Хабарҳо
Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя
Дар шаҳри Токио вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Япония ва Тоҷикистон Кэйҷи Фуруя баргузор гашт.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои мутақобилан муфид, роҳҳои таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушду тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.
Мусоҳибон зарурати беш аз пеш таҳкими робитаҳои байни-парлумонӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 359