logo

туризм

САЙЁҲИИ МУОЛИҶАВӢ ИМКОНИЯТҲОИ ТОҶИКИСТОН КАМНАЗИРАНД

Туризми табобатӣ яке аз намудҳои маъмули саноати сайёҳии олам ба ҳисоб меравад, ки давраи рушди он ба нимаи дуюми асри XX рост меояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи 10 соли охир сайёҳии муолиҷавӣ дар Ҳиндустон, Сингапур, Малайзия, Таиланд ва Чин тараққӣ карда, ба яке аз бахшҳои асосии сайёҳии ин давлатҳо табдил ёфта истодааст. Инчунин, сайёҳон барои муолиҷа ва табобат бештар ба Австрия, Олмон, Испания, Туркия, Италия ва Исроил, ки садҳо осоишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтаанд, сафар мекунанд.
Тоҷикистон низ барои рушди ин навъи сайёҳӣ имкониятҳои зиёд дорад, зеро дар мамлакат зиёда аз 200 чашмаи оби маъданӣ ва 18 кӯли лойқадор ва шӯри муолиҷавӣ мавҷуданд. Ғайр аз ин, кишвар дорои ҳазорҳо гектар заминҳои рекреатсионӣ мебошад, ки бо тобистону зимистони муътадил ва олами набототаш барои табобат ва барқарор намудани саломатӣ мувофиқ аст. Инчунин, дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 навъи гиёҳи шифобахш мерӯяд, ки барои муолиҷаи бемориҳои гуногун тавсия мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки сайёҳии муолиҷавӣ аз маъруфтарин намудҳои туризми тиббӣ буда, намудҳои асосии он балнеология (муолиҷа бо обҳои минералӣ), балнеотерапия (табобат ва барқарорсозӣ бо обҳои минералии табиӣ ва сунъии осоишгоҳҳо), лойдармонӣ (муолиҷаи узвҳо бо лойҳои табобатӣ) ва климатерапия (муолиҷаи касалиҳои гуногун бо иқлим дар маҳалҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза) мебошанд. Давомнокии ин намуди саёҳатҳо 24 – 28 рӯзро ташкил медиҳад. Асосан, сайёҳонро барои табобат ба ин ё он минтақаи туристӣ табибон тавсия мекунанд. Аз ин рӯ, барои рушди сайёҳии муолиҷавӣ сатҳи маълумотнокии намояндагони муассисаҳои тиббӣ дар бораи минтақаҳои туристӣ нақши асосӣ мебозад.
Тавре Равшанмурод Ҳоҷиев, директори  генералии ҶСК “Курортҳои Тоҷикистон”, иброз дошт, сайёҳон, асосан, ба обҳои шифобахш таваҷҷуҳ доранд ва дар бештари ҳолатҳо барои табобати бемориҳои системаи асаб, артрит, остеохондроз ва буғумдард муроҷиат мекунанд.
Айни замон дар осоишгоҳҳои “Ҳавотоғ”, “Хоҷа обигарм”, “Шоҳамбарӣ”, “Зумрад”, “Явроз”, “Оби Гарм”, “Гармчашма”, “Баҳористон”, “Авис сити” ва чанде дигар, ки дорои обҳои минералии шифобахш  мебошанд, садҳо туристони дохиливу хориҷӣ дар баробари истироҳат, инчунин, табобат мегиранд. Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир дар осоишгоҳҳои кишвар   инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонда шуда истодаанд. Дар минтақаҳои туристии Ромит, Варзоб, Балҷувон ва соҳилҳои обанбори Қайроққум истироҳатгоҳҳои зиёде сохта шудаанд, ки  ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалианд.
Қобили зикр аст, ки сайёҳон ба осоишгоҳҳое, ки дар соҳили баҳрҳову кӯлҳо бунёд шудаанд, таваҷҷуҳи бештар доранд. Ҳамин аст, ки сайёҳон барои сайру саёҳат ғолибан ба Фаронса, Туркия, Мексика, Русия, Исроил ва ИМА мераванд. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон, ки зиёда аз 2 ҳазор кӯлу обанбор дорад, омӯзиши таҷрибаи ин кишварҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Дар асоси ин, метавон бо бунёди осоишгоҳҳо дар мавзеи Искандаркӯл, обанборҳои Қайроққум, Норак ва Муъминобод ба рушди соҳа такони ҷиддӣ  бахшид.
Бояд гуфт, ки дар маҳаллаҳои рекреатсионӣ ба роҳ мондани сайёҳии муолиҷавӣ аз ҳар ҷиҳат муфид аст. Дар кишвар бошад, чунин минтақаҳо кам нестанд. Танҳо ҳудуди рекреатсионии шаҳри Ҳисор 7551 гектар ва  ноҳияи Рашт зиёда аз 80 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва бо бунёди инфрасохтори зарурӣ, осоишгоҳҳову меҳмонхонаҳои муосири ин минтақаҳо ба яке аз мавзеъҳои асосии сайёҳии муолиҷавӣ табдил хоҳанд ёфт.
Ҷойи шубҳа нест, ки бо андешидани тадбирҳои муассир сайёҳии муолиҷавӣ зина ба зина рушд карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистон дар минтақа ба яке аз маконҳои асосии туризми табобатӣ табдил меёбад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 634

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед