logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ТАЛОШҲОИ ПАЙГИРОНА ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ БАШАРӢ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш 22 марти соли 2018 дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои сафари хеш ба кишвари мо андешаронӣ кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули ин барномаи нави густурдаи СММ Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”- ро расман ҳусни оғоз бахшиданд. 

Зимни суханронӣ тамоми намояндагони давлатҳо, созмонҳо ва коршиносон  ба иқдоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба нафъи аҳли башар равона гардидааст, баҳои баланд доданд. Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш таъкид намуд, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 – 2015», ки низ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда буд, беш аз ҳама барномаҳои СММ бобарортар татбиқ гардид. Аммо раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ барои сокинони сайёра проблемаҳои зиёд, аз ҷумла мушкилоти сахти иқтисодии марбут ба об, бор оварданд. Барои ҳамин, Президенти Тоҷикистон эъломи даҳсолаи нави байналмилалиро зарур донистанд ва ин ташаббусро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфт.
Ба қавли коршиносон, бинобар тағйирёбии иқлим, хусусан бар асари зиёдшавии партоби газҳои гулхонаӣ, тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба шашгонаи мамлакатҳои истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» дохил аст ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ – манбаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад. Яъне партоби газҳои зарарнок ба ҳаво хеле кам аст.
Айни замон 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Яъне идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж, ки Тоҷикистон ба он ҳамроҳ аст, андешидани тадбирҳо ҷиҳати кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ ва пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонианд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба рушди устувор ин тавсеаи "иқтисоди сабз" ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори иқдоми ҷаҳонии “Энергияи устувор барои ҳама” буда, дар ин раванд ба нафъи ҷомеаи башар амалҳои созанда анҷом медиҳад.
Умуман, Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои марбут ба оби Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша ширкати фаъолона дошт ва ин иқдомро минбаъд низ пайгирона идома хоҳад дод. Татбиқи босамари ҳадафҳои даҳсолаи нав дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ ва ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои об мусоидат хоҳад кард.
Амриддин ШАМСОВ,
Шарифхон ТИЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2018    №: 73    Мутолиа карданд: 177

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед