Хабарҳо
Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ
Зимни мулоқоти муовини раиси Бонки миллӣ Сироҷиддин Икромӣ ва намояндаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Фабритсио Фрабони масъалаҳои такмили низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаи омӯзиши инфрасохтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмил ва рушди фаъолияти низоми табодули маълумоти қарзӣ мубодилаи афкор намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки Фабритсио Фрабони мутахассиси бахши молия оид ба низоми табодули маълумоти қарзӣ ва идораи хавфҳои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки бо мақсади доир намудани машваратҳо оид ба беҳтар кардани инфрасохтори молиявӣ ба кишвар ташриф овардааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 154