logo

иқтисод

ОБ. АЗ АМНИЯТИ ДАВЛАТҲО ТО САРМОЯИ ИНСОНӢ

Дар иқтисодиёти ҷаҳони муосир, бахусус дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика ва нақлиёт, об мақоми аввалро соҳиб аст. Аммо, мутаассифона, муносибати инсон дар ҷаҳон нисбат ба об, истифодаи оқилонаи он ва қадру қиммати об якранг нест.
Авҷ гирифтани мушкилиҳои вобаста ба паҳншавии ифротгароию терроризм, хавфи паҳншавии бемориҳои гуногуне, ки инсоният дар роҳи табобату пешгирии онҳо то ҳол комёб нашудааст, гармшавии иқлим, муборизаҳо баҳри ба даст овардани захираҳои нав, васеъ намудани доираи нуфуз байни абарқудратҳо ва ғайраҳо имрӯз ба қатори мушкилиҳои глобалӣ даромадааст. Дар ин раванд масъалаи об ва таъмини дастрасӣ ба захираҳои обӣ низ ба қатори масоили муҳими сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии хусусияти глобалӣ     дошта мубаддал шудааст.
Тоҷикистон ва Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози асри ХХI, ки давлат тоза аз ҷанг бадар омадаву соҳаҳои фалаҷгаштаашро эҳё мекард, ибтикороти вобаста ба обро роҳандозӣ намуд ва, инак, зиёда аз 15 сол гузашта, маълум шуд, ки ғояҳои созандаи Пешвои миллат дар ин самт хусусияти фаромарзӣ пайдо кардааст.
21 декабри соли 2016 Қатъномаи СММ бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул гардид. Мутобиқи қатъномаи мазкур солҳои 2018 – 2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон шуд, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, дар рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Саҳми кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба об дар ҷаҳон калон буда, ин иқдоми чоруми Сарвари давлати мост, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамовозии гарм пайдо мекунад.
Аҳамияти ин иқдомҳоро воқеияти мавҷуда собит намуда истодааст. Зеро тибқи омори сохторҳои дахлдори СММ барои зиёда аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ҳанӯз ташвишовар боқӣ монда, ин масъала дар солҳои минбаъда эҳтимолияти шиддатёбӣ дорад. Гузашта аз ин, 70 дарсади ҳолатҳое, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ ба амал меоянд, ба обхезиҳо ва дигар офатҳо вобаста ба об рабт доранд.
Таҷрибаи муносибатҳои бай-налмилалӣ нишон медиҳанд, ки ба хусусияти равобити байналмилалӣ дар баробари дигар омилҳо масъалаҳои вобаста ба об низ таъсири худро расонда истодааст. Яъне, масъалаи дастрасӣ ба захираҳои обӣ, ба масъалаҳои амнияти давлатҳо ва минтақаҳо таъсир карда, яке аз мушкилиҳое мебошад, ки эҳтимолияти баланди хавфи сар задани низоъҳои байнидавлатиро пеш овардааст.
Пажӯҳандагон собит намудаанд, ки дар бисёр кишварҳое, ки дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ маҳдуд аст, мушкилиҳои ҷиддӣ дар самти таъмини рушди сармояи инсонӣ низ ҷой доранд. Ин мушкилӣ таъсири худро, пеш аз ҳама, ба вазъи иҷтимоии занону кӯдакон расонда, имкониятҳои онҳоро баҳри бомаърифат гаштан маҳдуд менамоянд. Зеро вақти зиёди онҳо ва қувваашон барои кашондани он ва таъмини ҳолати беҳдоштӣ дар шароити вазнин маҳдудият ба оби ошомиданӣ мегузарад.
Коршиносон пешгӯӣ кардаанд, ки шумораи аҳолии сайёраи Замин то соли 2050 ба пеш аз 9 миллиард мерасад ва он ба афзоиши истеъмоли об оварда мерасонад. Дар ин давра, бар асари таъсири тағйирёбии иқлим, зиёда аз 50 дарсади сокинони ҷаҳон бо мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ хоҳанд гардид.
Тағйирёбии иқлим ба захираҳои об таъсири манфӣ дошта, дар самти расидан ба ҳадафҳои рушд осеб мерасонад. Тавре мушоҳида мешавад, тӯли чанд соли охир пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин манбаи обии минтақаанд, қариб 30 дарсади ҳаҷми худро гум кардаанд. Бо дарназардошти он ки қариб 60 дарсади захираҳои оби ҳавзаи Арал дар қаламрави ҷумҳурии мо ташаккул меёбанд, чунин вазъ, албатта боиси нигаронии ҷиддист.
Маҳз аз ҳамин сабаб, боло бурдани маърифати экологии аҳолӣ, таҳкими донишҳо дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ бо мақсади ба даст овардани ҳадафҳои рушди устувор, такмили инфрасохтори мавҷудаи обёрикунӣ, истифодаи техника ва технологияҳои навин дар ин самт аҳамияти муҳим доранд.
Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Маҷмаи умумии СММ ёдовар шуданд: «Дар ҳудуди Тоҷикистон шаст дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ки агар ин захираҳои бузурги гидроэнергетикиро оқилонаву самаранок истифода барем, метавонем соле садҳо миллиард кВ/соат неруи барқ истеҳсол намоем».
Ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути масъалагузорӣ ва дурандешиҳои Сарвари хирадсолори кишвари мо мушкилии мавҷудаи вобаста ба обро ҳамчун проблемаи глобалӣ эътироф намудааст. Фаъолияти ҳамоҳангу дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт метавонад омили муҳим дар роҳи ҳалли аксари мушкилиҳои вобаста ба об гардад.
Гулшан МАМАДҚУЛОВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 107

26.04.2018


САНЪАТ. Намоиши асарҳои Маҳмадӣ Шарифов

Ҷаҳон дар як сатр

Нахустконфронси зиддитеррористии кишварҳои узви СММ дар Ню-Йорк

85 кишвари донор барои Сурия $4,4 миллиард ҷамъ овард

Чин ба Русия истифодаи асъорҳои миллиро дар муомилот пешниҳод намуд

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли маводи мухаддир дар соли 2017

Гӯшаи кишоварз

25.04.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳои мақомоти гумрук

Дар Тоҷикистон калонтарин аквапарки Осиёи Марказӣ бунёд мегардад

24 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Шойгу ба тақвияти мубориза бо терроризм дар СҲШ даъват кард

Содироти сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 16 маротиба афзуд

Трамп ба қарибӣ артиши амрикоиро аз Сурия бароварданист

Баландтарин арзиши газ дар Арманистон ба қайд гирифта шуд

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед