли мушкилоти сокинони сайёра бори дигар эълом доштани  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ро пешниҳод намуд. Он 21 декабри соли 2016 аз ҷониби СММ қабул гардид.  
Бо ташаббуси Тоҷикистон ва ҷонибдории аксари кулли кишварҳои ҷаҳон Маҷмаи умумии  Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии «Оби тоза» - 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» - 2005 – 2015 ва Соли байналмилалии «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» - 2013 барномаҳои вижаи  умумиҷаҳонӣ қабул намуд, ки дар маҷмӯъ амалӣ гардиданд ва давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалию соҳавӣ ва минтақавиро барои ҳалли масоили об ба ҳам оварданд.
Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои дигари мубрами глобалӣ низ саҳмгузор аст. Таъмини сулҳ байни кишварҳои  ҷаҳон, хусусан мусоидат ба оромии вазъи Афғонистон ва таъмини амният дар минтақа, ҳалли низоъҳои сарҳадӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳифзи беҳдошт ва сиҳатии аҳолӣ, ҳифзи табиат, гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир, мубориза бо экстремизм ва терроризм ва амсоли онҳо аз зумраи масоили ҳалталабеанд, ки роҳбарияти Тоҷикистон барои  ҳалли онҳо ҷомеаи ҷаҳониро борҳо даъват намудааст. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон барои татбиқи ду санади дорои аҳамияти ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид – Рӯзномаи рушд барои давраи то соли 2030 ва Созишномаи Париж оид ба иқлим хеле муҳим арзёбӣ мешаванд. Вале ҳалли масоили ҷаҳонии алоқаманд ба об меҳвари ибтикороти Тоҷикистонро ташкил дода, барои давлат ва миллати тоҷик рисолати таърихӣ маҳсуб меёбад. Маҳз Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ҳазораи нав бори нахуст таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин масъалаи умумибашарӣ ҷалб намуданд.  
Давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дар дохили мамлакат низ пайваста ҷаҳду талош менамоянд. Давоми даҳ соли охир барои ҳалли проблемаи мазкур беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст. Ҳамзамон, дар зарфи даҳ соли охир ҳолати таъминоти зиёда аз яку ним миллион нафар бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонда шуд. Рафъи норасоиҳо дар ин самт идома дорад. Ҳоло як қисмати аҳолӣ, бахусус дар деҳот, ба шароити беҳтари дастрасӣ ба об ниёзманд мебошад. Ин ҳолат, пеш аз ҳама, ба норасоии иқтидорҳои техникӣ вобаста аст.
Дар ҳуҷҷати муҳими «Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон» ба масъалаҳои дипломатияи об диққати хосса зоҳир гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид таъкид намуданд: «Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод». 
Коршиносони соҳа  барои татбиқи босамари барномаи мазкур, пеш аз ҳама, амалисозии тадбирҳои зеринро муҳим медонанд: таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо, тақвияти ҳамкорӣ ва шарикии давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ, дарёфти усулҳои нави ҳифзи экологӣ, истифодаи самарабахшу  одилонаи захираҳои об, пайдо кардани роҳҳои ҳалли проблемаи норасоии об, беҳтар гардондани сифати оби ошомиданӣ ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он.
Татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» роҳи беҳтарин барои тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ ҷиҳати коҳиш додани  хавфи норасоии рӯзафзуни об  бо сабаби афзоиши шумораи аҳолии сайёра мебошад. Тахмин меравад, ки то охири даҳсолаи ҷорӣ ҳудуди ду миллиард аҳолии кураи Замин ба мушкили камчинии об дучор хоҳад шуд. Ин мушкил соли 2030 зиёда аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳонро фаро хоҳад гирифт. Бо назардошти мавҷуд будани мушкилоти мазкур  давлатҳои ҷаҳонро зарур аст, ки ҳамкориву шарикии созандаро ба роҳ монанд. Бовар аст, ки амалигардонии иқдоми пешгирифтаи  Тоҷикистон  барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар самти таъминоти об дар ҷаҳон мусоидат менамоянд.
Пиралӣ НАЗАРОВ,
мудири кафедраи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2018    №: 72    Мутолиа карданд: 233

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед