Хабарҳо
Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин
Синхуа. Дар фуруд-гоҳҳои чинӣ низоми шинохти чеҳра бо мақсади тезондани тафтиши бехатарӣ корбаст мегардад.
Айни замон низомҳои ёрирасон дар 557 долони тафтиши бехатарии 62 фурудгоҳи кишвар насб карда шуданд. Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷати мусофир ба низом барои муқоисаи чеҳраи мусофир бо сурати шаҳодатномаи шахсият камтар аз 1 сония зарур аст.
Техникаи нав баъди истифода дар 80 дарсади фурудгоҳҳои кишвар, ки соле ҳар кадом беш аз 30 миллион мусофирро ҳамлу нақл мекунанд, самаранокӣ ва аниқии худро собит намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 345