logo

Хабарҳо

«Шоми мақом»

Зери ин унвон дирӯз дар Консерваторияи миллии  Тоҷикистон ба номи  Талабхӯҷа Сатторов донишҷӯёни кафедраи сарояндагии анъанавии факултети  мусиқии  суннатии тоҷик консерт баргузор намуданд.  
Устодони соҳа гуфтанд, ки мусиқии Шашмақомро  метавон бо бузургтарин падидаҳои адабию эстетикии ҷаҳон  ба мисли гимнҳои  авестоӣ, операҳои аврупоӣ ва дигар намунаҳои бузурги  эҷодиёти  аҳли башар  ҳамрадиф шумурд. Он на танҳо  маҷмӯи  бузурги суруду  таронаҳо, балки  шоҳасари  бадеию фалсафӣ мебошад, ки  дар худ кулли қонуниятҳои низоми табиат, шинохти олами атроф, осори ҳастӣ,  ҳаёти солим, ғанӣ гардондани дунёи ботинии инсонро  таҷассум намудааст. Ин навъи мусиқӣ, ки таърихи ҳазорсола дорад, дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо аз нав эҳё шуд, балки барои риояи  суннатҳои  нодири он ҳама шароит муҳайё гардида, ҳоло ҷавонон ба ин навъи санъат таваҷҷуҳи зиёд доранд. Консерте, ки имрӯз донишҷӯён пешкаши ҳамагон гардонданд, далели ин гуфтаҳост.
«Талқини чоргоҳи  муҳайяр», «Тановори адолат», «Гавҳари якдона бош», «Ироқи Бухоро», «Амали дугоҳ»,  «Даромади ушшоқ», «Уфари чоргоҳи муҳайяр» асарҳое буданд, ки аз ҷониби донишҷӯён сароида шуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 271

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе

Густариши ҳамкориҳо бо Бонки исломии рушд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед