logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ ЯК СОЛИ ОБОДКОРИҲО

Самараи сиёсати хирадмандонаи  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навоҳии дурдасттарини ҷумҳурӣ, аз ҷумла Лахш, баръало мушоҳида мегардад. Дар ноҳия ҷиҳати некуаҳволии мардум, таъмини шароит ва имконоти мусоид барои рӯзгори гуворо як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифт. Сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар мешавад.

Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Хуршед Икромов, соли гузашта бо қарори раиси ноҳия Баротзода Файзулло Раҷаб барои сохтмони иншооти гуногун,  аз ҷумла биноҳои  мағоза, тарабхона, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаи таъмири автомобилҳо, бозор, корхонаҳои коркарди чӯбу тахта, истеҳсоли хишт, кафшергарӣ, тунукабарорӣ, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва таваққуфгоҳи автомобилҳо 7,73 гектар замин ҷудо гардид. Як қисми ин иншоот алҳол дар хидмати мардум қарор доранд.
Қабати дуюми шоҳроҳи байналмилалии Сайрон – Қаромик  ба масофаи 89 километр бо  маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Бонки осиёии рушд  бо маблағи беш аз 21, 5 миллион сомонӣ мумфарш гардида, корҳои сохтмонӣ идома меёбанд.
Соли 2017 дар ҳудуди ноҳия 45 лавҳаи таблиғотӣ дар канори шоҳроҳ ҷойгир карда шуд, ки маблағи иҷрои ин амал 90 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Ҳамчунин, қад-қади шоҳроҳи Сайрон - Қарамиқ 410 чароғи бесим насб гардид, ки тавассути батареяҳои офтобӣ дар маҳалҳои аҳолинишин  рӯшноиро таъмин месозанд.
Бинои нозироти андози ноҳия бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону 672 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Сохтмони бинои сехи кафшергарӣ дар назди литсейи касбию техникии ноҳия дар ҳаҷми 90  ҳазор сомонӣ  ба итмом расонда, ҷиҳати таъмини ин коргоҳ ба маблағи  48 ҳазор сомонӣ таҷҳизот васлу насб шудааст.
Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои сохтмони бинои сеошёнаи  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9, воқеъ дар деҳаи Ҷиргатол 564,5  ҳазор  сомонӣ маблағгузорӣ шуд. Корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ҷиҳати таъмини солимии ҷомеа бинои маркази бемориҳои сил сохта ба истифода дода шуд, инчунин, бинои маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Лахш ба маблағи  132 ҳазор сомонӣ таъмир гардид.
Баҳри таъмини саривақтии аҳолӣ бо об ва ба гардиши кишоварзӣ дохил намудани заминҳои бекорхобида ва аз ин ҳисоб зиёд намудани майдони кишти картошка канали Ҷонқирғиз - Қашқатерак, ки ба масофаи 13 километр тӯл мекашад, тоза шуда, корҳои барқарорсозии канали Пиёзӣ идома дорад.
Сохтмони хатҳои оби полизии  деҳаи Ҷолборсӣ  ба масофаи 1 км, оби нӯшокии деҳаҳои Пилдони Боло ба масофаи 5 км, Қушай ба масофаи 1,8 км, Оқсойи Боло ва Оқсойи Поён  ба масофаи 9,5 км ва деҳаи навбунёди  Шилбилӣ ба масофаи 4,8 км ба анҷом расонда, мардуми ин деҳаҳо бо об таъмин гардиданд. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии ҷавонон дар ҳудуди деҳаи Қарамиқи Ҷамоати деҳоти Алға барои муассисаҳои  таълимию тандурустӣ, марказҳои ҷамъиятӣ ва аҳолии деҳаи мазкур 18 нуқтаи хати оби нӯшокӣ кашида  шуд. Дар деҳаҳои  Янгишаҳр ва Қашқатераки Ҷамоати деҳоти Янгишаҳр ба маблағи умумии 445,9 ҳазор сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба итмом расиданд.
Ҳаҷми умумии корҳои сохтмонӣ ва таъмирии иншооти баитмомрасида дар маҷмӯъ 30 миллиону 970 ҳазор сомониро ташкил дод, ки назар ба соли пешӣ 5 миллиону 359,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2018    №: 74    Мутолиа карданд: 134

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед