logo

иҷтимоиёт

ОИЛА - ОШЁНИ БАХТУ САОДАТ

Оила ҷузъи асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва рисолату вазифаи  басо  вусъатманду  масъулиятбореро  ба  дӯш  дорад.  Мутафаккири  варзида  Ф. Раневская  дар  тавсифи  оила  чунин  овардааст:  «Оила ҳама  чизро  иваз  мекунад.  Аз  ин  рӯ,  пеш  аз  ташкили  оила  андеша  бояд  кард,  ки  чӣ  барои  ту  муҳимтар  аст: оила  ё ҳама  чиз?! ».  Дар  ин  тавсиф  мақом  ва  мартабаи  оила  хеле  муъҷаз ва  муассир  ифода  ёфтааст.
Оила  иттиҳоди  поку  муқаддас  аст  ва  бояд  орӣ  аз  ҳама  гуна  кинаю  нифоқ   ва  ғаразу  хиёнат  бошад.  Ташкили  оила,  ҳамчунин ,  бояд  дар  асоси  маслиҳату  машварати  волидону  пайвандон,  аз  рӯи  анъанаҳои  миллӣ  ва  камхарҷу  бонизом  сурат  бигирад.  Зану  шавҳари ҷавон  бояд қаблан  дар  бораи  моҳияти  оилаву  оиладорӣ,  ҳадафҳои  зиндагии якҷоя  ва  аҳмияти  фарзанду парвариши  он  маълумоти  саҳеҳ  ва  комил  дошта  бошанд.  Оиладорӣ  ва  масъулиятҳои  он  ҷавононро  ҳушёру  бедор  месозад   ва  ба  онҳо  мунтазам  асли  моҳияти  ҳастӣ  ва  омилҳои  асосии    одаму  одамгариро  таъкид  мекунад,  ҳушдор  медиҳад.  Як  василаи  муҳими  эътибори  ҳамешагӣ  ба  тозагии  ботину  зоҳир  ва  риояи  ҳатмии  қоидаҳои   ҳамида  маҳз  оиладорист.  Он  агар  дар  заминаи  меҳру  муҳаббат  ва  ризоияти  тарафайн  сурат  гирифта  бошад,  дар  ҳаёти  ҷавонон  таҳаввулот ба  миён  меоварад. 
Меҳру  муҳаббат хиштҳои  тиллоии  кохи  оила  маҳсуб  меёбанд  ва  аз  харобшавӣ,  аз  фано  эминанду  ба  ҳама  гуна  тӯфони  ҳаводис  тобовар.
Бояд  гуфт, ки  халқи  тоҷик  дар  ташкили  оила  анъана, расму  оин,  шарту  шароит  ва  омилҳои  дигарро, ки  то  ҷое  ифодагари  чеҳраи  маънавию  фарҳангии  халқанд,  риоя  ва  пайгирӣ  менамояд. Дар  масъалаи   ташкили  оила  ин  ҳама  «тарафҳо» ( - падар,  модар, фарзанд  аҳли  хонавода)  ба  ҳам  оварда  шаванд  ва  кор  дар  заминаи  маслиҳату  машварат,  эҳтироми  тарафҳо  сурат  бигирад,  зеро:
Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бемашварат наку н - ояд.
Афсӯс,  ки  гоҳе  ҷавонон  ба  зоҳири  маҳбуба  мафтун  гашта,  саросемавор  оила  ташкил  мекунанд  ва   чун   бо  даргузашти  фурсате  асли  муносибаташон  ошкор  мешаваду  ҳамдигарро  хуб  мешиносанд,  дигар дер  мешавад,  ҳаёташон  доғдор  мегардад  ва  ғолибан,  ин  гуна  муносибат  бо  хонавайроншавӣ  поён  меёбад.   Вайроншавии  ҳар  як  оила  дар  баробари  зиёни  зиёд  ба  ҷавонони  навхонадор, ба  давлат,  ба   ҷомеа  низ  зараровар  аст.   Он  бояд  бо  азму  иродаи  нек,  омодагии  ҷиддии  моддиву  маънавӣ,  маслиҳату   машварати  комил  ва  бо  орзуву  ниятҳои  ҳасана   таъсис  дода   шавад.   Оила   бояд  ошёни   бахту   саодат,  манбаи   меҳру   муҳаббат,   сарчашмаи  одоби  ҳамида   ва  мӯҷиби  фараҳмандию   хушҳолӣ  бошад.  Ҳукумати  Тоҷикистон   баҳри  устувории  оилаҳо  ва  саодатмандии  онҳо  ҳама  гуна  шароитро  фароҳам  овардааст  ва  дар  ин  самт  асноди  зиёде  ба  тасвиб  расидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  масоили  устуворӣ  ва  хушбахтии  оилаҳои  кишвар  ва  масъулиятшиносии  онҳо  таваҷҷуҳи  ҳамешагӣ  доранд  ва  дар  ин  боб  ба  нақши  падару  модар  баҳои  баланд  медиҳанд:  «Усулан  ақлу  идрок,  ҷаҳонбинӣ  ва  фазилати  маънавии  падару  модар  аввалин  сарчашмаест,  ки  дар  зеҳну  шуури  кӯдак  нақши  ҳамешагӣ  пайдо  мекунад  ва  нуфузи  он  дар  зиндагии  инсон  як  умр  боқӣ  мемонад».  Ҳамин  тавр,  оила  асоси  ҷомеа, таъмингари  ҳамбастагии  имрӯзу  фардои  он,  масъули  тарбияи  шоистаи  насли  наврас  ва  сарчашмаи  саодатмандии  инсонҳост.  Падару  модар  меҳвари  оилаанд. 
Ҳасанҷон ШОМУРОДЗОДА, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 98

26.04.2018


САНЪАТ. Намоиши асарҳои Маҳмадӣ Шарифов

Ҷаҳон дар як сатр

Нахустконфронси зиддитеррористии кишварҳои узви СММ дар Ню-Йорк

85 кишвари донор барои Сурия $4,4 миллиард ҷамъ овард

Чин ба Русия истифодаи асъорҳои миллиро дар муомилот пешниҳод намуд

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли маводи мухаддир дар соли 2017

Гӯшаи кишоварз

25.04.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳои мақомоти гумрук

Дар Тоҷикистон калонтарин аквапарки Осиёи Марказӣ бунёд мегардад

24 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Шойгу ба тақвияти мубориза бо терроризм дар СҲШ даъват кард

Содироти сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 16 маротиба афзуд

Трамп ба қарибӣ артиши амрикоиро аз Сурия бароварданист

Баландтарин арзиши газ дар Арманистон ба қайд гирифта шуд

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед