logo

иқтисод

МУЪМИНОБОД БУНЁДИ РОҲИ ЧИЛДУХТАРОН ОРЗУИ ДЕРИНАИ МАРДУМ БУД

Дар замони  шӯравӣ ва пасошӯравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Воқеан, ноҳияи Муъминобод аз ҷиҳати обу ҳаво, мавқеи ҷуғрофӣ ва заминҳои фароху боғоташ аз дигар ноҳияҳо фарқ мекунад. Ноҳия асосан ба боғдорӣ, токпарварӣ ва чорводорӣ созгор аст. Аз ин ҷост, ки сол ба сол сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия беҳтару хубтар шуда истодааст.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 қасри фарҳанг бо шукӯҳу шаҳомат ва бо тамоми шароити мусоид қомат афрохт ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамчунин, майдони варзишӣ дар сатҳи баланд бунёд гардид, ки он ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯст. Новобаста аз он, ки ноҳия ҳамагӣ 22 фоизи қисми даромади буҷетро таъмин мекунад, 78 дарсади он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, чунин бунёдкориву созандагӣ идома дорад. Бори аввал дар 27 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ноҳияҳои дотатсионӣ дастгирӣ меёбанд. Яъне, буҷети ноҳия соли 2018 аз ҳисоби вилоят ба маблағи 4 миллион сомонӣ таъмин мегардад.
Бояд таъкид кард, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 «Дар бораи ислоҳоти корхонаҳои кишоварзӣ», ки Муъминобод ҳамчун ноҳияи пилотӣ ба шумор меравад, тамоми заминҳои ноҳия ба сокинон тақсим карда шуд.
Қариб 90 дарсади заминҳо лалмианд ва хушбахтона, дар ин заминҳо имкони бунёди боғ, кишти ғалла ва ҳатто картошка низ ҳаст. Зеро боришот ҳамасола дар ноҳия ба  ҳисоби миёна ба 770 миллиметр мерасад. Имсол дар 9 ҳазор гектар ғалладона кишт шудааст, ки нашъунамои хуб дорад. Кишоварзони ноҳия тасмим гирифтаанд, ки соли равон дар майдони 1350 гектар картошка кишт намоянд. Ҳамчунин, кишти пиёзи сурх дар 120 гектар идома дорад. Имсол аллакай 100 гектар боғ бунёд гардид.
Бо ташаббусу ҳидояти   Пешвои миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Амонулло Саъдуллоев солҳои 2016-2017 аз маркази ноҳия то деҳоти Чилдухтарон ба масофаи 37 километр роҳ таҷдид ва сангфарш карда шуд, ки ин орзуи садсолаҳои мардум буд. Ҳамчунин, дар болои дарёи Сурхак пул бо дарозии 130 метр бунёд гардид. Қаблан аз набудани пул ҳодисаҳои фавти занону кӯдакон рух медод. Ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки дар болои дарёи Сардоб низ бо дастгирии мардум пул бунёд карда шавад. Сохтмони он  аллакай оғоз ёфта, дар оянда метавонад ноҳияи Муъминободро дар тамоми фасли сол бо ноҳияи Ховалинг, бипайвандад. Сайёҳон метавонанд бо ин хатсайр ҷойҳои таърихӣ, манзараҳои зебои ҳар ду ноҳия, аз ҷумла Чилдухтарони афсонавиро тамошо карда, аз обу ҳавои софу дилкаш ва меваҳои хуштаъму лаззиз баҳравар гарданд.
Мавриди зикр аст, ки дар маркази ноҳия меҳмонхона барои 32 ҷой бо тамоми шароитҳо муҳайёст. Дар соҳилҳои обанбори Муъминобод низ меҳмонхона ва нуқтаҳои хизмати маишӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар пояи кӯҳи Чилдухтарон аз тарафи соҳибкор Амонулло Саъдуллоев сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ, нуқтаҳои хизмати маишӣ ва ҳавзи шиноварӣ идома дорад, ки то моҳи майи соли ҷорӣ ба истифода дода мешаванд. Он метавонад дар як вақт 50 нафар сайёҳро қабул намояд. Бояд таъкид кард, ки баъди сангфарш гардидани роҳ ба мавзеи Чилдухтарон метавон бо тамоми намуди мошинҳо сафар кард. Ғайр аз ин даҳ хона барои қабули меҳмонон омода аст. Ҳамзамон, сайёҳон метавонанд тавассути аспҳо мавзеи Чилдухтаронро сайр намоянд. Бешубҳа, рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба ғанӣ гардидани буҷети Ватани азизамон ва некуаҳволии мардум мусоидат мекунад ва ноҳияи Муъминобод ба яке аз пойгоҳҳои сайёҳӣ мубаддал меёбад.
Тоҳирхон АМИРШОЗОДА,
раиси ноҳияи Муъминобод 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 87

26.04.2018


САНЪАТ. Намоиши асарҳои Маҳмадӣ Шарифов

Ҷаҳон дар як сатр

Нахустконфронси зиддитеррористии кишварҳои узви СММ дар Ню-Йорк

85 кишвари донор барои Сурия $4,4 миллиард ҷамъ овард

Чин ба Русия истифодаи асъорҳои миллиро дар муомилот пешниҳод намуд

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли маводи мухаддир дар соли 2017

Гӯшаи кишоварз

25.04.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳои мақомоти гумрук

Дар Тоҷикистон калонтарин аквапарки Осиёи Марказӣ бунёд мегардад

24 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Шойгу ба тақвияти мубориза бо терроризм дар СҲШ даъват кард

Содироти сементи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 16 маротиба афзуд

Трамп ба қарибӣ артиши амрикоиро аз Сурия бароварданист

Баландтарин арзиши газ дар Арманистон ба қайд гирифта шуд

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед